МЕҲРИ МЕҲАН

  • Posted on: 24 December 2018
  • By: admin

Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ бисёр бамаврид таъкид намудаанд, ки: «Шинохти оламу одам аз муҳимтарин шартҳои шинохти худ аст, аз омилҳоест, ки барои ҷунбиши андеша роҳ мекушояд. Вале барои амиқбурди худшиносии берунӣ ҳаргиз даст кашидан аз маънавияти худ, пайвастан ба миллати дигаре, пазируфтани роҳу равиши фарҳанги бегонагон шарт нест. Баръакс, садоқати комил ба ватани худ ва миллати худ, садоқати комил ба анъанаҳои волои маънавияти бобоӣ ба дини мубини ислом заминаи расидан ба манзили мақсуд аст».

АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ. ОҒОЗИ ФАЪОЛИЯТИ НБО “РОҒУН” ДАР САФҲАИ ХОТИРОТ БОҚӢ МЕМОНАД

  • Posted on: 21 December 2018
  • By: admin

Ҷасорату мардонагӣ, фидокориву фарҳанги сулҳофарӣ, тадбирандешиву хиради азалӣ ва қалби саршор аз муҳаббати халқу ватани Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълуми оламиён аст. Корнамоиҳои ин фарзанди фарзонаи миллат роҳнамои наслҳо ба сӯйи ояндаи дурахшон ва шукуфоиву боландагӣ мебошад. Таърихи даврони истиқлол гувоҳ аст, ки бузургтарин иншооти аср, лоиҳаи азими гидроэнергетикии мамлакат – Нерӯгоҳи барқи обии Роѓун маҳз бо ташаббусҳои созанда ва тадбирҳои саривақтиву воқеъбинонаи Пешвои миллат дубора эҳё гардида, кунун самараҳои аввалини он ба бор меояд.

ПАНДУ НАСИҲАТ БА ФАРЗАНДОН-БЕҲТАРИН РОҲИ ИСЛОҲИ ОНОН

  • Posted on: 21 December 2018
  • By: admin

Нуктаи бисёр муҳиме, ки бояд волидайн ба он таваҷҷeҳ бикунанд, ин аст ки кӯшиш намоянд, муҳити хонаводаро маркази амну осоиш ва сафову самимият бигардонанд. Агар муҳити хонавода созгор набошад, талошҳо ва орзуҳои волидайн барои хуб шудани фарзандон абас ва беҳуда аст.

ҒАВҒОИ ТЭТ ҲНИ ТАНҲО БАРОИ МАНФИАТ АСТ

  • Posted on: 21 December 2018
  • By: admin

Имрӯзҳо наҳзатиён арзишҳо ва муқаддасоти динию мазҳабиро барои барангехтани оташи кинаву адоват ва хушунату хунрезӣ ба манфиати худ истифода бурда истодаанд.

ИФРОТГАРОӢ – АМАЛИ ХАТАРЗО ДАР ҶОМЕА

  • Posted on: 21 December 2018
  • By: admin

Имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналхалкӣ фаъоляти чунин гурӯҳҳои ифротиро мавриди муҳокимаи шадид ќарор дода, моҳият ва муҳтавои фаъолияти онҳоро экстремистӣ ва террористӣ шумурдааст.

ҒОРАТУ ДУЗДӢ НА ИНСОНӢ АСТУ НА ИСЛОМӢ

  • Posted on: 21 December 2018
  • By: admin

Воқеан, ҷойи таассуф аст, ки имрӯз ҳамаи дуздию ғорату куштору ваҳшониятҳоро ба номи ислом содир мекунанд. Ҳол он ки ислом дини муқаддас аст, ғорату дуздӣ, азобу ранҷ ва куштору ваҳшониятро маҳкум месозад. Мусалмони ҳақиқӣ ин амалҳоро ҳаргиз иҷро намекунад. 

ДУШМАНОНИ МИЛЛАТ Ё ХОИНОНЕ, КИ БА АБЗОРИ СИЁСИИ ДИГАРОН ТАБДИЛ ЁФТААНД

  • Posted on: 21 December 2018
  • By: admin

Халқи тоҷик баъди зиёда аз ҳазор сол аз нав соҳиби давлати мустақили миллӣ гардида, дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати хосса касб намуд. Барои миллат ин бахти нодир воқеаи хеле бузургу фараҳбахш аст. Аммо нафароне ҳастанд, ки барои ба мақсади нопоки гурӯҳӣ расидан алайҳи манофеи давлату миллат амал мекунанд.

Страницы