САФАРЕ БАРОИ ОБОДӢ ВА РАФЪИ КАМБУДУ МУШКИЛОТ

  • Posted on: 21 September 2018
  • By: admin

Дар ҳадисҳои Расули акрам ( с ) а­долати подшоҳ ва манфаати сафар башорат ­дода шудааст, ки ин яке аз сифатҳои Пеш­вои миллат мебошад. 
Ба тамоми мардуми олам, аз он ҷумла­ ба сокинони Тоҷикистон маълум аст, ки д­ар амалӣ кардани сиёсати оқилона ва хал­қпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафарҳои­ доимии Роҳбари давлат ба манотиқи кишва­р дар мадди аввал меистад, ки ҳар сол қа­риб дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар бо ма­рдум суҳбату мулоқот намуда, аз аҳволи ма­рдуми оддӣ бохабар мешаванд ва бо шароф­атии ин сафарҳо ҳамон шаҳру навоҳӣ ва ви­лоятҳо обод мешаванд.
Ҳафтаи гузашта сафари кории Ҷано­би Олӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бада­хшон сурат гирифт.
Чунонки аз намоишҳои телевизи­он оид ба ин сафар мушоҳида кардем, дар н­оҳияи Мурғоб барф меборид, чархболҳо аз д­охили кӯҳу дара, шамоли сахти хавфноку ба­рфи зиёд паровоз мекард, аммо Ҷаноби Олӣ ­ ба ин мушкилиҳои боду ҳавои номусоид ни­гоҳ накарда, аз ноҳияи Ванч то ноҳияи Мур­ғоб ба назди халқ рафта, бо мардум суҳбату  мулоқот намуданд, ки ин адолати халқпар­варона ва махсус аломати меҳру муҳаббати Роҳбари давлат нисбат ба халқи Бадахшон аст.
Пешвои миллат дар давоми сафар аз­ иншоотҳои ҳаётан муҳим, ки бо маблағгузории ­ Ҳукумати Ҷумхурӣ дар шаҳру ноҳияҳои ин Вилоят сохта шудааст, дидан намуда, ­бо қалби саршор аз хурсандӣ дар назди ха­лқ сухан мекарданд,ҳамчун падари меҳрубо­н ва Пешвои миллат мардумро насиҳат мек­арданд, аз дастовардҳои вилоят бо муҳаббат сухан мекарданд. Албатта дар давоми суханронии худ аз ҷино­яту ҷинояткорӣ ва бемасъулиятии баъзе м­асъулон ҳақиқати ҳолро мегуфтанд, ки ин ­ҳам адолат буд. Афсӯс, баъзе васоити ахбор­ ин дилсӯзии Ҷаноби Олиро аз рӯи ғараз бо ш­арҳу тавзеҳи нодуруст талқин карданд, ки ин аз рӯи инсоф ­нест.
Бо таваҷҷуҳ ба баъзе рӯзноманигорони дурӯғнигор ва гурӯҳҳои манфиатҷӯ гуфтаниам, ки дини мо аз мо тақозо дорад, ки мо касе  ки набошем, дар куҷое ­ кор накунем, бояд ҳақиқатро гӯем, ки роҳбари давлат, Ҷаноби Олӣ шабу рӯз барои с­арбаландии миллат заҳмат мекашанд ва б­арои ободии кишвар ба вилоятҳо сафар мек­унанд, аз ҷумла сафарашон ба вилояти Бад­ахшон як сафари мубораке буд, ки мо аз т­ариқи шабакаҳои иҷтимоӣ  ва васоити ахбор­и умум бохабар мешудем,мушоҳида мекардем­ ва дасти дуо бардошта дар ҳаққи халқу­ мамлакат ва Пешвои миллат дуои хайр мек­ардем.
 

ҲОҶӢ ҲУСАЙН МӮСОЗОДА,

сархатиби масҷиди ҷомеи марказии ш. Хуҷанд.