АЗ НИЯТИ НЕКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИН РӮЗҲО РАСИДЕМ

  • Posted on: 24 January 2018
  • By: admin

Аз дигар масоиле, ки ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор дорад, ин нигаҳдошти асолати мазҳабӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Чун нигаҳдошти мазҳабу дар замони муосир басо амри зарурист, зеро мазҳаби таҳаммулгарои Ҳанафӣ ҳамеша ҷонибдори сулҳу ухувват дар ҷомеаҳо мебошад. Гузашта аз ин, ҳаловати тоату ибодат бо тинҷӣ амонӣ вобастагӣ дорад.

ФАРҲАНГИ ОИЛАДОРӢ БАЛАНД БОШАД, ОИЛА УСТУВОР МЕГАРДАД

  • Posted on: 24 January 2018
  • By: admin

Дар рафти интихоби ҳамсар бояд баробар бо ҷанбаҳои ахлоқии ҳамсари оянда ба солимӣ ва сифатҳои ирсии ӯ аҳамият дод. Дар аксари ҳолатҳо мардум аз никоҳи хешутаборӣ меҳру оқибати бештар умедвор мешаванд, вале дар натиҷаи ба дунё омадани фарзандони носолим оилаи ҷавон ба мушкилиҳо, руҳафтодагиҳо, дилсардиҳо аз зиндагӣ гирифтор шуда ва ниҳоят моҷароҳои миёни ду хонавода ба миён меоянд. Дар ҳолатҳои дигар зану шавҳари ҷавон ба хотири канда нагардидани риштаи хешутаборӣ бо тақдир «созиш» мекунанд ва дар натиҷаи ин «созиш» пайи ҳам ду-се нафар фарзандони носолими дигар ба дунё меоянд, ки нигоҳубини онҳо ин оилаҳоро ба қашшоқӣ кашида, назди давлат низ ҳалли масъалҳои иҷтимоӣ ва имтиёзҳои фарзандони маъюби онҳоро вогузор мекунад.

ДӮСТ ДОШТАНИ ВАТАН – СУННАТЕ АЗ СУННАТҲОИ ПАЁМБАРИ АКРАМ

  • Posted on: 24 January 2018
  • By: admin

Расули акрам (с) мефармоянд: “Валлоҳи иннаки лахайру арзи-л-Лоҳи ва аҳабу арзи-л-Лоҳи илайя. Ва лав ло аинӣ ухриҷту минки мо хараҷту минки”. Қасам ба Худо албатта ту (эй Макка) барои ман беҳтарин заминӣ ва маҳбубтарин заминӣ. Ва агар ман аз ту берун карда намешудам, ҳаргиз аз ту берун намешудам”. Имрӯз мо пайравони дӯстдорони Пайғамбар ҳастем, бояд ба ҳама гуфтаву фармудаи ӯ амал намуда, дар ҳаёту зиндагиамон татбиқ намоем

ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ-ТАРҒИБГАРИ СУБОТУ ОРОМӢ

  • Posted on: 24 January 2018
  • By: admin

          Мо ҳамеша аз  мулоқоту суханрониҳои Ҷаноби Олӣ бархӯрдор мегардем. Дар раванди дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҳамеша онро эҳсос мекардем ва мекунем, ки мағз андар мағзи сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз таъмини зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистон  буду ҳаст. Ин нуктаро Пешвои миллат бори дигар дар Паёми навбатиашон исбот намуданд.  

ДАСТГИРИИ ЯТИМОН. МАСЪАЛАЕ, КИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ОН ТАВАҶҶУҲИ ХОСС ДОРАНД

  • Posted on: 24 January 2018
  • By: admin

“Ман чунин меҳисобам, ки дасти сахо доштан яке аз беҳтарин хислатҳои неки инсонӣ буда, дар тарғиби ғояҳои инсондӯстӣ, ҷавонмардӣ ва саховатпешагӣ дар байни ҷомеа нақши бузург мебозад”. 

ҚАТЪИ РАВОБИТИ “ГУРӮҲИ 24” БО “ҲНИТ” ЧӢ МАЪНО ДОРАД?

  • Posted on: 23 January 2018
  • By: admin

Бо мутолиаи хабари қатъи равобити гурӯҳи 24 бо ҲНИТ, ки дар сомонаи “Ахбор” ба нашр расид, маълум гардид, ки ҳаракати сиёсии дар Тоҷикистон мамнуи «Гурӯҳи-24» бо нашри як баёния эълон кадааст, ки ҳамкорӣ ва муносибатҳои сиёсиашро бо ташкилоти экстремистӣ-террористии «ҲНИТ» комилан қатъ мекунад.

Страницы