АФЗАЛИЯТИ МАЗҲАБИ ҲАНАФӢ

  • Posted on: 15 January 2018
  • By: admin

Дар ҳадиси шариф ба исноди саҳеҳ, ба ривояти Аҳмад, Абудовуд, Тирмизӣ, Ибни Моxаҳ (раҳматуллоҳи алайҳим) аз ҳазрати Абуҳурайра ва Аннас ва Муовия (разияллоҳу анҳум) ба ҳамин маъно омадааст, ки Расулуллоҳ алайҳиссалом фармуданд: «Яҳудиҳо ба ҳафтоду як фирқа тақсим шуданд, насоро ба ҳафтоду ду гурӯҳ, зуд аст, ки уммати ман ба ҳафтоду се фирқа мутафарриқ мегардад, ки ба xуз як гурӯҳ  дигар ҳама дар норанд, ки он як гурӯҳи наxотёбанда xамоатанд» (яъне аҳли суннат ва xамоат).

ҲНИТ- БА МАРДУМ ТАКЯ НАКАРДАН

  • Posted on: 15 January 2018
  • By: admin

Агар ба таҷрибаи фаъолияти дигар ҳизбҳои сиёсии ҷумҳур ва ҳатто ҳизбҳои сиёсии кишварҳои хориҷӣ назар афканем, бараъло маълум мегардад, онҳо доимо ҷиҳати тақвият додани  ҳисси  ватандӯстиву меҳанпарастӣ,ба ҷо овардани шукронаи неъмати бузургтарин, яъне соҳибватанӣ ва озодӣ, ҳифзи содиқонаи  манфиатҳои  милливу  давлатӣ, саъю  талош ба хотири мустаҳакам намудани пояҳои давлати миллӣ, ҳифзи соҳибистиқлолии Ватан ва дигар табақаҳои иҷтимоии аҳолӣ ҳар гуна вохӯриҳоро ташкил ва баргузор менамоянд

БАДХОҲИ КАСОН…

  • Posted on: 15 January 2018
  • By: admin

Хиёнат дар ҳама давру замон аз амалҳои зишту палид миёни инсонҳо маҳсуб меёбад. Ҳамин хиёнат буд, ки боиси шикасти давлатҳо, ба вуҷуд омадани ҷангу хунрезиҳои шадид ва ҳатто аз байн рафтани кишварҳои абарқудрат гардид.

ҲАШАРИ НИҲОЛШИНОНИВУ ОБОДОНӢ АЗ ҶОНИБИ КОРМАНДОНИ КУМИТА

  • Posted on: 15 January 2018
  • By: admin

13-уми январи соли 2018 кормандони Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзеи қабристони “Лучоб” ба ҳашари нишолшиносӣ ва ободонӣ баромаданд. Кормандони Кумита дар мавзеи зикршуда гулҳои ороишӣ ва беш аз ду ҳазор бех ниҳол шинониданд.

ҲНИТ-ИДЕОЛОГИЯИ ТАХРИБКОР

  • Posted on: 14 January 2018
  • By: admin

Аз ҳар давру замон дар таърихи инсоният гурӯҳ ва созмонҳое арзи ҳастӣ менамоянд. Ин гурӯҳҳо арзишҳои милливу диниро бар рӯйи сиёҳи худ, ҳамчун ниқоб гардонида, дар роҳи худ аз он истифода мебаранд. Мутаассифона дар шароити кунунии ҷаҳонишавӣ сафи ингуна гурӯҳҳоро созмонҳои ифротӣ ташкил медиҳанд.

ХУДНАМОӢ, ТАҚЛИДКОРӢ ВА БЕГОНАПАРАСТӢ ХОСИ ТОҶИКОН НЕСТ!

  • Posted on: 12 January 2018
  • By: admin

Ҳар амале, ки баёнгари риёкорӣ ва худнамоии мардум бошад, аз назари шариати исломӣ ҳаром аст ва бешак корҳое, ки дар ин мақола аз он манъ шуда, намоёнгари ин матлабанд. Чунин амалҳо дар шариат нодуруст ба шумор рафта, дар мавриди шахсоне, ки муртакиби чунин хатоҳо мешаванд, таҳдиди шадиде омадааст.

ҶОНИБДОРӢ АЗ МАҚОЛАИ “ОМЕХТАГИИ ҲНИТ БО ДИИШ”, ҲАФТАНОМАИ “ИМРӮЗ-NEWS” №01(1575) АЗ 10.01.2018

  • Posted on: 12 January 2018
  • By: admin

Мақола он ҳама рӯйдодҳо, қатлу кушторҳо ва аъмоли террористиеро, ки аз ҷониби аъзоёни ҲНИТ ба амал омада, ба рӯзгори осоиштаи мардуми кишвар таъсири манфӣ боқӣ гузоштааст, ба таври муфассал ёдрас менамояд

Страницы