Рўзаю рўзадорӣ ва садақот дар моҳи Рамазон

  • Posted on: 18 May 2018
  • By: admin

Мусулмонони диёри мо хуб медонанд, ки рўза доштан дар моҳи шарифи Рамазон ба мусулмонон соли дуюми ҳиҷрӣ фарз гардида, пас аз калимаи шаҳодат, намоз ва закот рукни чаҳоруми аркони панҷгонаи дини ислом ба шумор меравад.
Ҳудуди 14 аср аст, ки тоҷикон аз ислом, алалхусус мазҳаби ҳанафӣ, пайравӣ мекунанд ва ин дини мубину ин мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат ба тамоми соҳаҳои зиндагии мардуми сарзамини мо нуфуз пайдо карда,  як ҷузъи ҷудонашавандаи равиши зиндагӣ ва тарзи тафаккуру ҷаҳонбинии  ҳар як фарди ҷомеаи мо гардидааст. 
 Рўза дар поксозии  бадани инсон нақши закотро дар мол анҷом медиҳад. Паёмбари акрам (с), ки худ нуҳ сол рўзаи моҳи мубораки Рамазонро гирифта буд, фармудааст: «Ҳар чизе закоте дорад ва закоти бадан рўза аст». Расули акрам (с) рўзаи моҳи Рамазонро сипар ва нигаҳдорандаи соҳиби худ аз оташ номида, мефармояд: «Шахсе, ки Рамазонро аз рўи имон ва ихлос рўза бидорад, гуноҳҳои гузаштаи ў омурзида мешаванд». 
Рўза дорои ҳикматҳои зиёдест, он танҳо як навъи гуруснанишинӣ, риёзати бадан, худдорӣ аз хўрдану нўшидан ва ҳамбистарӣ ё сер кардани гуруснагон нест, балки худдорӣ аз тамоми рафтору кирдори бад, соҳиби ахлоқи ҳамида будан, некугардонии хулқу атвор мебошад. Худдорӣ аз хўрдану нўшидан ва ҳамбистарӣ танҳо ҷанбаи зоҳирии рўза аст ва Худованд ҳеҷ ниёзе ҳам ба он надорад. Рўза ѓизои маънавии рўҳ мебошад, мисли он ки хўрок ба тан қувват мебахшад, рўза ҳам ба руҳ неру мебахшад. 
Рўзадор ба монанди намозгузор дар ҳолати ибодат қарор дорад, танҳо фарқ дар он аст, ки агар дар намоз сухани дунёӣ гуфтан ва ҳаракати зиёдатӣ кардан раво набошад, шахси рўзадор сухан мегўяду ҳаракат мекунад, вале бояд аз тамоми аъмоли зишту ҷоҳилона, рафтори ношоиста, гуфтори беҳуда, алфози зишту носазо худдорӣ карда, аз хусумат, дурўѓу туҳмату ѓайбати дигарон ва амсоли ин канораҷуӣ намояд. 
Худои таоло дар Қуръони карим зимни хитоб ба аҳли имон мефармояд: «Ё айюҳа-л-лазина оману кутиба ъалайкуму-с-сиёма камо кутиба ъала-л-лазина мин қабликум лаъаллакум таттақун». Сураи «Бақара», ояти 183.
 Тафсир:
«Эй касоне,ки имон овардед, бар шумо рўза доштан лозим карда шуд, чунон ки бар касоне лозим карда шуд,ки пеш аз шумо буданд, то бошад ки парҳезгорӣ кунед!». 
Аз ин оят ба таври ошкору возеҳ аён мегардад, ки рўза ибодати қадимӣ ва бар пайравони динҳои пешин низ фарз гашта будааст. 
Рамазон мактаби ҷавонмардӣ ва бахшиш, мавсими садақаву хайрот аст. Расули акрам дар саховатмандӣ, ҷавонмардӣ ва ѓамхориву дилсўзӣ ба ниёзмандон намунаи ибрат буд. Дар моҳи мубораки Рамазон аз дигар моҳҳо бештар некӣ мекард, ба бахшишу эҳсон мепардохт, сахитару бахшандатар буд. Паёмбари гиромӣ фармудааст: «Беҳтарин ва боарзиштарин садақа он аст, ки дар моҳи Рамазон анҷом гирад».
Бесабаб нест, ки Сарвари кишварамон Эмомалӣ Раҳмон 4 июли соли 2013 дар мулоқоти дар “Кохи Ваҳдат” бо аҳли ҷомеаи кишвар, ходимони дин, намояндагони иттиҳодияҳои динӣ, роҳбарони вазорату идораҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, раисони ҷамоатҳо, масъулони бахшҳои иҷтимоӣ, мудирони шуъба ва бахшҳо оид ба корҳои дини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва кормандони Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон перомуни муносибати давлат ва дин доиргардида, қайд намуданд, ки вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа аз он иборат аст, ки арзишҳои олии фарҳангии милливу диниамон - некиву накўкорӣ, адлу инсоф, хайру саховат ва дастгирии ятимону дармондагонро дар байни мардуми шарифи Тоҷикистон тарѓибу ташвиқ намоем. 
Худованд дар Қуръони карим ваъда додааст: « ...Ва он чи аз мол харҷ кардед, (нафъ) барои (зоти) шумо аст. Ва лоиқ нест, ки ҷуз барои талаби рўи Худо харҷ кунед. Ва он чи аз мол харҷ кардед, ба тамом ба (сўи) шумо расонида шавад; ва шумо ситам карда нахоҳед шуд». Сураи “Бақара”, ояти 272.
