РОҲБАРОНУ ПАЙРАВОНИ ТЭТ ҲНИТ-ХОИНОНИ МИЛЛАТ

  • Posted on: 23 May 2018
  • By: admin

Чанд муддат аст, аъзо ва пайравони ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон пинҳонӣ дар кишварҳои хориҷа нақшаи бедодгариву бесарусониҳоро дар Тоҷикистон тарҳрезӣ карда, дар сомонаҳои бесомонашон мунтазам хабару гузоришҳои иғвогароёна нашр мекунанд.

САЛАФИЯИ ХАТАРБОР

  • Posted on: 23 May 2018
  • By: admin

Дар ҷаҳони муосир пайдо шудани ҳар гуна равияҳои ба мардумони олам бегона боиси халалдор кардани ҳаёти осоиштаву бонизоми кишварҳои дунявию ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад. Бояд тазаккур дод, ки ин гуна ҳизбу ҳаракатҳо, ба таври ғайриқонунӣ дар Тоҷикистон низ мавҷуд хастанд, ки боиси нооромии вазъ шуда, махсусан ҷавононро ба доми худ мекашанд.

КАМАРИ ҲИММАТ БИБАНДЕМ

  • Posted on: 23 May 2018
  • By: admin

Дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, 12 майи соли равон, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  ба масоили донишандўзӣ ва дар рўҳияи худогоҳиву хештаншиносӣ тарбия намудани   наврасону ҷавонон дахл карда, иброз  доштанд, ки «Мо бояд тамоми кўшишу имкониятҳоямонро ба он равона созем, ки фарзандонамон дар рўҳияи ватандўстиву худшиносӣ, омўхтани илму донишҳои муосир ва касбу ҳунарҳои замонавӣ ба камол расанд». 

ИСТИҚЛОЛИ СИЁСӢ ВА ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ

  • Posted on: 23 May 2018
  • By: admin

Дар раванди таҳкими Истиқлолияти давлатӣ омӯзиши асосҳои илмӣ, тарҳрезии стратегияҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддати ба заминаҳои илмӣ асосёфта аҳамияти муҳим дошта, аз олимони ҷомеашинос масъулияти баландро дар самти таҳқиқи рӯйдоду зуҳуроти баамаломада ва пешгӯишаванда тақозо менамояд.

ТАҶАММУЪ ДАР НАЗДИ САФОРАТИ ЭРОН ЯК АМРИ ТАБИӢ БУД

  • Posted on: 23 May 2018
  • By: admin

Дар назди сафоратхонаи Эрон  ҷамъ шудани шаҳрвандон, ки нуқтаи назари хешро нисбати сиёсати имрӯзаи давлати мазкур ва собиқ ҲНИТ баён намуданд, амри табиист. Мардуми мо, алалхусус ҷавонон намехоҳанд, ки замину замонашон боз ноором шавад, ҷанги бародаркуш, ки ҳазорҳо ҷони бегуноҳро аз байн бурда буд, миллионҳоро  саргардону хонавайрон карда буд, боз аз нав ба сарашон ояд.     

ЭРОН УЗР ПУРСАД!

  • Posted on: 23 May 2018
  • By: admin

Чаро Эрон аз душмани миллати тоҷик, ки тарки Ватан карда, хиёнат ба халқу Ватанро пеша намудааст, ҷонибдориву пуштибонӣ менамояд? Мо имрӯз намехоҳем, ки Тоҷикистон ноором бошад ва таъсири шуми бухлу адовати он манқурде, ки ҳизберо бо номи наҳзат ташкил кардаву дар зери ниқоби аҳриманӣ амал мекард, дар сирату ботинаш бухлу адоватро мепарварид, таъсире ба фазои пусубот ва ҷомеаи ободи мо расонад.

АГАР ЭРОН АЗ СИЁСАТИ ДУХӮРАИ ХУД ДАСТ НАКАШАД...

  • Posted on: 22 May 2018
  • By: admin

Мутаассифона баъзан мусулмонон омилҳои пайванди дӯстиву бародарӣ, ҳамдинӣ, ҳамзабонӣ ва дар маҷмӯъ инсониро риоя намекунанд. Чандин маротиба мо шоҳиди он гардидаем, ки дар мавқеъгириҳои сиёсии худ Ҷумҳурии Исломии Эрон манофеи кишвари моро нодида мегирад ва асолати сиёсати дӯстонаи худро зери суол қарор медиҳад.

Страницы