РАВШАНСОЗАНДАИ ДИЛҲО

  • Posted on: 14 November 2018
  • By: admin

Тамими Дорӣ як шахси тоҷир буд. Рӯзе ҳамроҳ бо худ якчанд қандил, банд ва равған ба масҷиди Пайғамбари Худо овард ва қандилҳоро ба сутунҳои масҷид овехт ва ба онҳо равған рехту фурузон кард. Пайғамбари Худо инро дида бисёр хушҳол шуданд ва барои Тамим чунин дуои хайр карданд: "ХУДОВАНД ҚАЛБИ ТУРО МУНАВВАР БИГАРДОНАД, ҲАМЧУНОН КИ ТУ МАСҶИДИ МОРО МУНАВВАР КАРДӢ".

РОҒУН-МАНБАИ НУР ВА ОМИЛИ РУШДИ БОСУБОТИ ТОҶИКИСТОН

  • Posted on: 14 November 2018
  • By: admin

Воқеан, ин ҳама ободкориву рушду пешрафти Ватан аз ҳидоятнома ва роҳнамоиҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи бомароми ҳадафҳои стратегии кишвар маншаъ мегирад. Ва мо халқи шарифи Тоҷикистонро зарур аст, ки ба корнамоиву ташаббусҳои неки Сарвари давлат арҷгузорӣ намуда, баҳри татбиқи муваффақонаи ин сиёсати оқилонаву раиятпарастона ҷаҳду талош варзем.

ИДИ ИДҲО

  • Posted on: 14 November 2018
  • By: admin

Чанд рӯзест, ки тамоми мардуми Тоҷикистони азиз аз кӯдакону наврасон сар карда, то пирони рӯзгордида ҳама омодагӣ дида истодаанд. Омодагӣ ба ҷашни деринтизоре, ки орзуи деринаи халқи меҳнатқарини тоҷик буд.

АГРЕГАТИ АВВАЛИНИ НБО-И «РОҒУН» БО АЗМУ ТАЛОШ ВА ҶАСОРАТИ БУЗУРГИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ИСТИФОДА ДОДА МЕШАВАД

  • Posted on: 14 November 2018
  • By: admin

Дар ҳар як марҳила шахсоне сари қудрат меоянд, ки онҳо барои рушди кишвар ва баланд бардоштани мақоми он дар арсаи байналмилалӣ тамоми қобилият ва маҳорати кордонии хешро сарф карда, манфиати давлат ва Ҳукуматро аз манфиати шахсӣ боло медонанд.

“РОҒУН” – РОҲЕ БА СӮЙИ ФАРДОИ ДУРАХШОН

  • Posted on: 14 November 2018
  • By: admin

Санаи 16 ноябри соли 2018 дар таърихи навини Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин навишта хоҳад шуд ва баъди садҳо сол ояндагони мо ба Пешвои миллати тоҷикон аҳсан хоҳанд гуфт. Зеро акнун чархаи аввали Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба истифода дода мешавад ва минбаъд Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ба манбаи нур табдил меёбад!

НБО - И РОҒУН. ТО ГАРДИШИ ЧАРХАИ АВВАЛ 3 РӮЗ МОНД!

  • Posted on: 13 November 2018
  • By: admin

Имрӯзҳо мо - ҳама дар як ҳолати ҳаяҷонангез қарор дорем ва бо як интизории ширин рӯзшуморӣ мекунем, то 16 ноябр – рӯзи ба гардиш даромадани чархи аввали Неругоҳи барқи обии Роғун бирасад. То аз шабакаҳои телевизионӣ ба лаҳзаҳои таърихии бо дасти мубораку бобаракати Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кор даровардани чархи аввали Роғунро бубинем ва худро дар марҳилаи ҳассоси давлатсозии навини тоҷикон шарик донем. 

РАҲОВАРДИ РОҒУН

  • Posted on: 13 November 2018
  • By: admin

Дар замони муосир ҳамаи давлатҳо, аз ҷумла давлатҳои ба мо наздик чун Афғонистон, Покистон ва ҳатто Ҳиндустон ба нерӯи барқ эҳтиёҷ доранд. Агар нерӯгоҳи азими Роғун ба кор дарояд, саноату иқтисодиёти мо пеш меравад, дар умури равшанидиҳӣ ва таъмини гармӣ мушкилие намемонад. Нерӯи барқи зиёдатӣ бошад, ба давлатҳои ҳамсоя содирот гардида, ба иқтисодиёти Тоҷикистон таъсири неки худро мерасонад.

Страницы