 Ҷои дигар Қуръон хабар додааст: «Касе некие анҷом диҳад, барояш даҳ баробар афзоиш меёбад». Сураи «Анъом», ояти 160.
Даҳ баробар дараҷаи поёни подоши як некӣ ва ҳасана мебошад ва он то ҳафтсад баробар,... ва болотар аз он афзоиш меёбад. Расули Худо (с) мефармояд: «Тамоми амали фарзанди Одам (дар назди Худо) афзоиш дода мешавад. Некӣ аз даҳ то ҳафтсад баробар ва то он ҷое, ки Худо бихоҳад, афзоиш меёбад». «Саҳеҳ»-и Муслим, 2707.
Қуръон дар мавриди афзоиши аҷру подоши аъмоли хайр ва инфоқоти ҷавонмардонаи шахси накукор дар назди Худо чунин тамсил задааст:
«Масали касоне, ки амволи худро дар роҳи Худо харҷ мекунанд, монанди масали як дона аст, ки ҳафт хўшаро бирўёнад, дар ҳар хўша сад дона аст. Ва Худо ба ҳар ки хоҳад, дучанд медиҳад; ва Худо Фарохнеъмати Доно аст». Сураи «Бақара», ояти 261.
Худованд инфоқу ҷавонмардӣ дар роҳи Худоро қарз додан ба Ў таоло донистааст. Ба ин маъно, ки ҳар чизеро, ки банда дар роҳи Худо сарф менамояд, подош ва ивази он ба сурати қарзе дар назди Худованд маҳфуз нигоҳ дошта мешавад, балки онро чандин баробар барояш афзоиш медиҳад: «Кист, ки Худоро қарзи некў диҳад, то онро барояш (Худо) чандин баробар биафзояд. Ва Худованд (худ дар рўзии бандагонаш) қабзу баст (ва тангиву фарохӣ) эҷод менамояд ва ба сўи Ў бозгардонида мешавед». Сураи «Бақара», ояти 245.
Инсон набояд дар пайи садақот, некиҳо ва хайру ҷавонмардии худ миннату озор ва риёкорӣ намояд:
«Барои касоне, ки амволи худро дар роҳи Худо харҷ менамоянд, сипас, аз пайи он харҷ кардан миннат (ниҳодан) ва озор(расонидан)-ро (дар миён) намеоранд,  назди Парвардигорашон муздашон ҳаст; ва бар онҳо тарсе нест ва на онҳо андўҳгин намешаванд». Сураи «Бақара», ояти 262.
Паёмбари Худо (с) фармуданд: Бар ҳар мусулмоне садақа додан лозим аст. Гуфтанд: Эй Паёмбари Худо (с) касе, ки чизе надорад, чӣ кунад? Фармуданд: Кори некеро анҷом бидиҳад ва барои худ ва дигарон манфиат бирасонад. Гуфтанд: Агар натавонист? Фармуданд: Ба ҳоҷатманде, ки аз вай кумак мехоҳад, ҳамкорӣ намояд. Гуфтанд: Агар натавонист? Фармуданд: Кори некеро (ки метавонад) анҷом бидиҳад ва аз кори бад худдорӣ намояд ва ҳамин чиз барояш садақа маҳсуб мегардад. 
Дар ҳадисҳои зер Расули Худо (с) фармуданд:
1.«Ҳамон кас ба ман имон наовардааст (яъне, имони комил наовардааст ва аз ҷумлаи накукорон нест), ки бо шиками сер мехобаду ҳамсояаш гурусна аст ва ў аз гуруснагии вай хабар дорад (ё аз ҳоли вай хабар намегирад ва парвое ҳам надорад)».
2. Худро аз оташи дўзах наҷот диҳед, агарчи бо садақа додани порае аз хурмо. Ва агар ҳатто порае аз хурморо наёфтед, пас бо сухани неку худро наҷот диҳед!
  Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ ривоят аст, ки Паёмбари акрам(с) дар мавриди муомилоти хариду фурўш фармудааст: «Раҳмати Худо бар касе бод, ки ҳангоми харидуфурўш ва ҳангоми талаби ҳаққаш осонгир бошад». Ҳамчунин аз Абуҳурайра ривоят аст, ки Паёмбари акрам фармуд: «Касе, ки фиребкорӣ мекунад, аз мо нест». 
   Рўзҳову шабҳои Рамазон қадру манзалати бузург доранд. Яке аз фазилатҳои ин моҳ ин аст, ки савоби амалҳо дар ин шабу рўз дучанд мегарданд ва гуноҳу хатоҳо бо анҷом додани амали нек, ки сабаби наздик шудан ба Худост, бахшида мешаванд.  Тамоми лаҳзаҳои ин моҳ муборак аст, аммо дар ин моҳ шабе вуҷуд дорад, ки онро «қалби моҳи Рамазон» хондаанд ва он «Шаби Қадр» аст. Дар ин шаб Қуръон ба Расули акрам (с) нозил шудааст. Ҳар амали хуб ва тоату ибодате, ки дар ин шаб анҷом дода мешавад, бо амал ва ибодати ҳазор моҳ, яъне як умри одамӣ ( беш аз 83 сол) баробар аст.   
Қобили тазаккур аст, ки дуои  қабл аз ифтор кардаи рўзадор ҳамеша мавриди иҷобат қарор дорад.
Наҷмиддин Салимов -
Сармутахассиси Раёсати таҳлил
ва ташхиси диншиносии Кумитаи
оид ба корҳои дин, танзими анъана 
ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҶТ