РОҒУН МУБОРАКБОД БОД!

  • Posted on: 7 November 2018
  • By: admin

Эй шаҳри Роғун – шаҳри нур, аз ту расад бар мо сурур,
Аз ифтитоҳ омад нидо: Роғун муборакбод бод!
Ту ифтихори миллатӣ, аз баҳри мо ту нусратӣ,
Аз дил бигӯям: Марҳабо, Роғун муборакбод бод!
Андар барат баҳри азим, дар байни кӯҳсори қадим,
Пешвои миллат раҳнамо, Роғун муборакбод бод!
Шодӣ диҳад бар хосу ом нерӯи барқи мустадом,
Бар дарди ин миллат даво, Роғун муборакбод бод!
Аз баҳри осоиш ба мо андар дили ин кӯҳҳо,
Шуд Пешво худ муқтадо, Роғун муборакбод бод!
Бо азми неку, эй Ҳусайн, бо Пешво ҳамроҳ бош
Дар ҷодаи нуру сафо, Роғун муборакбод бод!
Дар дил муҳаббат баҳри халқ, фардои миллат дар назар,
Бар Пешво гӯям сано, Роғун муборакбод бод!
***************************************************************************** 

Аё Роғун, аё Роғун, ба мо нуру сафо, Роғун! 
Барои миллату қавмам ато аз Пешво, Роғун! 
Ҳама ободии кишвар зи нури шамси истиқлол, 
Ҷавонмардии ин сарвар ба ту орад сано, Роғун! 
Бинои садди мустаҳкам ба мисли садди Искандар, 
Кушояд садди пеши оби ту роҳи зиё, Роғун. 
Шуъои равшани дилҳо ҳама вобаста бо номат, 
Забони миллати тоҷик бигӯяд: Марҳабо, Роғун! 
Суруду зиндагии мо бувад бо Пешво маъруф, 
Тараннум мекунад доим зи оҳангу наво Роғун. 
Зи нураш, эй Ҳусайн, акнун мунаввар шоми 
кишварҳо, 
Барои асри оянда ба миллат раҳнамо Роғун   

ҲУСАЙН МӮСОЗОДА,

номзади илмҳои филологӣ