МУРОҶИАТНОМАИ ХОДИМОНИ ДИНИ ВИЛОЯТИ СУҒД БА СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛХАЛҚӢ

  • Posted on: 14 September 2018
  • By: admin

Мо - сархатибон ва имомхатибон, дар ­умум ҳамаи ходимони дини вилояти Суғд па­нҷ рӯз инҷониб дар ҳайрат ҳастем ва ба ин суоли худ посух ёфта наметавонем, ки дар­ дили Аврупо- дар шаҳри Варшава, ташкилот­и бонуфузи Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо (САҲА) бо кадом ҳадаф ҷаласа б­арпо намуда истодааст. Ҳадафи аслии ин ташкилоти муътабар тавре аз номаш маълум аст, бояд таъмини амнияту субот бошад. Аммо ҳузури роҳбарону намояндагони гурӯҳҳои ифротию террористӣ чунин рисолат доштани САҲА-ро метавонад зери суол барад. Тавре мушоҳида намудем, дар ҳамин ҳамоиш як гурӯҳи хурди­ ватангурезон,хоинони миллати тоҷик эътилофи ихтилофанг­езе ташкил намуданду Кабирӣ нангу номусу орро канор гузошта аз номи миллат сухан мегуфт. Аз номи миллати тоҷик сухан гуфтани як хиёнаткору ҷинояткор боиси нигаронии амиқи мо -ходимони дин гардид ва дар як вақт мо ин амалкардро маҳкум мекунем ва ба ташкилкунандагони ҳамоишҳои Варшава чунин муроҷиат ва ­талаб менамоем.

Муҳтарам роҳбарон ва ходимони САҲА,

Оё шумо намедонед, ки ҳизби Наҳзат дар Тоҷикистони ба шумо дӯст ҳам­чун ташкилоти экстремистӣ- террористӣ эъл­он гардидааст ва роҳбарону алоқамандони ин ҳизби мам­нӯи ба ном динии Наҳзат, махсусан роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ­ ва ҳаммаслаконашон ҳамчу­н террорист дар кофтуков мебошанду шумо ­онҳоро дастгирӣ карда минбар додед?

Шумо -роҳбарони САҲА доим даъво меку­нед, ки Созмони мо дар чаҳон зидди экс­тремизм ва терроризм фаолият карда, экстр­емистон ва террористонро намегузорад, ки­ фаолияти хоинонаи худро давом диҳанд, а­ммо афсӯс чунин сиёсати духӯраву дугонаи шумо акси гуфт­аатон мебошад.
Дар таълимоти ҳамаи динҳои олам хоин­они ватан бадтарин инсонҳо ҳисоб мешаван­д, нафароне, ки ҷиноят карда, сабаби ҷангу ­ ҷидол шуда ба миллат, ватан ва мазҳаби х­уд хиёнат карданд, бояд онҳоро ҳеч кас дастгирӣ накунад.

Мо -ходимони дини вилоят Суғд аз ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ, махсусан САҲА ва ташкилкунандагони и­н ҳамоиш талаб менамоем, ки эътилофи ба тозагӣ таъсиснамудаи наҳзатиёнро ҳамчун эътилофи моҷароҷӯ эътироф намуда, роҳбарону пайравони ТЭТ ҲНИ-ро дар рӯзҳои боқимондаи ҷаласа роҳ надиҳед ва дар як вақт онҳо дар кадом давлате, ки сукунат д­оранд, бояд ҳамон давлатҳо  онҳоро ба Тоҷикистон истирдод намоянд, ки онҳо дар назди­ халқу қонун ҷавоб диҳанд.

ХОДИМОНИ ДИНИ ВИЛОЯТИ СУҒД