ЭЪТИЛОФ БО ДЕГИ СИЁҲ

  • Posted on: 28 September 2018
  • By: admin

Имрўз он ҷиноятҳои дар давраҳои гуногун содиршудаи ин ҳизб аз ҷониби худи собиқ асосгузорон, аъзои собиқи он, пайравон ва ҳамфикрони он ошкор ва расонаӣ шуда истодааст. Ин амр барои гуруҳаки дар хориҷа аз номи ин ҳизб фаъолият кунанда ва гирандаи гранту кӯмакҳои пулии баъзе созмонҳои кишварҳои ба ном «дўст» мушкил эҷод мекунад ва метавонад маблағгузориро ба онҳо номумкин гардонад.

САФАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВМКБ НИШОНИ ТАВАҶҶУҲИ ХОС АСТ

  • Posted on: 28 September 2018
  • By: admin

Гузашта аз ин, вилояти мазкур бо сарҳади Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки солҳои охир задухӯрдҳои мусаллаҳона фазои онро ноором сохта аст, зиёда аз 800 км ҳамҷаворӣ дорад, ки хоҳ нохоҳ вазъи он зери таъсири вазъи кишвари ҳамсоя қарор мегирад.

“БАДАХШОНӢ МАНАМ!... МО АЗ ҲАМАИ ИМТИЁЗҲОИ ЛОЗИМА ДАР ТОҶИКИСТОН БАРХӮДОРЕМ”

  • Posted on: 26 September 2018
  • By: admin

Бадахшонӣ манам!. Дар ин давлати соҳибистиқлол соҳиби корманди шоиста, дотсент, аълочии маориф ва илм, шудам. Хонаи Худоро ҳам зиёрат кардам. Ин суханҳоро барои он мегӯям, ки бадахшониҳо аз ҳамаи имтиёзҳои лозима дар Тоҷикистон бархӯдоранд. Албатта, имтиёзҳое, ки давлат ва ҳукумати қонунӣ барошон муайян кардааст, на “имтиёз”-ҳои хоҷагони хориҷӣ, ки аз он Алим Шерзамонов бархӯрдор аст!.

ИСЛОМРО НАБОЯД СИЁСӢ СОХТ

  • Posted on: 26 September 2018
  • By: admin

Ҳизбҳои исломӣ дар аксри маврид динро ба худ ниқоб қарор дода, аз он пайваста суиистифода мекунанд, намояндагони чунин аҳзоб дар мавридҳои барояшон лозим ҳатто даст ба қатлу куштор мезананд. Дар ҳоле ки ислом ҳама гуна қатлу хунрезии мардумро раво намедонад. Мардум мақоли хубе доранд: «Харбуза аз харбуза ранг мегирад, ҳамсоя аз ҳамсоя панд». Мо низ бояд аз ҳизббозиҳои Афғонистон панд бигирем.

ҲАДАФ ТАЪМИНИ СУБОТ АСТ!

  • Posted on: 26 September 2018
  • By: admin

Бояд волоияти қонун аз ҷониби тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ таъмин гардида, тартиботи ҷамъятӣ низ риоя карда шавад. Зеро ҳама дар назди қонун баробар аст. Имрӯз бо шарофати сиёсати хирадмандони Пешвои миллат сулҳу субот дар саросари кишвари азизамон таъмин буда, пешрафту ободӣ дар тамоми соҳаҳо идома дорад.

АНДЕШАИ БАДАХШОНИЁНИ ЛЕВАКАНТ

  • Posted on: 26 September 2018
  • By: admin

Ифтихор аз он менамоем, ки мо аҳли зиё дар пешбурди ҷомеаи созандаву бунёдкор, дар паҳлуи Сарвари беназири тоҷикони ҷаҳон, Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон истода, ҳамчун сутуни устувор барои пойдории Ваҳдати миллӣ саҳмгузорем! Мутмаинем, ки мардуми сарбаланди Бадахшон бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат ҳаргиз ба дасисаҳои чанд гурӯҳи манфиатҷӯ дода намешаванд. 

ХАЛИФАҲОИ ИСМОИЛӢ БАР ЗИДДИ ҶИНОЯТКОРӢ САДО БАЛАНД КУНАНД

  • Posted on: 26 September 2018
  • By: admin

Дар мазҳаби исмоилиён низ чун мазҳаби ҳанафӣ бадиву бадкорӣ мазаммат карда мешавад, бояд халифаҳои исмоилӣ низ бар зидди ҷинояткорӣ садо баланд кунанд. Мо бояд дарк намоем, ки дар назди Худову Расул (с), дар назди ҷомеаву наслҳои оянда масъулем. Чунонки Паёмбар (с) фармуданд: «Дониста бошед, ки ҳар яки шумо масъулияте доред ва ҳар яки шуморо аз он мепурсанд» (Бухорӣ ва Муслим).

Страницы