Сабабҳои ҷалби  мухоҷирони меҳнатии тоҷик ба гурўҳҳои тундгаро ва ифротгаро ва усулҳои пешгирии  он

  • Posted on: 6 June 2016
  • By: admin

Бо дарназардошти ин, ки ифротгароӣ ва тундагароии ба сўи терроризм тамоилдошта, аз ҷумлаи мушкилоти хеле муҳим ва умдаи ҷаҳони имрўз ва хосатан кишварҳои мусулмонӣ ва ҳатто мамолики ғайримусулмонӣ ба шумор меравад, ин падида, дар ҳар шаклу навъ боиси қафомондагӣ ва омили садди роҳи рушду тараққии кишварҳост. 
Биноан, зарур аст, то ки манбаъҳои шинохти ифротгароӣ аз назари таҳлилгарони дохилӣ сурат бигирад ва шеваи бархурд бо ин падида, аз назари коршиносонаи онҳо амалӣ  шавад.

Аз таърихи ҳаҷ дар Тоҷикистон

  • Posted on: 6 June 2016
  • By: admin

Дар натиҷаи ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, мардуми мусалмони кишвар имконият пайдо намуданд, ки бо истифода аз ҳуқуқ ва озодиҳои эътиқодии худ маросимҳои динӣ, аз ҷумла фаризаи ҳаҷ ва умраро озодона ба ҷо оранд. Албатта, ин шараф танҳо бо сабаби озодию истиқлолияти Ватан имкон дорад, вагарна дар гузаштаи начандон дур ин барои ҳамагон як орзуи маҳол буд. Танҳо нафарони кам ба зиёрати Хонаи Каъба шарафёб мешуданд.

Паёми телевизионии Пешвои миллат ба муносибати фаро расидани моҳи шарифи Рамазон

  • Posted on: 6 June 2016
  • By: admin

Ҳамватанони азиз!
Моҳи шарифи Рамазонро, ки фардо оғоз мегардад, ба кулли мардуми Тоҷикистон табрик мегӯям.
Рамазон моҳи сабру таҳаммул ва айёми кушода шудани дарҳои раҳмати Худованд буда, ба инсон устувориву пойдорӣ ва парҳезкориву қаноатро меомӯзад, имонашро комил, иродаашро қавӣ мегардонад. 
Ин моҳи шариф дар қалби одамон фурӯтаниву

Робитаи дуҷонибаи ҷаҳонбинии дунявӣ ва динӣ дар шароити эҷоди давлати миллӣ

  • Posted on: 6 June 2016
  • By: admin

Ҷаҳони ботинии инсон падидаи хеле мураккаб аст, ки ҳамеша тилисме буда, ҳаст ва хоҳад буд ва онро то охир кашф кардан номумкин аст. Ин ҷаҳони зеҳнӣ омезиши тасаввуроти илмӣ, динӣ, сиёсӣ, эстетикӣ, ахлоқӣ, эхсосотӣ ва ғайра мебошад. Дар ин маҷмўа эҳсосоту ҳиссиёти инсон, ки дар заминаи фарҳанги муайян, зиндагии ҳаррўза ва воқеияти замон ташаккул меёбанд, мақоми шоиста доранд.

Рамазон – моҳе пур аз баракат ва фазилат

  • Posted on: 5 June 2016
  • By: admin

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон.
Дуруду салавот бар Паёмбари охири замон(с).
 Яке аз бузургтарин ва муқаддастарин моҳи солшумории ҳиҷрии қамарӣ барои мусалмонони тамоми олам, аз ҷумла мардуми шарифи Тоҷикистон - моҳи шарифи Рамазон фаро мерасад.
Мўҷиби саодатмандиву иқболи баланди мардуми мост, ки ин моҳи муборак дар замоне омадааст, ки

Эҳтироми падару модар ва риояи ҳуқуқи онҳо аз назари ислом

  • Posted on: 5 June 2016
  • By: admin

Барои ҳар як фарди мусулмон баъд аз Холиқу Паёмбари  акрам (с) падару модар маҳбубтарин шахс мебошанд. 
Парвардигор ба воситаи китоби азиму-ш-шаъни хеш бандагонашро огоҳ сохтааст, ки нисбат ба падару модари худ меҳрубон буда, ҳамеша нисбати онҳо сухану амалҳоеро анҷом диҳанд, ки боиси хушҳолиашон гардад ва дар навбати худ онҳо доимо аз даргоҳи Парвардигор шукургузорӣ

Аз ваҳдати динӣ ба ваҳдати миллӣ

  • Posted on: 5 June 2016
  • By: admin

«Дар ҷое, ки масъалаҳои ҳифзи манфиатҳои истиқлолият ва амнияти давлат пеш меояд, дин бояд дар хидмати онҳо қарор гирад».
Эмомалӣ Раҳмон

Страницы