КАБИРӢ ХУД ВА ҲАММАСЛАКОНАШРО БОСМАЧӢ НОМИД! Чанд мулоҳиза атрофи шармандагии намояндагони ТЭТ ҲНИ дар ҷаласаи солонаи САҲА дар Варшава

  • Posted on: 20 September 2018
  • By: admin

Чанд рӯзи аввали ҷаласаи Варшава нишон дод, ки дигар аз он нозу эркагии ТЭТ ҲНИ дар оғӯши САҲА ва аз он навозишу ҳимояти ошкорои хоҷагони ғарбияш нишоне нест. Яъне, ҷомеаи ҷаҳонӣ аз моҳияти воқеии ин гурӯҳаки террористӣ рӯз аз рӯз ба таври амиқтар огоҳ шуда, торафт аз он фосила мегирад.

ТАВБАФАРМОЁН ЧАРО ХУД ТАВБА КАМТАР МЕКУНАНД?!

  • Posted on: 20 September 2018
  • By: admin

Баррасии тарзи фаъолият ва амалкарди ин гурӯҳҳои даъвогару ба ном ҳомии дин дар тӯли таърих баёнгари он аст, ки онҳо бо шиорҳои авомфиребонаи худ, на дар фикру дину оин ва беҳбудии зиндагии мардуманд, балки мақсади аслӣ ва ниҳоии онҳо расидан ба қудрати сиёсӣ ва аз ин роҳ ҷамъовардани молу сарват, ҳамчунин таъмин кардани манфиатҳои хоҷагони берунаашон аст.

ҲАТТО АЗ МУҲОҶИРОНИ КОРӢ СУИИСТИФОДА МЕКУНАНД

  • Posted on: 20 September 2018
  • By: admin

Маълум аст, ки муҳоҷират ва махсусан муҳоҷирати корӣ бидуни душвориву сахтӣ буда наметавонад, аммо ин омилро наҳзатиён ба сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Тоҷикистон рабт дода, мехоҳанд худро дар чашми муҳоҷирони корӣ “дилсӯз” нишон диҳанд. Наҳзатиҳои дар ҳоле муҳоҷиратро “як амали нангин” мехонанд, ки худи онҳо дар давлати бегона, супоришҳои хоҷагонашонро иҷро карда, бар ивази он зиндагӣ карда истодаанд. Аммо муҳоҷирони кории тоҷик баръакс, бо арақи ҷабин барои оилаи худ ва Ватану миллати худ кор мекунанд. Онҳо ба мисли Кабириву пайравонаш ба Ватани худ хиёнат накардаанд.

ҒУЛОМОНИ ХОҶАГОНИ ХОРИҶӢ ВА ДУШМАНОНИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

  • Posted on: 19 September 2018
  • By: admin

Давлати Тоҷикистон ба хотири сулҳу амонӣ, ба умеди он ки рӯзе ин хоинони гургсиришт ба табиати одамӣ баргарданд, ба террористони Ҳизби наҳзати исломӣ сеяки ҳукумат, рутбаҳои генераливу полковникӣ дод, нозашонро парварда, ба қонуншиканиву ҷиноятҳои онҳо чашм пӯшид. Аммо афсӯс, ки душман, душман будааст. Имрӯз аз куҷо маблағгузорӣ шудани ташкилотро ҳама медонанд. Аз кадом давлатҳо, аз кадом ташкилотҳои махсус. Аъзоёни ТЭТ ҲНИ ва оилаҳояшон ҳамасола ба сайру тамошо бурда мешуданд, кадом сафоратҳо ва дар куҷоҳо ба онҳо пулу пайса медоданд, дар кадом дармонгоҳҳои хориҷӣ асбоби роҳату маишаташонро омода месохтанд, дар кадом конфронсҳо ва бо пули кадом давлатҳо ширкат мекарданд, чӣ гуна ба онҳо дастур медоданд, роҳнамоӣ мекарданд, то чӣ гӯянду  чӣ кор кунанд, ҳама ошкор аст.

“ПАЙМОНИ МИЛЛӢ” - МАКРИ НАВБАТИИ КАБИРӢ

  • Posted on: 19 September 2018
  • By: admin

Ҳоло баъди қабули ин “паймон” барои дилхоҳ шахс маълум мегардад, аз сабаби он ки ташкилоти экстремистию террористии ҲНИ ва сармоягузорону хоҷагони он ба хулосае расиданд, ки дигар бо пӯшишҳои исломӣ нуфуз пайдо карда наметавонанд, ҳоло кӯшиш намуда истодаанд, ки бо ҳадафҳои куҳнаву тарҳрезишуда ва номи "наву замонавӣ” фаъолияти худро дар Аврупо ба роҳ монанд. Сабаби дигари ин тасмим дар он аст, ки Аврупо ҳанӯз тамъи талхи фаъолиятҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро фаромуш накардааст ва бо ҳар гуна ҳизбу равияи динӣ, аз ҷумла ТЭТ ҲНИ, ки ҷараёни динист, хеле эҳтиёткорона муносибат мекунанд.

ДАСТИ БА ХУН ОЛУДА ВА ЛОФИ “ҲУҚУҚИ ИНСОН”

  • Posted on: 19 September 2018
  • By: admin

Кабирӣ бисёр мехоҳад, ки худ ва ҳизбашро ҳаматарафа ростқавл ва ростгӯй нишон диҳад, аммо мардум дигар ба ин дасисаҳои ӯ бовар нахоҳанд кард. Зеро медонанд, ки ҳама нотинҷиҳо, ҳамлаҳо, кушторҳоро дар Тоҷикистони мо кори дасти ӯву хоҷагони хориҷиаш буд. Аммо дар ҳамин зимн, суоли асосӣ ин буда метавонад, ки, нфаре, ки дасташ олудаи хуни ҳазорон ҳамватани мусулмонаш аст, нфаре, ки ҳазорон мусибат болои дигар инсонҳо овардааст, чӣ гуна метавонад аз боби ҳуқуқи инсон ҳарф занад?

САҲА ВА ТАҲРИФИ ВАЗЪИ ОЗОДИИ ВИҶДОН

  • Posted on: 19 September 2018
  • By: admin

Мутаассифона, баъзе аз ашхос ва гурӯҳҳои фурсатталабу қудратхоҳ ба бозии сиёсии кишварҳои манфиатҷӯ дохил шуда, ба муҳраҳои буҳронзо дар кишварҳои алоҳида тадбил дода мешаванд. Чунин намунаро дар шеваҳои фаъолияти ТЭТ ҲНИ мушоҳида намудан мумкин аст, ки роҳбарону пайравони он бо дастгирии молии кишвари маълум мехоҳанд идеологияву ҷаҳонбинии бегонаро дар ҷомеаи мо таҳмил намуда, бад-ин васила ба ҳадафҳои бузургтаре ноил гарданд. Аз ин рӯ, шаҳрвандон, хусусан ҷавонони огоҳу ватандӯсти кишварро лозим аст, то мақсаду мароми чунин ашхос ва ҳаракатҳои фурсатталабро дарк намуда, ба шиорҳои авомфиребонаи онҳо дода нашаванд.

Страницы