СИЁСАТИ ДУХӮРАИ СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛ КОРИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНИРО ДАР РОҲИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ТЕРРОРИЗМ ДУШВОРТАР МЕКУНАД

  • Posted on: 14 September 2018
  • By: admin

Агар ба таҷрибаи фаъолияти дигар ҳизбҳои сиёсии ҷумҳурӣ ва ҳатто ҳизбҳои сиёсии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Россия назар афканем, баръало маълум мегардад, ки онҳо мунтазам ҷиҳати тақвият додани эҳсоси ватандӯстиву меҳанпарастӣ, ба ҷо овардани шукронаи неъмати бузургтарин, яъне соҳибватанӣ ва озодӣ, ҳифзи содиқонаи манфиатҳои милливу давлатӣ, аз тамоми манфиатҳои дигар афзал донистани манофеи давлату миллат, саъю талош ба хотири мустаҳкам намудани пояҳои давлатӣ миллӣ, ҳифзи соҳибистиқлолии Ватан, суботи иҷтимоӣ, амнияти давлат ва ҷомеа, заҳмат кашидан ба хотири пешрафту ободии давлатӣ соҳибистиқлол талош меварзанд.

Аммо дар ягон самтҳои қайдшуда ТЭТ ҲНИ кӯшиш ба харҷ надодааст, барои суботи иҷтимоӣ, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ нақш нагузоштааст, худро аз ин табақаҳои иҷтимоӣ дур кардааст, аҳолиро, бахусус ҷавононро дар ин рӯҳия ҳидоят накардааст, фарз будани омӯзиши илму дониш ва азхудкунии касбу ҳунарҳои муосирро таъкид накардаст.

Ҳатто дар солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ роҳбарони ТЭТ ҲНИ бо роҳнамоиҳои кишвари ба мо “дӯст” ҳазорон ҷавони тоҷикро ба мадрасаҳои динии ин кишвар ҷалб менамуданд. Баъди баимзорасии Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз ташкил кардани “Ҷумҳурии исломии Тоҷикистон” даст накашида, буданд ва аз сулҳу суботи Тоҷикистон манфиатдор набуданд.

Яке аз тафриқаандозиҳои ТЭТ ҲНИ аз он иборат аст, ки аз доираи ваколатҳои оинномавии худ баромада, дар бинои Қароргоҳи ҳизб намози ҷумъаро бо аъзоёни худ баргузор менамуд. Ҳол он ки дар масофаи 500-600 метр дуртар масҷиди ҷомеи маҳаллаи «Чортут» тибқи низомнома расман фаъолият мекард. Дар қароргоҳи худ инчунин занҳоро барои хондани намоз ҷалб карда, ҳамзамон бо онҳо суҳбату мулоқотҳо анҷом медоданд. Агар роҳбарон ва пайравони ТЭТ ҲНИ дар мазҳаби ҳанафӣ устувор мебуданд, ба чунин кирдор роҳ намедоданд. Чунки дар ҳадис омадааст:

 «Намози зан дар хона, беҳтар аз намоз дар Масҷиду-л-ҳаром ва Масҷиди набавӣ аст. Беҳтарин масҷиди занон ҷавф ва қаъри манзилашон аст».

Оё ин гувоҳ бар он намедиҳад, ки тафриқа асли фаъолияти ТЭТ ҲНИ аст?.

Имрӯзҳо дар шаҳри Варшаваи давлати Лаҳистон зери сарпарастии Созмони Амняту Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ҳамоиши марбут ба ҳуққи инсон доир гашта истодааст ва боиси нигаронии амиқ аст, ки ин созмони муътабар, ки рисолаташ ҳифзи суботу амният аст, ки ба дасисаҳои чанд гурӯҳи ифротиву террористӣ, махсусан ТЭТ ҲНИ дода шуда, ба онҳо минбар медиҳад. Чунин шеваи муносибат ва сиёсати духӯра метавонад кори ҷомеаи ҷаҳониро дар роҳи мубориза бо терроризм мураккабтар созад.

Ҳусейн Шокиров,

сардори раёсати  иттиҳодияҳои динии Кумита