АДАБИЁТИ ИФРОТГАРОЁНА-ОМИЛИ АСЛИИ ГАРАВИШИ ҶАВОНОН БА ТЕРРОРИЗМ

  • Posted on: 8 November 2018
  • By: admin

Дар баробари он ҳама заҳмату талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати аз байн бурдани қонунвайронкуниҳо миёни насли ноболиғ ва ҷавони кишвар, дастдарозӣ намудани ҷавонон ба ҷинояткорӣ, пайравӣ намудани баъзеи онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарову террористӣ, содиршавии амалҳои зишт, миёни қишри ноболиғ ва ҷавони кишвар ҳамчун мушкилоти рӯз боқӣ мемонад. 
Пайравии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротгаро яке аз мавзӯъҳои нигаронкунандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, кӯтоҳандешии ин насл ва домҳои сеҳргароёнаи мубаллиғони созмону ҳизбҳои таҳаммулнопазир баъзе аз ҷавонони моро низ гумроҳ кардааст.
Коршиносон бар он ақидаанд, ки бегонапарастиву ҷой гирифтани ақоиди ифротгароёна ба тафаккури насли ҷавон сабабгори аслии пайравии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротӣ мегардад. Ба бегонапарастиву дигаргуншавии ақидаи ин насл бошад, танҳо ва танҳо адабиёти ифротгароёна, маводҳои таблиғкунанда ва дигар омилҳои рӯҳан дигаркунсозанда сабабгор мешавад. 
Воқеан таи 10 соли охир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки ин ҳолат воридот ва назорати адабиёти динро ба кишвар пурзӯр намуда, дар ин самт ба комёбиҳо ноил гаштааст. Тибқи таҳлилҳо то ба ҳол ба таври пинҳонӣ паҳн кардани адабиёти динии дар зоҳир насиҳатомезу ботинан ифротгароёна ва тарғибкунандаи мазҳабу равияҳои бегона ба мушоҳида мерасад. Тибқи иттилои Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли равон зимни гузаронидани 13 амалиёт 763 номгӯй адабиёти динӣ, 157 адад фитта, 4 адад протсессор мусодира карда, дар натиҷа 11 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст. Ин дар ҳолест, ки бо мақсади пешгирии воридоти адабиёти динии ифротгароёна Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати сарҳадоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт фаъолияти ҷиддиеро ба роҳ мондаанд. 
Дар ин ҳолат саволе ба миён меояд, ки ақоиди ифротгароёна ва адабиёти таблиғкунандаи равияҳои бегонаву гурӯҳҳои ифротгаро кай ба марзи кишварҳои Осиё Миёна роҳ ёфт? Ҷиҳати дарёфти посух ба ин савол мо пайгири ин мавзӯъ шудем. 
Мувофиқи таҳлилҳои пажӯҳишгарон ҳанӯз солҳои 1930 -и асри гузашта аввалин адабиёти динӣ аз ҷониби роҳбарони “Ихвон-ул-муслимин” бо манфиатҳои шахсӣ ва хислатҳои сиёсидошта рӯи кор омаданд. Аммо ба минтақаи Осиёи Миёна бошад, чунин адабиёт тайи солҳои 1970 ба воситаи донишҷӯёне, ки дар хориҷ таҳсил мекарданд, вориди марзи Осиёи Миёна гардид. Ҳамин гуна адабиёти динии хислати ифротигароёнадошта миёни сокинони кишварҳои ин минтақа доман паҳн намуда, ба бегонашавии ақоиди сокинони он, бахусус ҷавонон замина гузошт. 
Таҳлилҳо нишон доданд, ки давраи авҷи инкишофи бегонапарастиву дигаргун сохтани ақидаи сокинон дар Тоҷикистон бахусус ҷавонон аз дасти гурӯҳҳои муайяне чун Ҳизби наҳзати исломӣ ҳанӯз таи солҳои 90-ум оғоз гардида буд. 
