ДУРӮҒ ФИТНАВУ ТАФРИҚА АСТ!

  • Posted on: 9 October 2018
  • By: admin

Чанд муддат мешавад, ки пушти саҳифаҳои интернетӣ яке аз фаъолони ТЭТ ҲНИ Муҳаммадиқболи Садриддин барои  фитна андохтан дар ҷомеаи ободу осуда бо суханҳои дурӯғину бофтаи худ ҳарфҳо мезанад. Тайи ҳафтаи сипаригардида боз як мавзӯеро аз номи Илҳомҷон Ёқубов-хоини дигари ҳамсони худаш бо номи «Ҳокимяти судӣ дар Тоҷикистон кайҳост, ки ба тиҷорат табдил ёфтааст», ибрози назар намудааст.

Бояд қайд намуд, ки барои Муҳаммадиқболи Садриддину нафароне мисли ӯ одат шудааст, то ҳамеша чизеро барои танқид намудан ва фитна андохтан дар ҷомеа биҷӯянд, аммо ин мақоли халқиро фаромӯш кардаанд, ки «Офтобро бо доман пēшонида намешавад». Тоҷикистони азиз аз пешрафтҳои худ боз намеистад,  қаҳрамонони миллати ватандēсташ ва ҳамаи мардуми сарбаланди тоҷик аз ин танқидҳо ва дурӯғҳои бофтаву сохта огоҳанд ва парвое ҳам надоранд, зеро дар ватани худ орому осуда зиндагӣ намуда, дар пешрафту гулгулшукуфии ин сарзамини биҳиштӣ саҳми худро мегузоранд.

Роҳбарону пайравони  ТЭТ ҲНИ ва ҳар касе, ки аз дур истода лофҳо мезанад, оё боре аз худашон пурсиданд, ки ба ин ватани биҳиштӣ, ки номаш Тоҷикистон аст ва миллати ранҷкашидаву азиятдидаашон чӣ хидмате кардаанд? Як бор ҳам бошад, сухани хоҷагони хориҷии худро не бигӯянд ва мунсифона назар афкананд, ки тӯли ин 27-сол, кӣ дар бари миллат буд?, кӣ миллатро сарҷамъ намуд?, чӣ касе аз болои минбарҳои созмонҳои байналмиллалӣ садо баланд намуда, аз дини мубини ислом дифо намуда гуфт, ки:« Ислом дини террористӣ нест ва мусалмон террорист нест»?, ки айни ҳол дар ғаму андуҳи миллати тоҷик дар паҳлуяшон аст?, чи касе барои пешрафт намудан ва ободии Тоҷикистони азиз кӯшишҳо намуда истодааст? Ва даҳҳо ингуна суолҳое аст, ки албатта касоне, ки ин миллату ин ватанро бад мебинанд, ҷавобашро намехоҳанд, аммо шахси оқил дар ҷавоби ин ҳама посухҳо ҳамеша сараввал хидматҳои беназири Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мебинад.

Дуруст аст, ки ҷомеа бидуни мушкилот буда наметавонад ва ҳар касе, ки мехоҳад кореро танқид намояд, бояд бо назари неку созанда ба нақду интиқод пардозад, на бо назари бухлу кинаву ҳасад.

С.Шарифзода,  Ф. Шоҳрухов,

омӯзгорони кафедраи таъриху диншиносии Донишкадаи исломии Тоҷикистон