АНДЕШАҲО ПЕРОМУНӢ МАҚОЛАИ «НОТАВОНБИНӢ ТАВОНМАНДӢ НЕСТ»

  • Posted on: 21 December 2017
  • By: admin

Ҳама мардуми шарифи Тоҷикистон медонанд, ки он таҳлилу баррасии террористони наҳзатӣ дар атрофи мушкилии барқ баҳонаи навбатӣ ва  иғвогаронаи ТЭТ «ҲНИТ» аст, ки мехоҳанд, бо тамоми роҳу усул ҳукуматро дар назари мардум бад карда, бо ин васила ноамнию бесуботиро ба Тоҷикистон ворид созанд.   

ДАР ҲОШИЯИ МАҚОЛАИ «ФАРИШТАҲОИ ТОҶИККУШ»

  • Posted on: 21 December 2017
  • By: admin

Бо мутолиаи мақолаи “Фариштаҳо тоҷиккуш”, ки ахиран аз тариқи расонаҳои хабарӣ ба нашр расид, бори дигар симои воқеии ташкилоти экстремистию террористии ҲНИТ равшантар гардид. Ҳизби наҳзати исломӣ аз ибтидо ғуломи хоҷагони хориҷӣ буд, ки ин хоҷагон ҳизби ба ном исломиро барои ҳадафҳои хеш  истифода бурда, бархе аз ҷавонони тоҷикро ба сафи худ кашиданд.

Мулоқоти Саидмукаррам Абдуқодирзода бо муфтии Санкт-Петербург

  • Posted on: 21 December 2017
  • By: admin

18-уми декабр дар ҷараёни сафари корӣ ба Федеретсияи Россия Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода бо як гурӯҳ намояндагони кишвар ба Идораи динии мусалмонони шаҳри Санкт-Петербург ва минтақаи шимолу ғарбии Россия ташриф оварда, бо фуфтии ин минтақа Равил - Ҳазрат Панчеев мулоқот намуд.

ҲНИТ. ТААССУБ ВА ВОҚЕОТИ ХУНИН

  • Posted on: 20 December 2017
  • By: admin

Маълум аст, ки бархӯрдҳои сиёсию тамаддунии муосир рӯз ба рӯз вазъи мамлакатҳои Ховари Миёнаро нооромтар сохта, дарҳамбарҳамиро дар низоми зиндагӣ ба вуҷуд овардааст. Ин гуна шароит аз ниҳодҳои фарҳангию маърифатии ҷомеаи мо тақозо менамояд, ки дар самти муттаҳид намудани қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва дар ин замина  неруманд  сохтани ҷомеаи шаҳрвандӣ  ҷаҳду талош варзанд.

"НАҲЗАТ" Ё ҲИЗБИ МАМНӮЕ, КИ АЗ ИБТИДО ХИСЛАТИ ИРТИҶОӢ ДОШТ

  • Posted on: 20 December 2017
  • By: admin

Аслан пайдоиши ҳизбҳои сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун падидаи нави демократӣ хуб арзёбӣ мегардад. Вале дар ибтидои зуҳур ва ташаккулёбӣ қисме аз онҳо ба ҳаёти сиёсии ҷомеа таъсири манфӣ расонда, дар ниҳоят ба сар задани ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992 - 1997 сабаб шуданд.

ҲНИТ ВА "ДАВЛАТИ ИСЛОМӢ". ИСБОТИ АМАЛИИ ЯК БУДАНИ ТАЪЛИМОТ, ФАЪОЛИЯТ ВА МАҚСАДИ ИН ДУ ТАШКИЛОТИ ЭКСТРЕМИСТӢ

  • Posted on: 20 December 2017
  • By: admin

Солҳои охир тамоми ҷаҳон аз ваҳшонияти гурӯҳи ифротию террористии «Давлати исломӣ» ба ҳайрат омадааст. Куштори гурӯҳии одамони бегуноҳ, зинда ба зинда сӯзондан ё таркондани инсон, бо завқ тамошо кардану наворбардории саҳнаи куштор, ба кӯдакони хурдсол омӯхтани каллабурӣ, сохтани зиндонҳо, ҷорӣ кардани ғуломдорию ғуломфурӯшӣ ва ҳазорон ҷинояти дигаре, ки «Давлати исломӣ» анҷом додааст, ҳар рӯз одамонро дар саросари дунё ба ваҳшат меорад. 

ШАҲОДАТИ ЯКЕ АЗ САДҲО ШОҲИД

  • Posted on: 20 December 2017
  • By: admin

Вақт нишон дод, ки дигар миллати тоҷикро бо номи ислом фиреб дода намешавад ва ҳамагон медонанд, ки дар ислом аз ҷумлаи бузургтарин гуноҳон ин фитна андохтан байни  мардум аст. Пас инсофан хуб мешуд, ки ин фарзандони нохалаф тарки фитнаандозӣ карда, номи ин миллати бузургу мутамаддинро доғдор намекарданд.

Страницы