“ФАРИШТАҲО”-И ТОҶИККУШ

  • Posted on: 12 December 2017
  • By: admin

Магар фариштаҳо дигар коре надоранд, ки ба фармони Сайид Абдуллоҳи Нурӣ гӯш мекунанд ва гӯё тирҳои хатопартофтаи тарафдорони ӯро ба ҳадаф мерасонанд? Бале, он “фариштаҳо”-и тоҷиккуш маҳсули хаёл ва андешаҳои ботили Нурӣ буд, ки нияти нопоки онро ифода мекард. Ин ҳамоқат  ва хандаовар аст ва бубинед, ки замоне гурӯҳи мардум фирефтаи ин ҳарфҳо гардиданд ва кишвар ба доми бало гирифтор шуд.

СӮИСТИФОДА АЗ ИСЛОМ-САМТИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ ТЭТ ҲНИТ

  • Posted on: 12 December 2017
  • By: admin

Онҳо дини мубини исломро барои худашон ниқоб намуда мехостанд, шаҳрвандони зудбоварро барои татбиқи барномаҳои ботили худ гумроҳ намоянд. Дар интихоботҳо бо баҳонаи он ки “ба рӯи калимаи ислом хат кашидан куфр аст” ва “касе ин корро кунад, занаш талоқ мешавад”, мардумро фиреб медоданд. Мардуми зудбовар ба ин макру фиреби онҳо фирефта мешуданд.

ДАР МАЗҲАБДОРӢ УСТУВОР БОШЕМ...

  • Posted on: 12 December 2017
  • By: admin

Ҳазрати Расулуллоҳ (с) бо муъҷизаи пешгўйиашон борҳо аз фитнаи ин гумроҳони охирзамон огоҳ ва таҳзир кардаанд. Аз ҷумла, ба ҳамин маъно фармудаанд: дар охирзамон қавме мебарояд, ки зоҳиран аз сухани Худову Пайғамбараш мегӯяд, аммо дар асл онҳо бадтарини махлуқотанд, муъмину мусулмонҳоро (ба туҳмати ширк) мекушанд, аз дин ончуноне мебароянд, ки тир аз камон, пас бознамегарданд (ба роҳи рост)...

НАҒОРАНАВОЗИИ КУЗОВ ПЕШ АЗ…

  • Posted on: 12 December 2017
  • By: admin

Дар маҷмӯъ, ба назар чунин мерасад, ки «аллома»-ҳои ТЭТ ҲНИТ намедонанд, ки ташкилоту созмонҳои ғарбӣ бо ин амали худ (манзур мусоидат дар раҳоии Кузов аст) «як гул бидиҳему сад баҳорро бибарем»-ро шиори фаъолият қарор додаанд. Ё ки медонанду вонамуд мекунанд, ки намедонанд… 

ҲНИТ ва ДИИШ – ду гурӯҳ бо як барнома

  • Posted on: 12 December 2017
  • By: admin

Чунин амалкарди гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” фаъолиятҳои пасипардагии ташкилоти экстремистию террористии ҲНИТ-ро ба ёд меорад, ки ахиран дар як филми кӯтоҳе дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир гардид ва дар ин филм роҳбари собиқ ҲНИТ мардумро ба гирифтани силоҳу қатлу куштор даъват мекунад. Беҳуда нест, ки коршиносон фаъолият ва барномаҳои ТЭТ ҲНИТ ва ДИИШ-ро ба ҳам хеле наздик медонанд.

НАҲЗАТИЁН АЗ ҚУРЪОНУ ҲАДИС БЕХАБАР БУДАНД?

  • Posted on: 12 December 2017
  • By: admin

Гӯё ҳисси манфиатхоҳӣ Нуриро кӯр карда буд ё аз ақл бегона, ки фаромуш кард, Аллоҳи бузург дар Қуръони азимушшаън мефармояд: “Ҷазои касоне, ки бо Худову Паёмбари Ӯ ҷанг мекунанд ва дар замин ба қасди фасод мешитобанд, ҷуз ин нест, ки кушта шаванд ё бар дор карда шаванд ё дастҳову пойҳои онҳо аз ҷониби мухолиф бурида шавад ё аз ватан дур карда шаванд. Ин расвоии онҳо дар дунё аст ва дар охират барои онҳо азоби азим ҳаст” Сураи Моида ояти 33.

“ЧУН ПАРДА ДАРАФТАД...” Ё ИФШОИ ФАЪОЛИЯТҲОИ ТЕРРОРИСТИИ НУРӢ

  • Posted on: 12 December 2017
  • By: admin

Нурӣ, ки сухан аз Қуръону суннат мегӯяд, мардумро аз номи дини мубини  ислом, ки ҳеҷ вақт одамонро ба қатлу куштор раҳнамоӣ намекунад, ба ҷанги бародаркуш даъват мекунад ва ба мардуми фиребхӯрда ғалабаро аз номи Худованд ваъда медиҳад... 

Страницы