НЕКИВУ БАДӢ ЧИСТ?

  • Posted on: 9 October 2018
  • By: admin

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангии мардум, ифтитоҳи як зумра иншооти нав ва мулоқот бо сокинон дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд. Ин боздид ва сафари кории Ҷаноби Олӣ боз қалби як зумра бадхоҳони миллатро пора намуд ва лаб ба суханҳое, ки аз он бӯи фитнаву тафриқаандозӣ меояд, боз намуданд. Дар рафти суханрониашон Ҷаноби Олӣ таъкид намуданд, ки сатҳи ҷинояткорӣ поин бурда шавад ва ҷинояткорон бояд дар назди қонун ҷавоб гӯянд. Албатта вақте дар ҷое ҷинояткор нуфуз пайдо мекунад, он ҷой ва макон ҳеҷ гоҳ ободу ором намешавад. Хушбахтона, имрӯз бо сардории Пешвои миллат шоҳиди он ҳастем, ки амният ва осудаҳолии мардум рӯз аз рӯз мустаҳкамтар гардида, барои инсонҳои бадхоҳ ва  бадсиришт ҷой тангтар мегардад.Инчунин ашхоси манфиатхоҳ мехоҳанд аз масофаҳои дур бо ҳар роҳу восита зарари худро бирасонанд. Дар ҳоле ки инсоният чун беҳтарин офаридаи Худованд бояд хислатҳои хоси худ, аз ҷумла одаму одамгарӣ некию накукорӣ ва саховатмандию хайрхоҳиро доро бошад. Ҳамеша бар он чаҳд намояд, то ба амалҳои хубу савоб даст занад. Касеро хушдилу осуда гардонад. Ягон дастоварди хубе аз худ боқӣ гузорад, то зинданом бошад.

Хиёнаткорон дар ягон давру замон хушбахт намегарданд, зеро: «Давлат ба ақл наздик аст». Каси бадкор, мардумозор ва хиёнаткор хамеша ба чазои Офаридгори бузург сазовор хохад буд.

Ҳар кӣ бар мардум хиёнат мекунад,

Кай расад ҳаргиз ба нозу неъмате?!

Оре, ҳар як пешравӣ мукофоти бузурги Офаридгори созанда аст, ки танҳо ба шахсияти арзанда сазовор дониста мешавад. Бадон, ки асоси матлабу маромашон бадкориву мардумозорист, дар ягон давру замон соҳибиззат гашта наметавонанд. Ноандешида бар он, ки ҳамаи нуқсону норасоиҳои ҳаёташон бар ивази амалҳои номатлубашон, ки ба фарзанди инсоният раво дидаанд, аз даргоҳи Худованди мутаол рӯзияшон гашт. Надониста аз он, ки ҳар як амали инсон дар ҳаёт сазовори мукофотест, ки дар тарозуи ҳаёт баркашида:

Худое, ки болову паст офарид,

Сазовори ҳар даст даст офарид.

Барҷост, ки ҳамаи хубию бадиҳо дар зиндагӣ дар ҳадди худ ҷавобе, мукофоте доранд. Ҳамеша бояд кӯшид, то некукору росткор бошему аз бадиҳо дур зиндагӣ кунем. То ҳадди имкон ба дармондагон дасти ёрӣ дароз кунем:

Ту некӣ мекуну дар Даҷла андоз, 

Ки Эзид дар биёбонат диҳад боз.

Ё худ:

Бад макун, ки бад афтӣ,

Чоҳ макан, ки худ афтӣ.

Албатта, бадкарда рӯзе сазовори ҷазои бад ва накукорон ба қадри заҳмати худ сазовори ҳаёти хушу гуворо, фарзандони солиму поктинат ва обрӯю манзалати бузург хоҳанд гашт. Мо низ дар ҳифзи амнияти ҷомеае, ки дар он зиндагӣ мекунем, бетараф набошем ва баҳри ободии Тоҷикистони азиз дар бари Пешвои миллат истода саҳмгузор бошем.

Маъруф Одинаев,

имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи Имом Бухории шаҳри Ваҳдат