Дар ин самт, Маҳрамбеки Анварзод, коршиноси масъалаҳои диншиносии Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин назар аст: “Тайи солҳои 90-уми асри гузашта замоне, ки дар кишвари мо бесарусомониҳо ба вуқӯъ пайваст ва марзи оҳанини Иттиҳоди Шуравӣ аз байн рафт, воридоти адабиёти динии ифротгароёнаву таблиғкунандаи равияву фаҳмишҳои бегона ба маротиб афзоиш ёфта, ҳамзамон сафи зиёди ҷавонони кишвар ҷиҳати таҳсил ба кишварҳои мусалмонӣ ҷалб гардиданд. Дар натиҷа қисме аз ҷавонони ба таҳсил фарогирифташуда замони бозгашт аз давлатҳои исломӣ бо худ чунин адабиёти динии ифротгароёнаро ба кишвар ворид менамуданд. Ин ҳолат ба солҳои 95-уми қарни гузашта рост меомад. Бо сабаби он, ки дар ин солҳо авзои сиёсии кишвар печида буд, мутаассифона имкони тахшиси хислатҳои ифротгароёнаи адабиёти динии воридмешуда мавҷуд набуд. Бо ҳамин сабаб дар ин самт як қатор мушкилот ба миён омад”.
Бо дарки ин ҳолат ва ҳарчи зудтар ҷилавгирӣ намудани бегонапарастӣ ва ҷой гирифтани ақидаҳои ифротгароёна ба шуури мардум, таи солҳои 2000-ум дар заминаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим аввалин низомномаи тахшиси адабиёти динӣ таҳия гардид ва ин ҳуҷҷат ба қадри зарурӣ ҷиҳати ташхису таҳлили чунин адабиёт заминаи мусоид фароҳам овард. Мутаассифона, то шурӯи ташхиси адабиёти динӣ дар кишвар аз нооромии авзои сиёсии мамлакат гурӯҳҳои манфиатҷӯ сӯиистифода намуда, ба қадри тавони худ мардумро тавонистанд ба бегонапарастиву қабули мазҳабу равияҳои бегона даъват намоянд.
Дар ин росто давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо меҳанпарастиву хештаншиносӣ мардумро сарҷамъ намояд.
Сар карда аз солҳои 2005 мубаллиғони гурӯҳу созмонҳои терористӣ ва таблиғкунандагони ақидаҳои ифротгароёна дар ҷустуҷӯи роҳҳои дигар шуда, таблиғи равияву мазҳабҳои бегона ва ақидаҳои ифротгароёна дигар на ба василаи адабиёт дар шакли қоғаз, балки ба воситаи интернет ва шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ паҳн гардиданд. Чунин ҳолат то ба ҳол идома дошта ин мушкилӣ барои кулли мардуми сайёра мавзӯи ҳалталаб ва доғи рӯз гаштааст.
Яке аз сабабҳои аслии пайравӣ намудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротгароӣ низ ҷой гирифтани ақидаҳои бегона ба шуури эшон аз мутолиаи чунин адабиёт дониста мешавад. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ба як мушкилоте рӯ ба рӯ шудааст, ки дар танҳоӣ як кишвар наметавонад пеши роҳи ин вабои нави замонро гирифта бошад. Танҳо дар як ҳолат метавон аз чунин мушкилӣ ҷилавгирӣ намуд, ки кишварҳои дар фазои сулҳ ва субот қарордошта бояд як низоми дастаҷамъонаеро амалӣ созанд, то пеши роҳи мушкилот гирифта шавад”, - иброз дошт М. Анварзод.
Воқеан ҳам, имрӯз интернет дар баробари он хислатҳои мусбати худ, ба як майдони баровардасозии манфиатҳои ғаразнок аз ҷониби гурӯҳҳои гуногун гашта, таблиғоту ташвиқоти мафкураву ақидаҳои ифротгароёна, даъват ба созмонҳои террористиву ифротгароӣ бевосита дар шабакаҳои интернетӣ баръало мушоҳида мегардад. Ғайр аз ин, имрӯз дар мутолиаи адабиёти динӣ кас дар ҳарос меафтад, ки то кадом андоза навиштаҷоти он дуруст аст ва ё ғалат? Дар чунин сурат таҳлилгарон ба хонанда маслиҳат медиҳанд, ки танҳо ба адабиёте рӯ оваранд, ки он аз ташхиси диншиносии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта, дорои иҷозатнома барои фурӯш дошта бошад. Дар чунин ҳол сокинон метавонанд, ки ақидаи динии худро бо ғизои маънавии дуруст сероб гардонида, аз ақоиди ифротгароёна дар канор бошанд.
Суғдмеҳри Маъруфзод,

рӯзноманигор