ҲУКМИ ИСТИФОДА НАМУДАНИ ДИН БАРОИ РАСИДАН БА МАҚСАД ВА Ё ХИЁНАТИ НАВБАТИИ ХИЁНАТКОРОН

  • Posted on: 20 November 2017
  • By: admin

Ҳизби мамнӯъи наҳзати исломи Тоҷикистон дар ниқоби мазҳаби ҳанафӣ ақидаҳои ҳизби мамнӯъи ифротии “Бародарони мусалмон” (Ихвонул муслимин) – ро дар нашрияи “Наҷот” озодона паҳну дастгирӣ намуда, аз раҳбар ва муассиси он Ҳасан Банно ҳамчун “Муршиди роҳи ҳақ” ном бурдаанд ва ё ин ҳизби мамнӯъ дар саҳифаи аввали нашрияи “Наҷот” шиореро бо номи “Зиндагӣ маънои Қуръон асту бас” – ро гузоштааст ва ё боз дар саҳифаи аввали ин нашрия оятеро аз Қуръон ҳам бо забони арабӣ ва ҳам бо забони тоҷикӣ барои ҷалби оммаи мардум: “...Бешубҳа, Ҳизби Худо ғолиб хоҳад буд”. Сураи Моида, ояти 56-ро пешкаши хонандагон кардааст, ки ҳар хонандаи аз асли воқеа бехабарро водор ба он мекард, ки чунин ақида дошта бошанд, ки фақат ин ҳизб ҳақ асту онҳо ҳизби Худоанду дигарон гумроҳ ва дар роҳи хатоанд ва ин низ истифодаи дин расидан ба мақсадҳои ниҳонии ҳизб ва ҷалби бисёри мардум ба сафи ҳизб мебошад ва ё боз ҳам дар саҳифаи  ин нашрия омадааст, ки:”Фишор болои ҲНИТ фишор ба миллат аст”

СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МУНОСИБАТИ 25 – УМИН СОЛГАРДИ БАРГУЗОРИИ ИҶЛОСИЯИ XVI-УМИ ШӮРОИ ОЛӢ

  • Posted on: 19 November 2017
  • By: redactor

Баъзе доираҳои манфиатдори дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла роҳбарони собиқ Ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ва хоҷагону маблағгузорони онҳо, ки ташаббускори ин ҷанги бародаркуш буданд, барои ноил шудан ба ҳадафҳои нопоки худ, яъне ба сари мардуми мо таҳмил намудани мазҳаби бегона ва бунёди давлати исломӣ ба оташ равған мерехтанд.

ПАЙВАНДОНИ ҲАЙДАР ҚОСИМОВ: “ҚАТЛИ ҚАҲРАМОНИ СССР ҲАЛҚАЕ ДАР ЗАНҶИРИ КУШТОРҲОИ ЧЕҲРАҲОИ САРШИНОС АЗ ҶОНИБИ НАҲЗАТИҲОСТ”

  • Posted on: 19 November 2017
  • By: redactor

"Ҳайдар Қосимов аз ҷониби аъзои фаъоли ҲНИТ, яке аз бераҳмтарин размандагони ин ниҳод Мустафо (бо лақаби Мустафои наҳзатӣ), бо дастури хадамотҳои махсуси ҶИЭ, дар хатти сарҳади давлатӣ ба қатл расонида шудааст. Маконе, ки Ҳ.Қосимов кушта шудааст, он замон таҳти нуфузи “наҳзатиён” қарор дошт. Дертар, тахминан солҳои 1994 худи Мустафо ба ҳамсӯҳбат лоф задааст, ки “Ҳайдар Қосими қаҳрамона” мурғворӣ куштам..” 

Шоҳиди зиндаи бедодии ҲНИТ

  • Posted on: 19 November 2017
  • By: redactor

Ҳарчанд дар он тарафи марз бо роҳбарияти кулли ҲНИТ ҳамроҳ шуда, онҳоро бо маълумотҳои ҷолиби диққати мақомоти бехатарӣ шинос намуда бошам ҳам, наҳзатиён муддатҳои тулонӣ аз ман, хамчун «одами КГБ» канораҷӯӣ мекарданд ва мавриди санҷишу омӯзиши амиқ қарор медоданд.

НОМАИ КУШОД ба сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳуҷаттуллоҳ Фағонӣ

  • Posted on: 19 November 2017
  • By: redactor

Истаравшаниёнро бо мардуми Эрон таърих ва фарханги муштарак ба хам мепайвандад. Ин муштаракот водор месозад, ки хомўшӣ ихтиёр накунем ва бо ин нома рў ба Шумо орем. Намедонем то кадом андоза мурољиати мо боиси пазироиятон қарор мегирад, вале навиштани ин нома ва бад-ин васила шикастани оромии бадтар аз марг, ки тўли солхои зиёд давом дорад, қарзи шахрвандӣ ва номуси ватандории мост.

ИЗҲОРОТИ Раёсати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

  • Posted on: 19 November 2017
  • By: redactor

Мутаассифона, аъзоёну тарафдорони ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо мақсади  амалисозии манфиатҳои сиёсӣ ва бо супориши роҳбаладони хориҷиашон аз чорабиниҳои созмонҳои байналмилалии ғарбии ба ном ҳомии демократия ва озодии баён истифода намуда, дар заминаи ақидаю ғаразҳои сиёсӣ ва геополитикӣ ба муқобили Ватану миллат ва халқи худ баромад менамоянд.

ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ

  • Posted on: 17 November 2017
  • By: redactor

Асоси сулҳу ваҳдат, ободиву бунёдкорӣ дар муттаҳидӣ ва якдилии мардуми кишвар аст. Дар ин мабно мо бори дигар шоҳиди он гаштем, ки мардуми худшиносу ватандӯсти мо роҳи ростро интихоб намуда, бо роҳбарии Пешвои миллат барои ояндаи неки фарзандон, ободии ватани азизи хеш ва эҳтироми суннатҳои гузаштагонамон ҳиссагузорӣ менамоянд.

Страницы