РОҲИ НАҶОТ ИТТИҲОД АСТ

  • Posted on: 2 October 2018
  • By: admin

Масъалаи ҷавонон ва пешгирии шомилшавии онҳо  ба ташкилот ва ҳизбу ҳаракатҳои экстримистӣ имрӯз аз масоили мубрам маҳсуб меёбад. Воқеаҳои  мудҳише, ки дар кишварҳои Ховари Миёна рух доданд, бештар бо иштироки ашхоси  раҳгумзада, ки синну солашон ниҳоят ҷавон аст, ба амал омад.
Мусаллам аст, ки  ҷавонон, нахуст маълумоти назариявиро аз мактаб ва донишгоҳ азбар мекунанд ва тавассути васоити электронӣ ва сайтҳои интернетӣ онро такмил мебахшанд. Яъне, онҳо аз ҷараёни ҳаёт на он қадар бохабаранд ва дар қабули қарорҳои муҳим ҳассосанд.
Олимон муқаррар кардаанд, ки маҳз ҷавонони аз синни 16 то 25 - сола як давраи лағжандаро аз сар мегузаронанд. Рушди минбаъдаи онҳо аз таъсири муҳити атроф сахт вобастагӣ дорад. Ҳини муроҷиат бо онҳо, барқарор кардани муносибат ва дар ин замина рӯи кор овардани муколамаву мубоҳисаҳо баъзе хусусиятҳои  калидии мансуб ба хусусияти синнусолиро бояд ба инобат гирифт. Аз ҷумла, ба гурӯҳи махсуси иҷтимоии ҷомеа мутталлиқ будани онҳо, ҳамзамон ҳамчун неруи мустақили пешраванда эътироф шуданашон, муҳимтар аз ҳама мансубияти онҳо  ба гурӯҳи аз ҷиҳати ғоявӣ шакл нагирифтаи ҷомеа бояд ба назар гирифта шавад. 
Ҳақиқат  ин ҷост, ки  дар замони муосир терроризм дар ниқоби дин бештар ҷилва мекунад ва худро ҳомӣ, пайрав  ё муътақиди ин ё он дин муаррифӣ мекунад. Мафҳуми “террорист - мусулмон”, ”террорист - буддоӣ”, ”террорист - насронӣ”, ки гӯё сарчашмаи он бовар ва эътиқод ба ин ё он дин аст, дар асри гузашта ва муосир шуҳрат пайдо кард, ки дар аксари маврид онҳоро бо мафҳумҳои “фанат” ё “сетант” ёд мекунанд.
Терроризм ба маънои васеъ моли як ду асри охир нест, балки дар ҳамаи замонҳо ин қувваи аҳриманӣ, бо номҳои мухталиф вуҷуд дошт ва бо роҳу воситаҳои гуногун ба ҳаёти одамон зарари худро мерасонд.
Ҳанӯз дар асри ХII ду роҳи омода кардани террористон мавҷуд буд: яке ба воситаи маводи мухаддир, ки аз онҳо “фидоӣ” месохтанд ва имрӯз низ ин усул аз ҷониби ташкилоти террористӣ  ба кор меравад. Аз ин рӯ, маводи мухаддир на танҳо ҳамчун неруи молиявӣ, балки ҳамчун аслиҳа низ истифода мешавад. Дувум, бо роҳи таъсири равонӣ, яъне психологӣ ҷалб кардан ба ақоиди диниву мазҳабӣ бо назардошти афзалияти молӣ мебошад. 
Нофаҳмӣ дар оила, қатъи назар аз шароити зиндагӣ, ихтилофи ақида, таъсири усули ҳаёти мардуми хориҷи кишвар, қарор гирифтан зери таъсир ва фишори афкори диниву мазҳабӣ, надоштани мақсади муайян дар зиндагӣ ва зери таъсири гурӯҳҳои ҷиноятӣ қарор гирифтан боис мешаванд, ки ҷавононро созмонҳои террористӣ ба доми хеш кашанд. Ҷавонон аз ин бало дар канор нестанд. Яъне, имрӯз усулҳои ҷалбкунии ҷавонон бо роҳҳои мухталиф рӯи кор меоянд ва дигар намудани афкори онҳо низ кори осон шудааст.
