"ГЕНЕРАЛ"-И ҲИДОЯТНАЁФТА

  • Posted on: 8 January 2018
  • By: admin

Ислом ба зоти худ надорад айбе,

Ҳар айб ки ҳаст, дар мусулмонии мост.

Саид Қиёмиддини Ғозӣ, ки ӯро бо номи “Генерали мардумӣ” мешинохтанд, имрӯз мазҳаби худро тағйир дода,  ба мазҳаби бегона рӯ овардааст.

Ин амалҳои ношоистаи ҳамватани мо кулли мардуми шарифи кишварро нигарон кардааст. Мебоист, ки як шахсияти диндор мардумро ба роҳи рост ҳидоят намуда, моҳияти исломи ноб ва ҳақиқиро  ба онҳо муаррифӣ кунад, на ин ки зери ниқоби ислом бо роҳи фанду фиреб онҳоро ба гумроҳӣ барад.

ҶОНИБДОРӢ АЗ МАҚОЛАИ “ШИКАСТИ ШИКАМЧАРОН” (ҲАФТАНОМАИ СССР)

  • Posted on: 8 January 2018
  • By: admin

Дар ҳақиқат, қабули Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҶТ” ба зисту зиндагонии мардуми кишвар хеле сабукиҳо овард. Дар натиҷаи амали қонуни мазкур мардуми кишвар чӣ дар маъракаҳои шодию хурсандӣ ва чӣ дар маросимҳои дафну азодорӣ ба мушкилиҳои пулию молӣ кам дучор нагашта, ба буҷаи оилаи онҳо низ зиёне намерасад.

АНДЕШАҲО ПЕРОМУНИ МАҚОЛАИ «МОРИ ДУСАРА»

  • Posted on: 8 January 2018
  • By: admin

Ҳангоми мутолиаи мақолаи декани факултети филологияи шарқи Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам-Абуҳанифа (р) Раҳим Каримов таҳти унвони «Мори дусара», ки дар рӯзномаи «Фараж» аз 03.01.2018 нашр гардидааст, бароям маълум гардид, ки дар он сухан атрофи амалҳои анҷомдодаи террористонаи роҳбарият ва аъзоёни  ҲНИТ аз рӯзи таъсисёбиаш то лаҳзаҳои охири фаъолияташ ва дастгирии ҳамаҷонибаи Эрон аз фаъолиятҳои  ҲНИТ рафтааст.

ВОРИДСОЗИИ АРЗИШҲОИ БЕГОНА БА МАЗҲАБИ ҲАНАФӢ, Ё ХУД ШИНОХТИ АҲЛИ «ТАШАЙЙЮЪ»

  • Posted on: 8 January 2018
  • By: admin

Аз файзу баракати соҳибистиқлолии кишвар ва туфайли кӯшишҳои ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ ба ҳар кас сарфи назар аз нажоду миллаташ кафолат дода шудааст.

ҚУРЪОН: “...НИЗОЪ МАКУНЕД, КИ БУЗДИЛ ШАВЕД...”

  • Posted on: 8 January 2018
  • By: admin

Солҳои 1990-ум ин гурӯҳи маҳрумгашта аз неъматҳои Парвардигор, бо итоат накардани амри Парвардигори меҳрубон болои сари мардуми тоҷик низоъ ва кашмакашиҳо оварданд, ки қудрад ва ҳайбати давлат қариб буд аз байн равад.

БАРРАСИИ ОМИЛҲОИ ТАҲКИМБАХШИ ДАВЛАТ ДАР ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

  • Posted on: 5 January 2018
  • By: admin

Маорифро омили асосии таҳкими давлат ва наҷоти миллат эътироф намудан ин баёнгари таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳаи муҳимми давлатӣ мебошад, ки аз фаъолияти он боло рафтани ҳувияти миллӣ, нақши ҷумҳурӣ ва миллати тоҷик дар дохил ва хориҷи кишвар вобастагии калон дорад. 

АЗ СИЁСИКУНИИ ДИН ДАСТ КАШЕМ...

  • Posted on: 5 January 2018
  • By: admin

Биёед сиёсисозии дини мубини исломро, ба ҳизбу ҳаракатҳо  қисмат кардани онро  як су монда, баҳри ободонии Ватани азиз камари ҳиммат бандем. Фарзандонро таълиму тарбияи хуб диҳем, љавоноро насиҳат дода, бо меҳнати ҳалол  зиндагӣ намоем. Дар ин ҳолат, ҳам дунё ва ҳам охирати мо обод мегардад . Чунонки гуфтаанд: “Дил ба Ёру даст ба кор.

Страницы