“РОҒУН” – РОҲЕ БА СӮЙИ ФАРДОИ ДУРАХШОН

  • Posted on: 14 November 2018
  • By: admin

Санаи 16 ноябри соли 2018 дар таърихи навини Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин навишта хоҳад шуд ва баъди садҳо сол ояндагони мо ба Пешвои миллати тоҷикон аҳсан хоҳанд гуфт. Зеро акнун чархаи аввали Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба истифода дода мешавад ва минбаъд Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ба манбаи нур табдил меёбад!

НБО - И РОҒУН. ТО ГАРДИШИ ЧАРХАИ АВВАЛ 3 РӮЗ МОНД!

  • Posted on: 13 November 2018
  • By: admin

Имрӯзҳо мо - ҳама дар як ҳолати ҳаяҷонангез қарор дорем ва бо як интизории ширин рӯзшуморӣ мекунем, то 16 ноябр – рӯзи ба гардиш даромадани чархи аввали Неругоҳи барқи обии Роғун бирасад. То аз шабакаҳои телевизионӣ ба лаҳзаҳои таърихии бо дасти мубораку бобаракати Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кор даровардани чархи аввали Роғунро бубинем ва худро дар марҳилаи ҳассоси давлатсозии навини тоҷикон шарик донем. 

РАҲОВАРДИ РОҒУН

  • Posted on: 13 November 2018
  • By: admin

Дар замони муосир ҳамаи давлатҳо, аз ҷумла давлатҳои ба мо наздик чун Афғонистон, Покистон ва ҳатто Ҳиндустон ба нерӯи барқ эҳтиёҷ доранд. Агар нерӯгоҳи азими Роғун ба кор дарояд, саноату иқтисодиёти мо пеш меравад, дар умури равшанидиҳӣ ва таъмини гармӣ мушкилие намемонад. Нерӯи барқи зиёдатӣ бошад, ба давлатҳои ҳамсоя содирот гардида, ба иқтисодиёти Тоҷикистон таъсири неки худро мерасонад.

16 НОЯБР-РӮЗИ ПУРБАРАКОТ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

  • Posted on: 13 November 2018
  • By: admin

Инак, баъди заҳматҳои зиёд, рӯзи 16-уми ноябр дар рӯзи фархунда, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин чархаи нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” бо иштироки Пешвои миллат ба гардиш медарояд. Мо бо Президенти худ ифтихор дорем ва шукрона мекунем, ки Худованд бароямон чунин Пешвои додгустарро арзонӣ дошт.

«РОҒУН»- ИН НИШОНДИҲАНДАИ ИРОДАИ МАТИН, МУШКИЛНОПИСАНДӢ ВА САДОҚАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН АСТ»

  • Posted on: 13 November 2018
  • By: admin

16 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Президент таҷлил мегардад. Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун татбиқкунандаи сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат дар рушду тараққии ҳамаҷонибаи Ватани тоҷикон беандоза бузург аст. Имсол ба Рӯзи Президент рост омадани санаи ба кор андохтани аввалин агрегати НБО «Роғун» басо рамзист.

НБО-И «РОҒУН» — ОМИЛИ КАЛИДИИ МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ

  • Posted on: 13 November 2018
  • By: admin

Чанд рӯз пас аввалин чархаи НБО-и «Роғун» ба кор медарояду ин рӯйдод дар таърихи мамлакат бо ҳарф­ҳои заррин нигошта мешавад. Дар бораи ин иншооти тақдирсоз вақтҳои охир зиёд мегӯянду менависанд, вале эътироф бояд кард, ки аксар матолиби доир ба ин масъалаи бениҳоят муҳим марбут аз шиорпароканӣ ва суханпардозие беш нес­танд. Муаллифон зимни андешаронӣ оид ба моҳияти ин иншоот ва саҳми меъмори он ба таври бояду шояд комёб нашудаанд, ҳол он ки дар ин бора метавон садҳо достон иншо кард.

ТЕМУР ВАРҚӢ ҶИНОЯТКОРОНРО ҲИМОЯ МЕКУНАД

  • Posted on: 13 November 2018
  • By: admin

Ифротгароӣ, палидӣ ва нобакории наҳзатиҳо то ба ҷойе расидааст, ки ҳатто аз бадбахтиҳо ва маргу мурдаи инсонҳо ҳам ба манфиати худ истифода мекунанд. Масалан, имрӯз роҳбарону фаъолони ТТЭ ҲНИ тамоми неруи аҳримании худро ба кор андохта, дар атрофи ошуби дар зиндони Хуҷанд ба амал омада афсонабофӣ мекунанду ба Ҳукумати кишвар туҳмат мезананд.

Страницы