Омӯзишҳо нишон медиҳанд, ки аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ, асосан, ҷавонон ҷалб мешаванд, ки ин чанд сабаб дорад:
1. Аксари ин гурӯҳи ҷавонон неруманд ва пурқувват, вале аз назари ирода заиф ҳастанд, ки  моил намудани онҳо ба идеяҳои ифротгароён осон аст;
2. Ҳадафи дурнамои ташкилотҳои террористӣ ин омода кардани кадрҳои потенсиалӣ ба ҷои роҳбарони имрӯза мебошад.
Дар замони муосир яке аз роҳҳои таъсирбахши ин неруҳо  интернет ва сайтҳои иҷтимоӣ мебошанд. Воқеан ҳам, сайтҳои иҷтимоӣ осонтарин роҳи ҷалби ҷавонон ба ҳаракатҳои экстримистӣ мебошад. Интернет имрӯз дастгоҳи асосии фаъолияти террористон дар тамоми олам мебошад ва Тоҷикистон низ ҳамчун ҳадаф аз он берун нест. Сайтҳо бо ниқоби саҳифаҳои динӣ, мазҳабӣ, иҷтимоӣ, ҳатто адабиву фарҳангӣ, дар тағйири афкори ҷомеа ва вайрон кардани он кӯшиш мекунанд. 
Танҳо муборизаи якҷоя метавонад дар ин самт ҳадафманд бошад. Ҷои таассуф аст, ки на ҳамаи кишварҳои олам нисбат ба ин масъала таваҷҷуҳ доранд ва беаҳамиятии онҳо боиси сар задани фалокатҳои  нав  ба нав дар қаламрави олам мегардад.
Бо вуҷуди ин, дар қаламрави кишвар бояд корҳоеро ба анҷом расонд, ки то ҳадде роҳи шомилшавии ҷавононро ба гурӯҳу ҳаракатҳои экстремистӣ гирифта тавонанд. Инак, чанд пешниҳоди мушаххас, ки амалӣ шудани он аз ҷониби муассисаҳои таълимӣ ва ашхоси алоҳида, ки ба тақдири ҷавонон бетараф нестанд, имконпазир аст: 
1. Бештар ташкил намудани захираҳои интернетӣ бо мақсади аксуламал ба ҳуҷумҳои иттилоотии  ифротгароён. Аз ҷумла, таъсиси портал, сайтҳо, блог, форумҳо ва ғайра. Дар ин замина, таъсис додани фазои ягонаи иттилоотӣ бар зидди терроризм, ки дар он аз назари илмӣ шарҳу тавзеҳи  ҳақиқати терроризм ки ба ҷомеа зараровар аст, инъикос ёбад.
2. Ҷалби ҷомеа дар мубориза бо терроризм ва экстремизм ва таҳлилу баррасии пайваста оид  ба созмонҳои ифротӣ. Фаъол намудани иштироки шаҳрвандон дар аксияҳои зиддитерористӣ. Аз ҷумла, баргузор намудани интернет - конференсия  бо мақсади  баррасии масъалаҳои марбут ба экстремизм ва терроризм.
3. Дар мактабу донишгоҳҳо пайваста тавассути филмҳои ҳуҷҷатӣ, маърӯзаҳои презентатсионӣ, ташкил намудани дарс ва вохӯриҳо, ки  дар натиҷа метавонанд як фазои тафаккури зиддитероризмро дар байни ҷавонон пайдо кунанд.
4. Мураттаб сохтани барномаи махсуси машғулияти ҷавонон дар вақти холигӣ. Ин масъалаи ниҳоят муҳим буда, чорабиниҳо бояд берун аз қолабҳои анъанавӣ бо ғояҳои нави замонавӣ сурат гирад. 
Бетарафӣ нисбат ба ин масъала беэътиборӣ ба фардои ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, иттиҳоди ҷомеа дар маърифату таҳлили ин падидаҳои номатлуб тақозои замони имрӯз аст. 
Саидумрон САИДОВ,
дотсенти ДДХ ба номи Б. Ғафуров