ТАЗОҲУРОТ Ё МАКРИ РӮБОҲОНАИ ТЭТ ҲНИ

  • Posted on: 5 December 2018
  • By: admin

Аз расонаҳои хабарӣ ва сомонаҳои интернетӣ хабар паҳн гардидааст, ки боз хоинони миллати тоҷик ба монанди Кабирию дигар пайравони роҳгумзадаашон бо даъвати мардум ба тазаҳуроти бемаъние дар шаҳрҳои Олмон ба қавле боз обро лой карда моҳӣ гиранд. Яъне бо ҳилаву найранг аз хоҷагони хориҷиашон маблағ ба  даст биёранд. Инҳо то ҳанӯз ғофил аз онанд, ки мардуми  тоҷик чӣ дар кишвар ва чӣ дар хориҷ аз ҳилаву найранги Кабирӣ ва пайравонаш хуб огоҳанд ва ҳеҷ вақт ба доми фиреби ин найрангбозон намеафтанд.

Миллати тоҷик аз он давраҳо хуб ёд доранд, ки Кабирӣ ва пайравони гумроҳаш мардуми ноогоҳро ба доми фиреби худ кашонда, бо таҳрифи аҳкоми шариати исломӣ ба онҳо таблиғ мекарданд, ки ба ҳизби онҳо овоз диҳанд.   

Хушбахтона, мардуми зираку дурандеши ин кишвар бар миллати худ огоҳониданд, ки даъвоҳои ин тӯда найрангбозон ҳеҷ асоси диние надорад, зеро дар Қуръони карим ба бунёди ҳеҷ ҳизбе ишора нашудааст.  

Ман дар ҳайратам, чаро мо як бор намеандешем, ки ин Кабирӣ ва пайравони ҳизби шайтониаш аз рӯзи аввали таъсисаш то ин дам барои миллату ватани худ ё барои дини мубини ислом чӣ хизмат кардаанд? Баръак, ҳамеша ин ҳизби ифротӣ дар фикри нооромии ҷомеа ва манфиати худ буд. Ин ҳизб ин буд, ки гурӯҳе аз ҷавонони тоҷикро аз мазҳаби ҳанафӣ дур карда, ба кишвари хоҷагонаш бурда, ба онҳо шиагароӣ таълим дод ва баъзе дигар ҷавонони ин кишварро аз рӯи кинаву кудрати пасти худ ба вартаи нобудӣ ва ғарибӣ кашонид, ки ба ҳамагон маълум аст ва ин амалҳои пасти инсонии онҳо ҳеҷ вақт бахшида намешавад.

Хулоса, мо боварӣ дорем, ки ҷавонони бо нангу номуси миллати тоҷик дигар ба доми фиреби ин ҳилагарон намеафтанд ва ҳеҷ вақт ба онҳо пайравӣ намекунанд. Чунки ҷавонони имрӯз дар партави амну сулҳу субот дарси ватандӯстию истиқлолпарастиро бо ҳувияти баланди миллӣ омӯхтаанд ва дар атрофии сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат зиндагии осуда ба сар бурда истодаанд. 

Маҳмуд Сангалиев,

сармутахассиси Раёсати фатвои Маркази исломии Тоҷикистон