Мақолаҳо

КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН ВА МАСОИЛИ ОЗОДИҲОИ ЭЪТИҚОДӢ

  • Posted on: 5 November 2018
  • By: admin

Баъди чанде дар мамлакат ҷашни Конститутсия – қонуни асосӣ ва муҳимтарин санади танзимкунандаи ҳама соҳаҳои ҳаёти мардум ва давлат таҷлил мешавад. Дар мантиқи одии ифода, Конститутсия зиндагии иҷтимоиро дар давлат мураттаб мекунад, яъне вазифаи асосиаш он аст, ки ҳаёт бо тартиби муайян ва дуруст ҷараён гирад. Дар ин ҳуҷҷати ҳаҷман хеле хурд муҳимтарин ва асоситарин соҳаҳои муносибат танзим шудаанд, ки яке аз онҳо масъалаи диндорӣ ва озодиҳои эътиқодист.

ФИТНААНДОЗӢ ҲУНАР НЕСТ!

  • Posted on: 18 September 2018
  • By: admin

Тааҷҷубовар аст, ки бо ин ҳама аъмоли ғайриинсонӣ, имрӯз фирориёни наҳзатӣ ва пайравонашон аз минбарҳои баланд аз озодии виҷдон ва ҳуқуқи инсон сухан мегӯянд. Дар ҳоле, ки дасташон олудаи хун асту тавони дидани дигарандешон, ақалиятҳои миллиро надоранд ва аз ҳеҷ як амали зишт худдорӣ накардаанд ва намекунанд.

МАСЪУДИ СИПАНД: «ҲАР ГОҲ ХУМОРИ ВАТАН, ХУМОРИ ЁРУ ДИЁР БИГИРАД, РОҲИ ТОҶИКИСТОНРО ПЕШ МЕГИРАМ, ЗЕРО ИН ҶО КОШОНАИ УМЕДИ ҲАМАИ ПОРСИЗАБОНОНИ ДУНЁСТ»

  • Posted on: 14 September 2018
  • By: admin

Бояд бигӯям, ки то замони кӯч бастанам ба Амрико ман сардори пулиси шаҳри Бандар Аббос будам ва аз фаъолияти хадамоти махсуси Эрон огаҳӣ дорам. То он ҷое, ки маълумотам ҳаст, бисёре аз наҳзатиҳо дар Эрон аз охундҳо таълим гирифтаанд. Пас, дилпурона метавон хулоса кард, ки Эрон дар барафрӯхтани оташи ҷанг дар Тоҷикистон даст дорад, зеро ҳамвора мекӯшад қаламрави нуфузи худро вусъат бахшад. 

ТЭТ ҲНИ-ТАРҒИБГАРИ ШИАИ ДУВОЗДАҲИМОМА

  • Posted on: 29 August 2018
  • By: admin

Устод Рабонӣ пурсиданд: инҳо кистанд? Домулло Муҳаммадшариф гуфт, ки ман раиси ҲНИ дар Тоҷикистон ҳастам, боз ба тарафи  домулло Абдулло нигариста пурсид шумо кӣ ҳастед?, оё шумо муовини раиси ҲНИ дар Тоҷикистон ҳастед? Мулло Абдулло ҷавоб дода гуфт: не, ман раҳбари рӯҳонии ҲНИ ҳастам, инҳо ҳама маро итоат мекунанд. Марҳум устод Раббонӣ ба онҳо гуфт, ки ташкилоти шуморо барҳам дода, аз нав месозем, барои он, ки бо ин сохтори ташкилотӣ шумо дар Афғонистон рӯз гузаронида наметавонед.  Мулло Абдулло гуфт: чаро? Марҳум устод Раббонӣ ҷавоб дод, ки  барои он ки сохторе, ки шумо истифода мекунед, аз сохтори ташкилотҳои шиаҳои дувоздаҳимома аст.

ГИРДОБИ КИНАВУ ҶАҲОЛАТ

  • Posted on: 23 August 2018
  • By: admin

Ҳамарӯза дар ҳар ақсои ҷаҳон ҳаводиси зиёде рух медиҳанд ва тавассути васоити ахбор онҳо намоиш дода мешаванд. Мебинем, ки чӣ гуна дар кишварҳое, ки мардумонаш иттифоқу осуда барои зиндагии шоистаи хеш талош мекунанд, вазъ орому шароит муътадил аст. Дар он кишварҳое, ки қисмате аз аҳолиаш ба таблиғоти хориҷиён мубтало шуда, ҳисси милливу мардумиашонро гум кардаанд, бесарусомонӣ идома меёбад. Аз ҷумлаи кишварҳои ноосуда ҳамсоякишвари Афғонистон аст, ки анқариб ҳар рӯз ё инфиҷоре рух медиҳад, ё гурӯҳе бо гурӯҳи дигар дар набард мешаванд. Вазъи Шарқи Наздик низ чандон хуб нест...

ИДГАРДАК БО ТАЪСИРИ ГУЛГАРДОНӢ РОИҶ ГАРДИДААСТ. ЧУНИН АНДЕША ДОРАД ПРОФЕССОРИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН РАВШАН РАҲМОНӢ

  • Posted on: 20 August 2018
  • By: admin

Пас аз он ки Искандар кишварҳои эронитаборро забт кард, баъди чанд аср арабҳо вориди зиндагии мардуми мо гаштанд. Пасонтар воқеаҳои таърихии зиёд ба монанди истилои муғул, турктозиҳо ва садҳо моҷароҳои дигар сурат гирифтанд. Бо вуҷуди ин,  аз як тараф расму оинҳо чун маросими муқаддас аз насл ба насл интиқол меёфтанд, аз тарафи дигар ба   онҳо нишонаҳое аз фарҳанги мардумони дигар илова мегардиданд. Ба ҳар ҳол, бисёре аз расму оинҳои мардуми тоҷик бо иловаҳо аз мардумони ҳамсоя  дар маросимҳо иҷро гардида, то замони мо расидаанд.

ДАВЛАТДОРӢ КОРИ ОСОН НЕСТ

  • Posted on: 27 July 2018
  • By: admin

Дар ҳақиқат, ҳамон замонҳои бесарусомонӣ номҳои Ризвон Садиров, Раҳмон Гитлер ва дигар қумондонҳоро шунида фикр  мекардем ва ба худ савол медодем, ки кай аз дасти онҳо мардум халос мешаваду Тоҷикистон ором мешавад?

Страницы