ИСЛОМ-ТАРҒИБГАРИ ДАСТГИРИИ ЯТИМОНУ МУҲТОҶОН

  • Posted on: 27 April 2018
  • By: admin

Яке аз хислатҳои ҳамидаи инсони солим ин саховату саховаткорист. Чунин сифатҳои ахлоқӣ ба ҳар як шахс тааллуқ дорад, чунки инсон худ табиатан нек аст ва ӯ кӯшиш мекунад, ки ба эҳтиёҷманде мадад расонад.

ИСЛОМ ВА НАҚШИ ПАДАРУ МОДАР

  • Posted on: 27 April 2018
  • By: admin

Албатта бояд таваҷҷуҳ дошт, ки муҳаббат ба падару модар фақат набояд дар даврони пирии онҳо бошад, балки ояти ёдшуда бар муҳаббат дар ҳамаи замонҳо ба хусус дар даврони пиронсолагӣ таъкид ва супориш мекунад.

ХИЗМАТҲОИ ТАЪРИХИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

  • Posted on: 27 April 2018
  • By: admin

Дар ҳар давру замон барои рушду пешрафти ҳар миллат фарзандони барӯманду фарзонааш нақши мондагоре аз хеш боқӣ мегузоранд. Эмомалӣ Раҳмон чун шахсияти барҷаста вақте ба майдони сиёсат ворид шуд, ки миллати тоҷик парешон ва кишвар дар вартаи ҳалокат қарор дошт.  Паёми  нахустини  мавсуф аз Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки 19-  уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд барпо гардида буд, сарҷамъсозии миллат ва берун овардани Тоҷикистон аз ҷанги шаҳрвандӣ буд.

МАҚОМИ МОДАР

  • Posted on: 27 April 2018
  • By: admin

«Парвардигорат фармон додааст, ки ҷуз Ӯро напарастед ва ба падару модар некӣ кунед. Ҳаргоҳ яке аз он ду ва ё ҳар дуи эшон назди ту ба синни пирӣ бирасанд, ба онон уф магӯ ва бар эшон дод мазан. Ва бо суханони муҳтарамона бо он ду сухан бигӯ ва боли тавозуъ ва меҳрубониро  бар эшон фуруд оварда, бигӯ: Павардигоро! Ба онҳо раҳмату омурзиш бифармо,ҳамон гуна ки онон дар хурдӣ маро бузург намуданд» (Сураи «Исро», оятҳои 23-24 ).

АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ ВА ОМИЛҲОИ ДИНӢ

  • Posted on: 27 April 2018
  • By: admin

Дар замони муосир одамон имкониятҳои дастрасии иттилооти гуногун, аз ҷумла ахбори мазмуни динидоштаро доранд. Ва азбаски чунин иттилоот ба эътиқоду боварии мардуми мо алоқаманд аст, аз ин лиҳоз ҳини шиносоӣ бо он эҳтиёткор мебояд буд. Гузашта аз ин, на ҳама иттилооти динии гўё исломӣ ба эътиқоду боварии мусулмонон мувофиқат менамоянд. Барои иттилооти дурўғинро аз ахбори воқеӣ ҷудо кардан мо бояд дар бораи дини хеш маълумоти дурусту кофӣ дошта бошем.

ОҒОЗИ КОНФРОНСИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ ИФРОТГАРОИИ ДИНӢ ДАР БОХТАР

  • Posted on: 25 April 2018
  • By: admin

Имрӯз, 25-уми апрел дар Қасри фарҳанги шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ “Ифротгароии динӣ ва роҳҳои амалии пешгирии он дар маҳалҳо” ба кори худ оғоз намуд. Конфронси мазкур бо ташаббуси Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баргузор мегардад.

МУОМИЛАИ НЕК БО ҒАЙРИМУСАЛМОНҲО

  • Posted on: 24 April 2018
  • By: admin

Ҳар инсони бо ҳар дин, нажод ва ранге, ки бошад барои мусалмон дорои эҳтиром ва каромат аст, чунончӣ Худованди мутаъол мефармояд:”Ба ростӣ мо фарзандони одамро гиромӣ доштем”, сураи Исро, ҷузъе аз ояти 70. Ҳар инсонро лозим аст, ки ин икром ва ҳурматро риоя кунад ва яке аз намунаҳои амалии ин маврид, ҳадисе аст бо ривояти Имом Бухорӣ(р): ”Ҷанозаеро аз назди Паёмбари гиромиқадр(дуруду салом ба рӯҳи покашон) мегузаронанд. Паёмбар (с) баланд шуданд ва ба эҳтироми мурда истоданд. Касе гуфт:Эй Расули Худо! Ин ҷанозаи фарди яҳудӣ аст. Ҳазрати Паёмбар(с) гуфтанд: Магар инсон нест?

Страницы