ДАР ҲОШИЯИ САФАРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВМКБ

  • Posted on: 14 September 2018
  • By: admin

Роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ки мо бо он устуворона пеш рафта истодаем, воқеан далели барҷастаи пирӯзии ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулгароӣ, ягонагии халқ ва ҳокимияти сиёсӣ маҳсуб меёбад.

Ин дастоварди нодир ҳоло ба ҳайси ҷузъи таркибии суннати таҳаммулгароӣ дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва диниву фарҳангии кишварамон нақши бузург дорад.

Миллати сарбаланди мо хуб дар ёд дорад, ки давлати тозаистиқлоли мо дар оғози солҳои навадуми асри гузашта ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуда, тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ фалаҷ гардид ва давлатро буҳрони амиқи сиёсӣ фаро гирифт.

Чунин вазъи пурфоҷиа хатари заволи давлат ва парокандагии миллатро пеш оварда буд. Вале, хушбахтона, бо фазли Худованди бузург ва такя ба сабақҳои таърих ва хиради мардуми фарҳангсолори тоҷик ба мо муяссар шуд, ки дар муддати кӯтоҳ пеши роҳи низоъи даҳшатноки дохилиро гирем, барои интихоби низоми давлатдории муосир ва рушди мамлакат заминаи мусоид фароҳам оварем.

Мардуми соҳибмаърифату сулҳҷӯи мо таҳти парчами ваҳдату ягонагии миллат ва ҳукми қуръонии «вас-сулҳу хайр» ба ҳам омада, ваҳдати миллиро ҳамчун шарти асосии пешрафти ҷомеа пазируфтанд ва барои ҳифзу таҳкими ин арзиши гаронбаҳо то ба имрӯз бо камоли ғайрату матонат азму талош карда истодаанд.

Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бозёфти арзишмандтарин мебошад, зеро он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буданд, заминаи воқеӣ гузошт.

Бинобар ин, ваҳдати миллиро, бешубҳа, метавон ҳамчун самараи дуоҳои модарони ҷигархун ва талошҳои хурду бузурги Ватани азизамон маънидод кард ва маҳз ба ҳамин хотир, ҳар яки мо вазифадорем, ки онро мисли гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдорӣ намоем.

Мегӯянд, ки ҳар куҷо қадами подшоҳ расад, гулистон мешавад. Сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тасдиқи ин гуфтаҳост.

Зимни сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ бинои наву замонавии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4 - ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд, ба фаъолияти бинои нави маъмурии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ оғози расмӣ бахшиданд, бинои қасри фарҳангро мавриди истифода қарор доданд,  бинои маъмурии шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бо тарҳи хосса бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.

Ҳамчунин Роҳбари давлат дар ноҳияи Дарвоз бинои нави шуъбаи маорифи ноҳияро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, дар маркази ноҳия дар фазои тантанавӣ сутунпояи Парчами давлатӣ ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ карданд.

Дар ноҳияи Роштқалъа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ беморхонаи вилоятии касалиҳои рӯҳиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, ҳамон рӯз бо гузоштани санги асос ба сохтмони 2 бинои истиқоматии 5 - ошёна, ки ҳар кадоме бо 25 ҳуҷра барои хизматчиёни давлатӣ бунёд мегардад оғоз бахшиданд.

Дар шаҳри Хоруғ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои оғози корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ санги асос гузошта, бинои ротаи алоҳидаи қисми ҳарбии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Пешвои миллат  дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Нерӯгоҳи барқи обии хурди “Тоҷикистон”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бинои нави маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро ифтитоҳ намуда, ҳамчунин ба фаъолияти бинои маъмурии Шуъбаи ҳифзи муҳити зист оғози расмӣ бахшиданд.

Ин ҳама пешрафту тараққиёт ва ободии диёр самари истиқлолият аст ва бояд донист, ки ҳамаи ин корҳо баҳри беҳбудии ҳаёти мардум буда, садақаи ҷория ва амали хайр маҳсуб меёбад:

Садҳо фаришта бӯса ба он даст мезанад,

К-аз кори халқ як гиреҳи баста во кунад.

Дар фарҳанги исломӣ ҳар кас асосгузор ё зиндакунандаи кори хубе (суннати ҳасана) бошад, то рӯзе, ки одамон он корро анҷом медиҳанд, барои ӯ низ савоб навишта хоҳад шуд. Садақаи ҷория ҳам монанди кори хуб то рӯзе, ки инсонҳо аз он баҳраманд мешаванд, савобаш ба омили он хоҳад расид.

Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати созандагию бунёдкоронаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аст, ки миллати куҳанбунёд ва фарҳангофарини мо имконият ёфт, ки ба таърих, адабиёт, фарҳанги гузашта ва нақши фарзандони барӯманди худ дар ғанӣ гардонидани арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, аз ҷумла дар ташаккул ва густариши  дини ислом ва таълимоти он аз наздик шиносоӣ пайдо намояд.

Дар зарфи 27 соли соҳибистиқлолӣ чашми мардуми мо дар роҳи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ то он дараҷа кушода гардид, ки ин амал тайи ҳазорсолаҳои пешин ба ӯ муяссар нагардида буд. Диди нав, дарки ҳастӣ ва ҳақиқат ба он дараҷа боло рафт ва халқ то он дараҷа дониш андӯхта, аз аслу насаби худ огоҳӣ пайдо кард, ки касе чашмдор набуд. Хубро аз бад, ростро аз дурӯғ, ҳақиқатро аз фитна ва тафриқаандозӣ фарқ мекардагӣ шуд. Ба сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат нисбати ободии кишвар, таъмини осоиштагӣ ва ваҳдату ҳамзистии мардумони он, таҳаммулпазирии динҳо ва мазҳабҳои гуногуни онҳо дар ҷомеа итминони комил ҳосил кард.

Аҳлиддин Сайвалиев,

мутахассиси Кумита