САҲМИ ҶАВОНОН ДАР РОҲИ ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

  • Posted on: 14 September 2018
  • By: admin

Вожаҳои «миллат», «давлат», «ваҳдат», «истиқлолият» ва «ҷавонон» ба ҳам тавъам буда, ваҳдату истиқлол пояи нигаҳдошти миллату давлат аст. Таҳкимдиҳанда ва нигаҳдорандаи ин ваҳдату истиқлол ва миллату давлат ҷавонони созандаву бунёдкор мебошанд. Хушбахтии миллат дар он зоҳир меёбад, ки дар он фазои ороми ваҳдату истиқлол ҳукмфармо бошад. Пайваста роҳбарияти олии кишвар низ таъкид менамоянд, ки қишри созандаву бунёдкунандаи кишвари азизамон Тоҷикистон маҳз ҷавонон мебошанд. Бале, имрӯз аксарияти аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Дар ҳар давру замон ҷойгоҳи неруи боризу барҷаста аст. Агар мо- ҷавонон бо чунин неру мусаллаҳ бошем, ин миллату давлат ва ваҳдату истиқлолиятро умри бардавом мебахшем. Воқеан шунидани суханони гаронарзиши Пешвои миллат - «зиракии сиёсиро аз даст надиҳед», «фирефтаи ҳар гуна ҳаракату гурӯҳҳо нагардед» ва монанди ин моро дар ин роҳ таҳрики бештар медиҳад.

Моро басандааст, ки дар роҳҳи таҳкими истиқлолияти давлатӣ, баланд бардоштани худшиносиву худогоҳии ҷавонони кишвар ба таърихи бисту ҳафт солаи Тоҷикистони соҳибистиқлол назар андозем. Пӯшида нест, ки солҳои аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон миллати тоҷик бо ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуд, зери таҳдиди нестшавӣ қарор дошт. Шукр, ки миллати соҳибтамаддуни тоҷик ин нооромиҳоро бо як неруи рустамона ва хеле зуд аз байн бурд. Таърих гувоҳ аст ва инро борҳо собит намудааст, ки сарзамини тоҷик на барои набарди дӯстон, балки баҳри тантанаи дӯстиву рафоқат офарида шудааст.

Инро ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар сессияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум 9-уми сентябри соли 1991, «Изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки он идомаи қонунӣ ва мантиқии «Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҳисоб мерафт. Мақсад аз қабули Изҳорот, пеш аз ҳама аз лаҳни фаромӯшӣ берун кашидани Эъломияи истиқлоли кишвар ва тартиби истифода қарор гирифтани он буд. Инчунин қабули ҳуҷҷати нав ба хотири аз байн бурдани саҳву хатоҳо ва норасогиҳо, муайян намудани масъалаҳои навини пешрафти кишвар ба амал бароварда шудааст. Пас аз он, ҳамасола  санаи 9 сентябр (аз соли 1991) – ро ҳамчун рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегирем.

Воқъеан, ҳодисаву таҳаввулоти даврони соҳибистиқлолӣ барои ҳар фарди тоҷик, хоссатан ҷавонон сабақи хуби зиндагист. Зеро дар марҳилаҳои мухталифи ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар Роҳбари давлатамон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳсос намуданд, ки ҷавонон метавонанд бо неруи созандаи худ дар нигаҳдошт ва ташвиқи фарҳангу тамаддуни миллат ва ваҳдати сартосарӣ саҳми муносиб гузоранд. Дар он солҳо, ки ҳанӯз пойдевори ваҳдату якдилӣ начандон устувор буд, Президенти кишварамон  зарур донистанд, то нишасту вохӯриҳои пайдарпайро бо намояндагони ҷавонон, зиёиён ва умуман бо кулли фаъолони соҳаҳои мухталиф доир намоянд.      

Дар ҳақиқат, баҳри ба даст овардани истиқлолу ваҳдати миллӣ ва минбаъд устувор доштани пояҳои истиқлолу ваҳдат мо- ҷавононро зарур аст, ки дорои дониши сиёсӣ ва неруи бузурги зеҳнӣ бошем. Имрӯз барои дар сатҳи зарурӣ рушд кардани ҳаёти илмиву адабии кишвар беҳтарин имконот мавҷуд аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи ҷомеаи мутамаддини ҷаҳон мавқеи худро чун ҷумҳурии соҳибистиқлолу ягона ва дорои арзишҳои илмиву маданӣ дарёфтааст. Дар зиёда аз 80 кишварҳои ҷаҳон ҷавонони тоҷик таҳсили илм ва кору фаъолият дошта, аз комёбиҳои беҳтарини илму фарҳангӣ олам воқифанд.

Истиқлолияту ваҳдат падидаи бузург аст ва хушбахт миллатест, ки онро аз ҳама гуна тӯфони ҳаводис эмин медорад. Таърих дар хотир дорад, ки дар арсаи ҷаҳонӣ бархе аз миллатҳо тӯли садсолаҳо инҷониб дар орзуи истиқлолу ваҳдат умр бар сар мебаранд, аммо соҳиби давлат нестанд. Хушбахтона, ин неъматро миллати соҳибтамаддуни тоҷик дарёфтааст. Аз ин хотир, бо кору афкор пайваста бояд ба қадри ин неъмат бирасем ва онро ончунон ки ҳаст, поку бегазанд ба наслҳои оянда ба мерос гузорем.  

Насиба Исаева,

корманди Кумита