Заволи “Хилофати исломӣ” ва паёмадҳои он

  • Posted on: 7 December 2017
  • By: admin

Дар натиҷаи қатлу куштори ин террористони исломбехабари салафии зархарид аз моҳи марти 2011 то ба имрӯз зиёда аз 350 ҳазор нафар аҳолии осоиштаи  Сурия  ба қатл расида, зиёда аз  4 миллиони он тарки ватан намуданд. Дар асоси наворҳои ба дастомада ҷангҷӯёни «Давлати исломӣ» 5000 нафарро сар буридаанд. Ҳазорҳо биноҳои маишию маданӣ, осорҳои таърихӣ, масҷидҳо хароб гаштаанд.

МАЗАММАТИ ФАЪОЛИЯТИ ҲАРАКАТҲОИ ИФРОТӢ

  • Posted on: 7 December 2017
  • By: admin

Чанд сол қабл пайравони салафия, ки аз асли мазҳаб огоҳ набуда, ба гуфтаҳои пешвоёни худ кӯр-кӯрона тақлид мекарданд, дар масҷиду маҳфилҳо худро аз ҷомеа ҷудо карда, ихтилоф эҷод намуданд, ходимони дин ва китобҳои муътабари мо-Чаҳоркитоб, Мухтасару-л-виқоя ва ғайра, ҳатто тарзи намозхонии моро мавриди интиқод қарор дода, худро аз дигарон авлотар медонистанд. Дар натиҷа кор то ҷое расид, ки мардум якдигарро дашному таҳқир менамуданд.

Андешаҳо перомуни мақолаи «Кабирӣ шаҳрвандони Тоҷикистонро фирефта карда, барои ҷангидан ба Сурия мефиристад»

  • Posted on: 7 December 2017
  • By: admin

Тавре маълум гардид, усули ба хоини миллату давлат табдил додани ҷавонон аз тарафи ТЭТ «ҲИТН» усули бағоят маккорона будааст, ки онҳо дар аввал аз номи Худову Расулаш (с) сӯистифода намуда, ҷавононро ба доми фиреби хоинонаи худ шомил мегардонанд ва  баъдан бераҳмона барои ба даст овардани пули ҳаром истифода менамоянд.

КАБИРИИ МАЗҲАБФУРӮШ АЗ МАРГИ АБДУЛЛОҲ СОЛЕҲ БА ВАҶД ОМАД

  • Posted on: 7 December 2017
  • By: admin

Шояд баъзеҳо ҳайрон шаванд, ки Кабириро ба Абдулло Солеҳ чӣ кор аст ва аз марги инсоне хурсанд шудани ӯ, ки худро ҳомии дину имон медонад, чӣ мантиқе дорад? Албатта барои дурусттар дарк намудани ин рафтори Кабирӣ бояд ба хотир орем, ки солҳои навадуми асри гузашта, баъди ба сафи ТЭТ ҲНИТ ҷалб шудану ба мазҳаби шиъа гаравиданаш, ӯ аз ҷониби ин ташкилоти террористӣ ба Яман барои таҳсил фиристода шуда буд ва муддате дар он ҷо қарор дошт. Албатта таҳсил баҳона буда, дар асл ӯ барои ба даст овардани таҷрибаи бурдани фаъолиятҳои экстремистӣ ва бо роҳи зурӣ гирифтани қудрати сиёсӣ ба он кишвар фиристода шуда буд.

ТАВБАФАРМОЁН ЧАРО ХУД ТАВБА КАМТАР МЕКУНАНД?…

  • Posted on: 7 December 2017
  • By: admin

Иштироки ташкилоти экстремистию террористии ҲНИТ дар ҳаёти сиёсии ҷомеа яке аз масъалаҳои бисёр мубрам ва печида буд ва аз шадидтарин масъалаҳои ихтилофангези дохилӣ маҳсуб меёфт. Он вазифаи худро дар роҳ ёфтан ба фазои сиёсӣ дида, аз ҳама шеваҳои мубориза истифода менамуд ва боиси бесуботиву ноамнӣ дар ҷомеа мегардид. Ҳар лаҳза раванди ҳамзистии осоиштаро халалдор месохт, фазои динии носолимро ба вуҷуд меовард ва терроризму экстремизмро ба хатарҳои дараҷаи аввал табдил медод.

Қатли СОЛЕҲ ва хушнудии КАБИРӢ

  • Posted on: 7 December 2017
  • By: admin

Солеҳ бо ҷонибдоронаш аз соли 2012 то рӯзи марг бар алайҳи ишғолгарони иронӣ мубориза бурд, сиёсатҳои мазҳабӣ ва ғосибии охундҳои ирониро бо бархӯрди шадид посух гуфт ва дар роҳи мубориза барои Ватан ва истиқлолияти кишвараш ба шаҳодат расид. Аммо ин шаҳодатро, ки барои Ватан ва дар хоки Ватани худ сурат гирифтааст, кишвари Ирон ва дастпарвардаҳои иронӣ чун аъзоёни ТЭТ ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва Сайидюнуси Истаравшанӣ “марги диктатура” унвон намудаанд.

ҚАЛАМИ МО АЗ СИЛОҲИ НАҲЗАТ БОЛОСТ!

  • Posted on: 7 December 2017
  • By: admin

Бешак нашри пайдарпайи маводҳои таҳлилӣ оид ба чеҳраи манфури ТЭТ ҲНИТ дар гумроҳсозии мардум, ҷалби ҷавонон ба сафи давлати бо ном исломии «Ироқу Шом», шиканҷаҳои гушношунид нисбат ба мардуми оддӣ ва амсоли инҳо, ҳазорон паҳлуҳои норавшани ин ташкилот буд, ки бо шунидани ин хабарҳо ва ифшо гаштани чеҳаи манфурашон боз ҳам нафрати мардум нисбат ба наҳзатиёни гумроҳ зиёд гардида истодааст.

Страницы