Мазҳаб

МАЗҲАБРО ПОКИЗА НИГАҲ БОЯД ДОШТ

  • Posted on: 19 July 2018
  • By: admin

Имрӯзҳо дида истодаем, ки мазҳабфурӯшон заррае ҳам андеша намекунанд, ки гузаштагонашон дорои як мазҳаби пок буданд. Ҳамаи онро пушти сар гузошта, дар баробари дигар давлатҳо дар ҷумҳурии мову шумо ҳам ҳизберо бо номи дини мубини ислом фаъол намуданд. Ҳол он ки Худованди мутаъол ба бандагонаш аз ин гуна ҳизбгароиҳо ҳушдор дода мефармояд: “Аз зумраи он бандагоне набошед, ки динашонро пора-пора кардаанд ва ҳар яке бар онанд, ки ин бартарият аз гурӯҳи мост”.

АЁН ГАШТАНИ «РЕШАҲОИ НОАЁН»

  • Posted on: 19 June 2018
  • By: admin

Дар фазои ин рӯзҳои муборак  шаби 18 июни соли ҷори дар телевизиони Тоҷикистон намоиши филми мустанади «Решаҳои ноаён» пахш гардид, ки  саҳифаҳои хотираҳои солҳои 90-уми асри гузаштаро боз як бори дигар пеши назар овард. Хоинони миллати тоҷик, ки зархариди хоҷагони хориҷӣ буданд, дар ин намоишнома бо сурату сирати худ дида ва шунида шуданд.

НАЗАРЕ БА ДАСТОВАРДҲОИ ДИНИИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

  • Posted on: 6 June 2018
  • By: admin

Муҳимтарин дастоварде, ки дар самти муносибат ба дин ва дар ин замина назари нав ба таҳқиқу инкишофи илмҳои диншиносиву исломшиносӣ бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат ба даст омад, ҳамин буд, ки мо тавонистем буҳрони маънавиеро, ки дар шакли бархӯрди ҷаҳонбинии дунявию диннӣ зоҳир мегардид, бартараф намоем.

ТАҶАММУЪ ДАР НАЗДИ САФОРАТИ ЭРОН ЯК АМРИ ТАБИӢ БУД

  • Posted on: 23 May 2018
  • By: admin

Дар назди сафоратхонаи Эрон  ҷамъ шудани шаҳрвандон, ки нуқтаи назари хешро нисбати сиёсати имрӯзаи давлати мазкур ва собиқ ҲНИТ баён намуданд, амри табиист. Мардуми мо, алалхусус ҷавонон намехоҳанд, ки замину замонашон боз ноором шавад, ҷанги бародаркуш, ки ҳазорҳо ҷони бегуноҳро аз байн бурда буд, миллионҳоро  саргардону хонавайрон карда буд, боз аз нав ба сарашон ояд.     

ТАЛОШҲОИ ИМОМИ АЪЗАМ БАҲРИ ВАҲДАТ ВА ЯКПОРЧАГИИ ИНСОНИЯТ

  • Posted on: 29 March 2018
  • By: admin

Равшан аст, ки бузургтарин хидмати орифон эҳтиром ва муҳаббат ба башарият аст. Имоми Аъзам (р) низ, бегумон, аз ин қабил ҳакимони ориф мебошад, ки ҷавҳари таълимоти ӯро гуманизму инсондӯстии оқилона ва наҷибона ташкил медиҳад.

ИСЛОМ ДИНИ СУЛҲ ВА ТАҲАММУЛПАЗИРИСТ

  • Posted on: 13 March 2018
  • By: admin

Таҳаммулпазирӣ дар ҳақиқат фазилати дини мубини ислом ҳисоб мешавад. Таҳаммулпазирӣ яке аз сифатҳои неки инсонӣ буда, маънои сабр, бардошт, қаноат, эҳтироми ақидаву афкор, мурувват, ҳиммат, бахшиш, меҳрубонӣ ва ҳамдардиро дар бар мегирад

ҲАМЗИСТИИ МУСОЛИМАТОМЕЗ НОГУЗИР АСТ

  • Posted on: 28 February 2018
  • By: admin

Таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ меҳвари асосии таълимоти Имоми Аъзам мебошад. Масалан, ба назди ӯ бо шикоят омаданд, ки шахсе худро мусулмон мегӯяд, аммо талаботи исломро ба ҷой намеорад. Имоми Аъзам дар ҷавоб мегӯяд, ки бо амалӣ нагардонидани ин ё он рукни ибодат шахси муъмин кофир намешавад, ҳатто агар он гуноҳи кабира бошад ва андешаи худро  бо такя ба ояти 118-уми сураи “Моида” тақвият медиҳад: “Агар онҳоро азоб кунӣ, онҳо бандагони Туанд; ва агар онҳоро биомурзӣ, Ту Ғолиби Устуворкор ҳастӣ”

Страницы