Оғози қабули ҳуҷҷатҳои ҳаҷравандагони мавсими “Ҳаҷ 2016”

  • Posted on: 15 June 2016
  • By: admin

Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки шурӯъ аз имрӯз, 4-уми марти соли 2016 қабули ҳуҷҷатҳои ҳаҷравандагон дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оғоз гардид. Қабули ҳуҷҷатҳо то 19-уми март дар шӯъба ва бахшҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар сурат мегирад.