ҲАДИСЕ, КИ БОЯД ТАКОН БОШАД...

  • Posted on: 15 September 2018
  • By: admin

Паёмбари гиромиқадр (дуруду салом ба рӯҳи покашон)  мефармоянд: “Аввалин қазоват дар рӯзи қиёмат дар боргоҳи илоҳӣ дар мавриди шахсе хоҳад шуд, ки дар майдони ҷиҳод шаҳид шудааст. Ин шахс ба маҳзари илоҳӣ оварда мешавад. Он гоҳ Худованди мутаъол ба ӯ мегӯяд: Ман ба ту чӣ неъматҳои фаровоне дода будам? Ӯ ба ҳамаи неъматҳои худовандӣ эътироф мекунад. Сипас,

БА ТОҶИКИСТОН ОСУДАГИВУ ПЕШРАФТ ЛОЗИМ АСТ, НА ХУШУНАТ (АНДЕША ДАР ҲОШИЯИ НИШАСТҲОИ САҲА)

  • Posted on: 15 September 2018
  • By: admin

Чӣ гуна метавон ба ТЭТ ҲНИ, ки бо қарори Суди Олӣ ташкилоти экстремистию террористӣ эълон шудааст, дар ин созмон минбар дод? Созмони ҳамкории Шанхай онро террористӣ эътироф кардааст-ку? Чӣ, магар давлатҳои аъзои ин созмон бо САҲА ҳамкорӣ надоранд? Онҳо низ аъзои ин созмонанд. Вале на дар ҳама ҳолат САҲА дар шинохти ҷараёнҳои ифротиву террористӣ баҳои воқеӣ медиҳад.

НИФОҚИ НАҲЗАТИЁН

  • Posted on: 15 September 2018
  • By: admin

Дар дини мубини ислом мунофиқ шахсеро гӯянд, ки дар замираш ниятҳои нопок дорад, аммо дар байни мусулмонон худро муъмини покизакирдор ва дӯсти ғамхор нишон медиҳад. Мунофиқ аз шахси бедин бадтар аст, зеро наметавон аз ғаразҳояш воқиф гашт ва дӯстро аз душман ҷудо кард. Аз ин рӯ, Худованд мунофиқонро аз табақаи поёнтари дӯзах ваъда дода, онҳоро дар дунёву охират хор месозад.

ҚАТЛУ КУШТОР БАРОИ БЕОБРӮСОЗИИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ

  • Posted on: 15 September 2018
  • By: admin

Ҳоло ба ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон маълум гардида истодааст, ки пешрафтҳои муттасили Тоҷикистон чун хоре ба чашми Кабириву пайравонаш мехаланд. Аз ин хотир, ӯ бо ҳар баҳонае талош мекунад, то давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар назди ҷомеаи байналмилалӣ ва созмонҳои ҷаҳонӣ сиёҳ нишон диҳад. Барои расидан ба ин ҳадаф ҳатто даст ба қатлу куштори ҳамватанону дигар инсонҳо мезананд, ки ҳодисаи хунуни 29-уми июл дар Данғара далели возеҳи ин гуфтаҳост.

ИСЛОМПАНОҲИ ЗИШТКОРАНД, ДАРЕҒ

  • Posted on: 15 September 2018
  • By: admin

Дар яке аз нишастҳои худ роҳбари ин ташкилоти ифротиву террористӣ Муҳиддин Кабирӣ иброз намуда буд, ки мо бояд ба таъсиси эътилофе даст ёбем, ки дар он эътилоф аслан номи “наҳзат” ва “ислом” ҷой надошта бошад. Барои таъсиси чунин эътилоф Кабирӣ талоши зиёд кард. Аммо ҳеҷ як гурӯҳи мухолифе омода нашуд, ки бо ӯ ҳампаймон гардид. Ҳатто роҳбари гурӯҳи мухолифи “Ватандор” Додоҷон Атовуллоев иброз намуд, ки “Мо бо касе паймон хоҳем кард, ки паймон нашикастаанд”. Ташкилоти “Гурӯҳи 24” ҳама гуна равобиту ҳамкориро бо ТЭТ ҲНИ қатъ намуд.

МУАРРИФИИ ЧАҲРАИ МАНФУРИ НАҲЗАТ БАРОЯМОН ФАРЗУ ҚАРЗ АСТ

  • Posted on: 15 September 2018
  • By: admin

Сад афсӯс ҳизбе, ки баъд аз бахшидани тамоми гуноҳонаш соли 2015 бори дигар кӯшиши табаддулоти давлатӣ намуд, акнун бо ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ мехост дар сатҳи ҷаҳонӣ ба обрӯи Тоҷикистон зарба занад. ТЭТ Ҳизби наҳзат бо ин амалаш  мехост сайёҳонро аз Тоҷикистон дур сохта, ватани моро ҳамчун минтақаи ноамн муаррифӣ созад. Мо хуб дар хотир дорем, ки ТЭТ ҳизби наҳзати ислом соли 1992 кишвари амну осударо ба харобзор табдил дода, ҳазорон мардуми бегуноҳро бо мудҳиштарин воситаҳо ба қатл расонида буд.

СИЁСАТИ ДУХӮРАИ СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛ КОРИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНИРО ДАР РОҲИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ТЕРРОРИЗМ ДУШВОРТАР МЕКУНАД

  • Posted on: 14 September 2018
  • By: admin

Яке аз тафриқаандозиҳои ТЭТ ҲНИ аз он иборат аст, ки аз доираи ваколатҳои оинномавии худ баромада, дар бинои Қароргоҳи ҳизб намози ҷумъаро бо аъзоёни худ баргузор менамуд. Ҳол он ки дар масофаи 500-600 метр дуртар масҷиди ҷомеи маҳаллаи «Чортут» тибқи низомнома расман фаъолият мекард. Дар қароргоҳи худ инчунин занҳоро барои хондани намоз ҷалб карда, ҳамзамон бо онҳо суҳбату мулоқотҳо анҷом медоданд. Агар роҳбарон ва пайравони ТЭТ ҲНИ дар мазҳаби ҳанафӣ устувор мебуданд, ба чунин кирдор роҳ намедоданд. 

Страницы