МАНБАИ НУРУ ЗИЁ ВА БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ

  • Posted on: 16 November 2018
  • By: admin

Бо касби истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти расидан ба рушди устувор дар тамоми соҳаҳо, хусусан соҳаи энергетика корҳои назаррасеро ба марҳилаи иҷро даровард. Баъд аз истиқлолияти давлатӣ кишвари мо рушду нумӯ намуд. Дар ин муддат ба арсаҳои болое расид, ки ин боиси ифтихор аст. Ҳамчунин яке аз ин дастовардҳо нерӯгоҳи барқии обии Роғун мебошад, ки барои мардуми кишвар ифтихори бузург аст. Мо дар арсаи кушодашавии НБО Роғун қарор дорем, ки ин як рӯзи таърихӣ ва хотирмон мебошад. Бо кушодашавии ин неругоҳи бузург, Тоҷикистони соҳибистиқлол боз ҳам зеботару равшантар мешавад. Бо оғози фаъолияти “Роғун” шодиву фараҳ боз бедортар мегардад. Ин рӯзи бузурги таърихиро мардуми азизи кишвар интизор буданд ва ин рӯз низ фаро расид.

Бар Роғуни мо нигар, ки ид омадааст,

Аз шаш тарафи Ватан навид омадааст.

Чун миллатро сарвари фархунда накуст,

Ҳамфикри зи иттиход падид омадааст.

Бедор бишуд хуфта зи ҳарфу суханаш,

Сарҷамь ҳама ба иттифоқи ватанаш.

Имрӯз ҳама пиру ҷавон даст ба даст,

Созандаи ноби Роғуни ҳамватан аст.

Роғун ҳамчун иншооти бузурги аср ба дилу дидаи мардуми тоҷик ва ҳатто мардуми берун аз марзу буми кишвари азиз ҷой гашта, нест тоҷике, ки ин сохтмонро дастгиру мададгор нагардида бошад.

Имрӯз миллати тоҷик кохи нуру зиёи тоҷикистониёнро бо қувваи дасти хеш, бозуву ақлу хиради худ, бо маблағи ба арақи ҷабин бадастовардаи хеш бино кардааст.

Ба кор даровардани чархаи аввали неругоҳ мардуми шарифи Тоҷикистонро ба он умедвор хоҳад кард, ки мамлакат дар ҷодаи пешрафт қарор дорад ва ҳама нақшаву ибтикороте, ки барои рушду тараққиёти Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, ҷомаи амал хоҳанд пӯшид. 

 Хулоса, иншооти Роғун хамчун неругоҳи барқӣ -обӣ на танҳо барои миллати тоҷик нуру зиё, балки баракату фаровонӣ, якдигарфаҳмӣ, эҳтироми миллат ва ҳамбастагиро ато фармуд. Худо кунад, ки ин кохи нур барои садсолаҳо бар сари миллати куҳанбунёди тоҷик нурпошӣ кунад.

Бурҳониддин Аминов,

корманди Кумита