ИФРОТГАРОӢ. АЛАЙҲИ ОН ЧӢ БОЯД КАРД?

  • Posted on: 1 February 2018
  • By: admin

Шароит имрӯз моро водор мекунад, ки мубориза бо ифротгароии динӣ ва терроризмро чун масъалаи хеле муҳим ва ҷиддӣ арзёбӣ намоем. Шак нест, ки ин масъала ба сарнавишти давлатдории миллии мо гиреҳ хӯрдааст. Лозим аст, ки ба шинохти моҳияти ифротгароии динӣ, дарки хатари воқеӣ ва ба мубориза алайҳи он таваҷҷуҳи бештаре намоем

ҚОНУНИ ФАРОГИРИ МЕЪЁРҲОИ ШАРИАТ

  • Posted on: 1 February 2018
  • By: admin

Беш аз даҳ сол ин ҷониб, мардуми кишвар мутобиқи ин қонуни батасвибрасида амал намуда, ба натиҷаҳои волои зиндагӣ расиданд. Ҳоло ба хубӣ маълум мегардад, ки ин иқдоми Пешвои миллат як амри басо ногузориз ва саривақтие буд, ки ҳамаи дастуроти шариатӣ ва умуман инсониро фарогир мебошад

ЭРОНРО ЧУН КИШВАРИ НАВОЗИШГАРИ ТЕРРОРИСТОН ДАРЁФТАМ

  • Posted on: 30 January 2018
  • By: admin

Шахсан ман Эронро ҳамчун кишвари навозишгари террористон шинохтам. Зеро вақте терористи ҷинояткореро, дар Арабистони Саудӣ қатл карданд, фиғони Эрон ба осмон расид. Терористи машҳури дигар– Муҳиддин Кабириро бо эъзоз ва эҳтироми хосса Алии Ҳомайнӣ қабул карда, навозиш намуд

КОРРУПСИЯ ВА МАСЪАЛАИ МУБОРИЗА БО ОН

  • Posted on: 29 January 2018
  • By: admin

Маълум аст, ки инсон ҳамеша мехоҳад, то ҳарчи зудтар ва бо роҳи содатаре ба орзуву омоли худ даст ёбад ва ё бо ҳар роҳе набошад, ба давлату сарвати афзун бирасад. Маҳз ҳамин табиати инсонӣ боиси ривоҷ ёфтани зуҳуроти номатлуби ришавдиҳиву ришваситонӣ дар ҷомеа мегардад. Аммо мутаассифона инсонҳо ба хотири манофеи инфиродиву баъзан гурӯҳӣ манфиатҳои ҷамъиятӣ ва милливу давлатиро нодида мегиранд, ки ин омил метавонад паёмадҳои ҷиддиеро дар пай дошта бошад.

“ТОЛИБОН”-И МАРГ

  • Posted on: 29 January 2018
  • By: admin

Таркиши навбатие, ки дар таърихи 27 январи соли ҷорӣ дар шаҳри Кобул рух доду дар натиҷаи он 103 нафар ба ҳалокат расид ва 235 нафари дигар маҷруҳ гашт, кори дасти ҳаракати толибон буд. Амали дасти онҳо будани ин таркишро сухангӯи ҳаракати ифротгарои «Толибон» Забеҳулло Муҷоҳид тасдиқ кардааст.

Мулоқоти Саидмукаррам Абдуқодирзода бо Раиси Маркази байналмилалии Давҳа оид ба муколамаи динҳо

  • Posted on: 29 January 2018
  • By: admin

27-уми январи соли 2018 дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар мулоқоти Раиси Шӯрои  уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода бо Раиси Маркази байналмилалии Давҳа оид ба муколамаи динҳо доктор Иброҳим Солеҳ ал-Наъимӣ баргузор шуд. Дар мулоқот ҳамчунин Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода ширкат варзид

ФАРЗАНДОН ХУДШИНОСУ ХУДОШИНОС БОШАНД...

  • Posted on: 26 January 2018
  • By: admin

Қазоват кунед вақте як модар фарзандонашро тарбияи дуруст намедиҳад ва агар ба ҳисоби миёна фарзандони як оиларо 4-то ҳисобем, фардо ин 4 нафар чун узви комилҳуқуқи ҷомеа мавқеи арзандаеро дар ҷомеа пайдо карда метавонанд? Бубинед, ки таъсирашон ба чи қадар инсонҳои дигар хоҳад расид. Яъне аз тарбияи нодурусти як модар садҳо ва ҳатто ҳазорҳо инсонҳои дигар азият мебинанд. Бадбахтона имрӯзҳо чунин фарзандони бадахлоқу камтарбияро дар ҳама қишрҳои ҷомеа вохӯрдан мумкин аст, ки ба ин аксаран худи волидайн гунаҳкоранд.

Страницы