ҲУҶҶАТИ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТ

  • Posted on: 8 November 2018
  • By: admin

Конститутсия-Қонуни асосии давлат, унсури марказии низоми ҳуқуқии кишвар, заминаи эҷод ва такмили минбаъдаи конунгузорӣ, муайянсозандаи дурнамои ҳуқуқии пешрафти ҷомеа ва давлат мебошад.

Конститутсияи кишвар Тоҷикистони моро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақили дорои низоми мукаммали сиёсиву ҳуқуқӣ муаррифӣ намуд, ки дар он инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ буда, барои шароити зиндагии арзанда ба ҳар шахс заминаҳои устувори иҷтимоиву иқтисодӣ гузошта шудаанд.

Конститутсияи мо дар худ муҳимтарин принсипҳои демократии аз ҷониби ҷомеаи башарӣ эътирофшударо таҷассум намуда, баробарии хамаро дар назди қонун эълон дошт. Аз вақте ки инсоният ба марҳилаи муайяни рушд расиду зиндагии муташаккилона оғоз намуд, дарк кард, ки ба як неруи низомбахш ва раҳнамо эҳтиёҷманд аст. Тадриҷан ифшо гардид, ки  чунин неруи муҳим маҳз маҷмӯи қонунҳо буда метавонад ва бидуни қонуну қоидаҳои муайян ва риояи қотеонаи онҳо зиндагӣ басо душвор ва саршор аз мухолифат хоҳад буд. Ҳамин тавр, бо амру зарурати рӯзгор ва воқеияти зиндагӣ, аввалин қонунҳо рӯи кор омаданд ва минбаъд маҷмӯи қонунҳоро созмон додаанд.

Қонуни мо, ки ҳуҷати пурифтихои мост,

Қонуни истироҳату таҳсилу кори мост.    

Қонуни сарфарозиву авҷу барори мост,

Қонуни халқу давлати пуриқтидори мост.

Қонунгузорӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ дар таърихи халқи тоҷик низ таърихи куҳан дорад. Ниёгони мо дар давлатдории хеш ба як қатор қонунҳои устувор эътимод мебастанд ва барои танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ онҳоро асос мегирифтанд. Таҳия ва қабули Конститутсияе, ки воқеан ҳам ба таври куллӣ ифодакунанда ва ҳимоятсози манфиатҳои шаҳрвандон ва тамоми аҳли ҷомеа бошад, барои мардуми тоҷик танҳо пас аз расидан ба истиқлолияти давлатӣ муяссар гардид. Ба туфайли Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон неруҳои созандаву покнияти сиёсӣ бо роҳбарии фарзанди фарзонаи халқи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон сари қудрат омаданд ва тадриҷан вазъият дар мамлакат рӯ ба беҳбуд овард. Давра ба давра  қонунҳои нав ва басо муҳим қабул гардиданд ва дар натиҷаи ин қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон заминаи созгор фароҳам омад.

Аз соли 1991-соли бунёди Ҷумҳурии моҳибистиқлоли Тоҷикистон то соли 1994 қабули нахустин Конститутсияи давлати мустақили Тоҷикистон вазъи сиёсиву иҷтимоии мамлакат хеле мураккаб буд. 24 сол  муқаддам 6 ноябри соли 1994 бо қабули Конститутсия дар таърихи давлатдории тоҷикон саҳифаи наве боз шуд, ки дар таҳкими қонунгузорӣ дар мамлакат ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои чӣ шаҳрвандони хориҷӣ ва чӣ дохилӣ заминаи мустаҳкам фароҳам овард. Акнун Конститутсияро ба таври зербиное шабоҳат додан мумкин буд, ки аз рӯи он сохтмонро оғоз мекунанд. Конститутсия ҳамчун китоби начандон калон аст, аммо дар он мундариҷа ва моҳияти тамоми соҳаҳои зиндагӣ ва дурнамои инкишофи давлату давлатдорӣ: шакли идоракунӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, хулоса муҳимтарин самтҳо ва равияҳои рушди ҷомеа ва давлат инъикос ёфтаанд.

Конститутсияи ҶТ ифодагари ормонҳои ҳазорсолаи мардуми тоҷик буда, самти инкишофи бебозгашти давлатдории миллати тоҷикро ба сӯи демократия ва бунёди давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ муайян намудааст.

Зарнигор Раҳимова,

сармутахассиси Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросими Кумита