“РОҒУН” - ДАСТОВАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

  • Posted on: 7 November 2018
  • By: admin

Даврони истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Пешвои миллат дар ин кор ибтидои ҳама бунёдкориҳо ва созандагиҳоро дида, даричаи наҷотро низ дар он дарёфта буданд. Дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ, ки ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат мебошанд, бо сохтмони нерӯгоҳҳои хурду калони барқи обӣ, хатҳои интиқоли қувваи барқ, нақбҳо, шоҳроҳҳову пулҳои байналмилалии мошингард ва даҳҳо иншооти азими инфраструктураи иҷтимоӣ натиҷаҳои нек ба даст оварда шуданд.

Бунёдкориву созандагӣ дар ин самтҳо вусъати тоза пайдо кард. Баъди чанд рӯзи дигар бо ба кор андохтани навбати аввали неругоҳи барқи обии “Роғун” бо як қадами устувори дигар дар роҳи таъмини истиқлолияти энергетикӣ хоҳем гузошт.

Ҳар як инсон бояд дар зиндагӣ як амали хайре, як кори неке, як ёдгорие аз худ боқӣ монад. Вақте ки шахс аз дунё мегузарад, танҳо амали некаш ёди ӯро зинда мегардонад. Албатта, ҳамаи одамон мирандаанд, вале агар аз кас ягон амали хубе боқӣ монда бошад, ҳар боре ки ба он менигарӣ, беихтиёр заҳмати бепоёни ӯ номи он шахсро зиндаёд мегардонад.

Агар инсон дар ҳаёти худ ягон амали некро анҷом надода ва аз худ чизеро ба мерос нагузошта бошад, ба мисли фарзанди нек, илми боманфиат, боғи бунёдкардашуда, пули сохташуда, пас он шахс умри худро зоеъ намуда ва ранҷи бефоида бурдааст.

Имрӯз миллати тоҷик давлати демократӣ, дунявӣ ва хуқуқбунёд дорад. Имрӯз мардуми точик ба бунёди иншоотҳои бузурги аср ба мисли  Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” машғул аст, ки дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.

Мардуми шарифи Тоҷикистони азиз имрӯз аз як гиребон сар бароварда, дар атрофи Пешвои миллат сарҷамъ шуда, ин иншоотро обод намуданд.

Ҳар як мутахассис ва коргари ин иншооти бузург шабро шаб, рӯзро рӯз нагуфта, кору фаъолият карданд, қарзи ватандорӣ адо намуданд ва дар бунёди ин иншооти бузург саҳм гузоштаанд.

Имрӯз ҳар як пиру барнои миллат бо кадом роҳе, ки набошад, барои ободонии НБО-и Роғун саъйу талош мекунад. Имрӯз Роғун майдони заҳматҳои фаровону самарабахш, мояи ифтихору эътибори соҳибватанон, ҳастии шуҷоату мардонагӣ  ва шарафмандии миллати тоҷик  мебошад.

Чанд соле қабл Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам    Эмомалӣ   Раҳмон   ба   мардум   бобати   кумаку дастгирӣ баҳри сохтмони ин иншооти бузург муроҷиат карданд. Ин муроҷиати Пешвои миллат ба кулли мардуми ин сарзамин қобили қабул гашта, ҳамагон онро хуб пазируфтанд, дастгирӣ намуда истодаанду ҳамагӣ ҷонибдоранд. 

Миллати тоҷик аз қадимулайём соҳибхираду меҳнатдӯст ва пурғайрат аст, ҳамеша дар пайи ободиву озодагист. Ин миллати бузург хамеша кӯшиш бар он дорад, ки ба касе дастнигару эҳтиёҷманд набошад ва душвориву монеаҳоро бо заҳмати бузурги худ паси сар намояд.

Бо ҷидду ҷаҳди бузург, бо иттиҳоду сарҷамъӣ санг болои санг ниҳода, Роғунро обод карданд, то ки ояндаи кишвар дурахшон бошад. Тоҷикистони азиз баъд аз ба кор даровардани ин иншооти аср дар байни дигар кишварҳои дунё сарбаланду номдор хоҳад гашт.

Имрӯз миллати тоҷик кохи нуру маърифати тоҷикистониёнро бо қувваи дасти хеш, бозуву ақлу хиради худ, бо маблағи ба арақи ҷабин бадастовардаи хеш бино кард, ки ин барои наслҳои оянда ҷовидон хоҳад монд.

Бунёди Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” боис мегардад, ки буҳрони шадиди энергетикӣ рафъ гардад ва барои рушди бештари иқтисоди миллӣ нақши боризе гузорад.

Абдувоҳид Ҳомидов 

мутахассиси Раёсати фатвои Маркази исломии Тоҷикистон