ФАРЗАНДОНРО ТАРБИЯ НАМОЕМ, ТО БА РОҲИ БАД НАРАВАНД

  • Posted on: 8 November 2018
  • By: admin

Дар моддаи 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» волидон уҳдадор гардидаанд, ки «кирдорҳои зиддиҷамъиятӣ, муомилаи дағалона бо атрофиён, халалдор намудани оромӣ, истифодаи суханҳои қабеҳ, рафтори дағалона дар кӯчаҳо, хиёбонҳо, майдонҳо, муассисаҳои фароғатӣ, дохили нақлиёт, хобгоҳҳо, манзили зист, дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва муносибати тахрибкоронаи фарзандро ба муҳити зист пешгирӣ намоянд; ба фарзанд тамошои филмҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ, зӯроварӣ, экстремистӣ ва террористиро манъ намоянд;  ба фарзанд мутолиа ва паҳн кардани сабт­ҳои электронӣ (аз ҷумла, тариқи телефонҳои мобилӣ), китобҳо, варақаҳо, рӯзномаҳо, маҷаллаҳо ва дигар маводи чопии дорои хусусияти шаҳвонӣ, зӯроварӣ, экстремистӣ ва террористиро манъ намоянд».

Мақсад аз риояи талаботи мазкур ин аст, ки фарзандон дуруст тарбия гиранду аз хавфу хатар, фитнаю дасисаҳои замони муосир эмин бошанд. Имрӯз неруҳое, ки аз насли наврас ва ҷавонон террорист, ҷоҳилу золим сохтанӣ мешаванд, кам нестанд. Аз ин ҷиҳат қонуни зикр­шуда ва тадбирҳое, ки имрӯз Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт андешида, истодаанд, ниҳоят муҳиманд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр карданд, ки: «Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд».

Боиси таассуф аст, ки бештари кирдорҳои ношоистаи зиддиинсониро ба мусулмонон иртибот медиҳанд ва дурӯғу фитнаи хешро тарғибу ташвиқ менамоянд. Тавре Пешвои миллат таъкид карданд, террористу экстремист дину мазҳаб, миллат надорад. Дини Ислом ҳеҷ гоҳ куштору хунрезиро талқин намекунад. Баръакс, таълимоти Ислом, бахусус Қуръони азимушшаън, ки Каломи Худо аст, ваҳдат ва дӯстии миёни одамонро талқин мекунад.

Барои дарки чунин маъниҳои башардӯстона, аз байн бурдани нофаҳмию бесаводӣ ва пешгирии зуҳуроти номатлуб зарур аст, ки дар ниҳоди  ҷавонону наврасон ҳувияти миллӣ, ҳисси ватанпарастӣ, маърифати динӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва ахлоқиро баланд бардорем. Дар ин самт бояд аҳли ҷомеа, аз ҷумла, роҳбарону масъулони мақомоти маҳаллӣ дар якҷоягӣ бо омӯзгорону ходимони дин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот амал намоянд.

Мо – аҳолии деҳоти «Гулистон»-и ноҳияи Рӯдакӣ тибқи ҳамин усул фаъолиятамонро ба роҳ мондаем. Бояд зикр кард, ки деҳоти мо аз ҷумлаи сернуфузтарин деҳоти ноҳияи Рӯдакӣ маҳсуб меёбад, ки дар шафати пойтахти ҷумҳурӣ – шаҳри Душанбе ҷойгир аст. Дар он беш аз 47 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунад, ки 60 дарсади онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд. Тибқи нақша — чорабиниҳои тасдиқгардида, бо мақсади пешгирии амалҳои номатлуб, аз ҷумла, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ гурӯҳи махсуси корӣ таъсис ёфтааст. Аъзои гурӯҳ, ки аз ҳисоби масъулони ҷамоати деҳот, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, омӯзгорони фаъол, имом-хатибон ташкил гардидааст, мунтазам дар деҳаҳо суҳбату мулоқот ташкил карда, бо мардум мубодилаи афкор менамоянд, роҳҳои пешгирӣ аз амалҳои номатлуб ва зарурату аҳамияти қонуну қарорҳои батасвибрасидаро мефаҳмонанд. Зеро огоҳии мардум аз хатарҳои терроризму экстремизм ва ифротгаройӣ, ба роҳ мондани тарбияи дурус­ти оилавӣ, ташвиқи илмомӯзӣ дар миёни наврасону ҷавонон ва ҷалби онҳо ба машғулиятҳои манфиатбахш  метавонад барои аз байн бурдани ҳама гуна зуҳуроти номатлуб мусоидат намояд. Аз ин ҷост, ки аксари ҷавонони мо шуғли доимӣ доранд ва ба варзишу корҳои фоиданок машғуланд.

Воқеан ҳам, агар мо бо масъулияту ғамхорӣ фарзандон, насли наврас ва ҷавононро тарбия намоем, донишу ахлоқ омӯзем, онҳо аз роҳҳои бад мегарданд ва ба ҷомеа нафъи бештар мерасонанд.

Неъматулло САИДОВ,

сармутахассиси бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти «Гулис­тон»-и ноҳияи Рӯдакӣ