ВОҚЕЪНИГОРИИ ЯК ОЛИМ, СИЁСАТМАДОР ВА ФАЙЛАСУФ

  • Posted on: 7 February 2018
  • By: admin

Мақоларо мутолиа намуда, ба хулосае омадам, ки тамоми фикррониҳое, ки перомуни субъекти воқеӣ шудааст, агар ба Пешвои миллат-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат диҳем, хато намекунем. Зеро Президенти кишварамон ҳамватан ва ҳаммилати мост ва ба Пешвои миллат нисбат додани иқтибоси овардаи муаллиф аз китоби файласуфи олмонӣ Ф.Нитсше «Чунин гуфт Зардушт» айни муддаост:

ИҚДОМЕ БАРОИ ГУСТАРИШИ ХУДШИНОСӢ

  • Posted on: 7 February 2018
  • By: admin

Мақолаи мазкур тақозои замон буда, маърифати сиёсии мардумро баланд мебарад ва барои ҳар фарди ҷомеа, барои шинохти шахсият, барои худшиносии миллӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Гузашта аз ин, пешниҳоди чунин матолиб ба ҷомеа аз он ҷиҳат амри муҳиму саривақтист, ки он метавонад дар роҳи инкишофи худшиносии миллӣ, сазовор баҳо додан ба ҳодисаву воқеоти олами ҳастӣ ва қадршиносии шахсиятҳои таърихиву фавқулода ба таври мусбат муассир бошад.

ТАЪСИРИ РАВАНДИ ҶАҲОНИШАВӢ БА ФАРҲАНГУ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ

  • Posted on: 7 February 2018
  • By: admin

Дар фарҳанги зиндагиномаи мо тоҷикон чунин барномае вуҷуд дошт, ки бунёди оила бояд чунон мустаҳкам бошад, ки онро ё марг, ё дар баъзе ҳолатҳо бефарзандӣ метавонад ҷудо созад. Алҳол оилаҳои ҷавони мо аз якҷоя будан, ҷудоии онҳо бештар ба чашм мерасад.

СУБЪЕКТИ СИЁСӢ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ

  • Posted on: 7 February 2018
  • By: admin

Сарфи назар аз қонуниятҳои раванди воқеоти ҷамъиятӣ, ки ногузир будани онҳо барои рушду такомули муносиботи ҷамъиятӣ таъкид карда мешаванд, таҷрибаи таърихӣ баёнгари он аст, ки субъектҳои сиёсӣ дар шаклгирӣ ва натиҷаи амали  сиёсӣ нақши фавқулода муҳимро мебозанд. Ба назар чунин мерасад, ки омӯзиши субъекти сиёсӣ, ба тарзи "абадӣ ва беохир наздикшавии тафаккур ба ҳадафи таҳқиқро" тақозо мекунад.

ХАРИДУ ФУРӮШИ ИНСОН ҶИНОЯТ АСТ

  • Posted on: 7 February 2018
  • By: admin

Хариду фурӯши одамон яке аз зуҳуроти хавфноки иҷтимоии трансмилӣ мебошад, ки дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва поймолкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон эътироф гардидааст. Рӯзмарра ва мубрам будани масъалаи баррасишавандаро ба инобат гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ иштирокчии фаъоли раванди ҷаҳонии муқовимат ба хариду фурӯши одамон гардид ва дар сатҳи миллию байналмилалӣ чораҳои дахлдори ташкилию ҳуқуқиро андешид.

АМАЛҲОИ НЕКИ ЯК МУСУЛМОН (№1)

  • Posted on: 7 February 2018
  • By: admin

Имрӯз ҳар фарди тоҷикистонӣ бояд шукронаи Худои мутаолро  кунад, ки дар ватани мо неъмати сулҳу суботро арзонӣ доштааст.  Бо истифода аз ин неъматҳои илоҳӣ моро мебояд дар роҳи рушду шукуфоии сарзамини аҷдодӣ   саҳмгузор бошем. Аз ҷумла, бо аз худ намудани илмҳои замонавӣ тавонем рушди ҷомеаро таъмин намоем. Чаҳор нуқтае, ки дар ин муқаддима ишораву баррасӣ мешавад, аз як ҷониб аз аркони муҳим ва асосии дини ислом маҳсуб мешавад ва аз тарафи дигар ба мавзӯҳое, ки дар ин рисола мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд, иртиботи қавӣ доранд. 

МӮСОЗОДА ДАР МАВРИДИ ПЕШНИҲОДИ МИРЗОЗОДА: “БА ҲАЁТ БО ДИДИ НАВ НАЗАР КУНЕМ”

  • Posted on: 7 February 2018
  • By: admin

Азизулло Мирзозода, муовини  раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои милии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 5-уми феврали соли ҷорӣ дар нишасти хабарӣ ба хабарнигорон дар мавриди масъалаи мазкур ибрози назар намуд, ки дар пайи он дар сомонаи “Озодӣ” матлабе бо номи “Кумак ба мактаб... ба ҷои худоӣ” нашр шуд ва дар атрофи ин матлаб андешаҳои гуногун баён гардид

Страницы