ЯК НУКТА БАС АСТ, АГАР ШУУР АСТ...

  • Posted on: 23 November 2017
  • By: admin

Амалҳои номатлуб ва тафриқаангези ҲНИТ, боис шуд, ки миллати сарҷамъ, мутадаййин ва осоишта ба майдони кашмакашиҳои сиёсию мазҳабӣ кашида шавад, то он ҷое ки хуни чандин ҳазор нафарон бирехт. Таърихро наметавон фаромӯш сохт. Хусусан таърихи ҳаводисеро, ки меҳан, модар, ватан ва зиндагиро барбод медиҳад. Таърихеро, ки давлатро ба парокандашавӣ ва аз харитаи ҷаҳон ба вартаи нестӣ оварда мерасонид ва намунаи барҷастаи он таърихи воқеаҳои нангин ва ҷигарсузи ташкилоти экстремистию террористии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки аз мафкура ва иродаи дар муҳити танги динӣ парваришёфтаи як гурӯҳи тиҳимағзон иборат буд. 

ПАРЧАМРО ГИРОМИЮ БЕГАЗАНД НИГОҲ ДОРЕМ!

  • Posted on: 23 November 2017
  • By: admin

Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, барои таҳкими шохаҳои ҳокимият ва фаъол гардидани муқаддасоти миллӣ заминаи ҳуқуқӣ фароҳам овард. Дар иҷлосия дар баробари Суруди миллӣ ва Нишони давлатӣ барои қабули Парчами давлатӣ санадҳои дахлдор қабул карда шуданд. Парчам чун муқаддасоти миллӣ аз нав эҳё шуд.

МО БО ПРЕЗИДЕНТИ ХУД ИФТИХОР ДОРЕМ!

  • Posted on: 22 November 2017
  • By: admin

Мисраъҳои шеърии шоир ва муфассири машҳур Ҳусайн Воизи Кошифиро мисол меорам, ки бояд сармашқи кору фаъолияти ҳар як қишри ҷомеа, махсусан ходимони дин бошад:

Пайваста ду гӯш сӯи шаҳ бояд  дошт,

Фармони варо чашмбараҳ бояд дошт.

Аз некӯӣ забон равон бояд кард,

В-аз бад дилу дидаро нигаҳ бояд дошт.

САРОҒОЗИ ЗИНДАГИИ ҶАДИД

  • Posted on: 22 November 2017
  • By: admin

Магар тарҳи ҳаёти аҳолии як кишвари дар доми бало бударо тағйир додан, ҷангу хунрезиҳоро ба сулҳу субот табдил додан амали мубораку бузург нест? Ашки чашмони ятимону бепарасторонро хушконидан, беш аз як миллион фирориро ба ватан баргардонидан, шикастаҳоро эҳё намудан, давлатро аз вартаи нобудӣ наҷот бахшидан магар амали бузургу муборак нест? Ин ҳамаро қаҳрамонӣ, фидокорӣ, ҷоннисорӣ мегӯянд, ки дуруст аст.

ДАСТУРИ СЕРСОҲАИ КОРУ АМАЛ

  • Posted on: 22 November 2017
  • By: admin

Сарвари давлат дуруст қайд намуданд, ки ҳатто дар рӯзҳои баргузории иҷлосия «баъзе доираҳои манфиатдори дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла роҳбарони собиқ Ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ва хоҷагону маблағгузорони онҳо, ки ташаббускори ин ҷанги бародаркуш буданд, барои ноил шудан ба ҳадафҳои нопоки худ, яъне ба сари мардуми мо таҳмил намудани мазҳаби бегона ва бунёди давлати исломӣ ба оташ равған мерехтанд. Андешаву мафкураи халқ амалан ду тақсим шуда буд ва ҷавонони бетаҷрибаву гирифтори эҳсосот бо дастури хоҷагони дохиливу хориҷии хеш ба майдонҳо баромада, вазъиятро боз ҳам мураккаб месохтанд».

БОРИ КАҶ БА МАНЗИЛ НАМЕРАСАД!

  • Posted on: 21 November 2017
  • By: admin

Ташкилоти экстремистӣ-террористии ҲНИТ принсипҳои Ихвону-л-муслминро барои худ қонун қарор дода, аз таҷрибаи онҳо барои расидан ба сари қудрат истифода мебурд. Аммо мақомотҳои қудратии кишвар баъд аз пайгирӣ мақсадҳои онҳоро фош ва фаъолияташонро мамнуъ эълон намуд. Шабакаҳои иҷтимоӣ ва матбуоти даврии кишвар ҳамарӯза аз аъмоли зишти ТЭТ-ии ҲНИТ менависанд, то мардум огоҳ бошанд.

Собиршо Ҳасанов: «Кабирӣ шаҳрвандони Тоҷикистонро фирефта карда, барои ҷангидан ба Сурия мефиристад»

  • Posted on: 21 November 2017
  • By: admin

Зимни гуфтугӯ Саъдӣ ба ман гуфт, ки мо метавонем шуморо ба Германия фиристем, дар он ҷо ба шумо хона медиҳанд, пул медиҳанд, забон меомӯзонанд. Агар Германия рафтан нахоҳед, метавонем шуморо ба Сурия фиристем. Дар ин фурсат ҳамсарам, ки дар ҳуҷраи дигар бо Ҳафиза буд, баромада, маро даъват кард. Ин вақт Ҳафиза аз ҳуҷра берун шуд. Ҳамсарам гуфт, ки маро Ҳафиза даъват кард, ки ба Сурия равам, гуфт, ки худам ҳам ба наздикӣ ба Сурия меравам. Мо ду нафар ҳайрон шудем, ки ин Ҳафиза ва Саъдӣ чӣ касоне бошанд, чаро моро барои ба Сурия рафтан талқин мекунанд?!

Страницы