МЕДОНЕМ, КИ ҲНИТ КАЙҲО АРЗИШҲОИ МУҚАДДАСРО ФУРӮХТААСТ

  • Posted on: 12 January 2018
  • By: admin

Имрӯзҳо дида мешавад, ки дар расонаҳои гуногуни хориҷӣ ва интернетӣ роҳбарони ташкилоти экстремистӣ-террористии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар бораи ватан, миллат, мазҳаб гап мезананд ва хонандагонро ба гумроҳӣ водор менамоянд. Аммо мардуми Тоҷикистон хурду калон медонанд, ки онҳо ин арзишҳои муқаддас, яъне ватану миллатро кайҳо фурӯхта, зери пой кардаанд.

БЕТАРАФИИ НАҲЗАТИЁН ДАР БАРОБАРИ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ

  • Posted on: 12 January 2018
  • By: admin

Роҳбарияти ҲНИТ, ки аз иштироки ҷавонони мо ба сафи ташкилоти террористии ДИИШ манфиатдор буданд, боре огоҳ накарданд, ки дар олами ислом равияҳое арзи вуҷуд карда истодаанд, ки амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидааст ва ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад. ҲНИТ дар пешгирии ин ҳодиса иқдомеро пеша накарда, баръакс ба он мусоидат намудааст.

МАСЪУЛИЯТИ МУСАЛМОН ДАР НИГОҲДОШТИ ОИЛА

  • Posted on: 12 January 2018
  • By: admin

Оила такягоҳи аслии низоми ҷомеаи фарҳангӣ ва динии ҷомеаи инсонӣ ва исломӣ аст. Оила ҷойгоҳи оромии тану рӯҳи инсонҳо, махсусан зану шавҳар ва фарзандони онҳост. Дар тӯли таърих мақоми оила хачун пайванди ногусастании идомаи наслҳо барои ҳама дину мазҳабҳо чун падидаи тағийрнопазир ба шумор мерафтааст.

САҲМ ДАР ОБОДИИ ВАТАН – ҚАРЗИ ИНСОНӢ

  • Posted on: 12 January 2018
  • By: admin

Паёми имсолаи Сарвари давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун як дастури раҳнамо дар роҳи рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоии мамлакат мебошад. Ҳар як шаҳрванди мамлакат баҳри иҷрои вазифаҳои дарпешистода бояд ҳиссагузор бошад. Ин аст қарзи инсонӣ. 

ПРЕЗИДЕНТИ МО-ПЕШВОИ МО

  • Posted on: 12 January 2018
  • By: admin

Таърихи бою куҳан ва интиҳои қарни сипаригардидаи кишварамон воқеаҳои сиёсии бузургеро дар бар мегирад, ки ҳар кадоми он дар марҳилаи худ нақши махсусе дорад. Дар таърихи навин аз нигоҳи мо, волотарин дастовардамон соҳиб шудан ба истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ амалӣ гардид.

ДАСТГИРИ ҒОЯҲОИ СОЗАНДАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БОШЕМ

  • Posted on: 12 January 2018
  • By: admin

Дар маҷмӯъ, ҳамаи он масоиле, ки дар Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат матраҳ гардид, моро водор месозанд, ки дар атрофи ғояҳои созандаи Сарвари давлат муттаҳиду сарҷамъ бошем ва нагузорем, ки ҳеҷ як гурӯҳу ҷараёне, хоссатан ҷараёни ифротии ҲНИТ бо найрангу дасисабозии худ ва бо сӯистифода аз дини мубини ислом суботи мукаммали ҷомеаи моро халалдор созанд.

ХИЗМАТ БА ИСЛОМ НЕ, СӮИСТИФОДА АЗ ИСЛОМ МЕКУНАНД

  • Posted on: 12 January 2018
  • By: admin

Созмон додани ҳизбу гуруҳ ва ё созмоне бо пайвастагӣ ба дини мубини ислом аз он ҷиҳат, ки мардум бештар ба ин дини муборак эътимоду эътиқод доранд сурат гирифта, саркардагони ин созмону равияҳои ифротӣ бар он назаранд, ки маҳз бо истифодаи номи поки дини ислом онҳо метавонанд сафи аъзоёни равияи хешро афзун гардонида, бо ин васила нақшаву амалҳои ихтилофангезонаи хешро ҳарчӣ зудтар анҷом диҳанд.

Страницы