ДАР МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ САҲЛАНГОРӢ НАКУНЕМ

  • Posted on: 27 December 2018
  • By: admin

Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробарӣ натиҷагирӣ аз аз рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ва муайян намудани самтҳои минбаъдаи фаъолияти Ҳукумат, инчунин ба масоили глобалие, ки ба мушкилоти ҷиддии сайёра мубаддал гардидаанд, таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Аз ҷумла, Пешвои миллат бо дарназардошти шиддати бемайлони хатарҳои ҷаҳонӣ  муосир, аз ҷумла зуҳуроти номатлуби экстремизму терроризм ба пешгирии ин раванд, аз ҷумла шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда таъкид намуданд.

Табиист, ки асри 21-ум агар аз як ҷониб бо рушди технологию иноватсионӣ дар ҳаёти аҳли башар нақшгузор бошад, аз ҷониби дигар зоҳир гардидани равандҳои мухталифи сиёсию иҷтимоӣ дар қабои ҷараёни фарогири  “ҷаҳонишавӣ” халқи оламро дар ин қарни пурталотум ба таҳлука андохтааст. Махсусан зуҳуроти харобиовари терроризму экстремизм ҳанӯз дар ибтидои ин қарн дар шаклу қолаби комилан нав дар сиёсатҳои духӯраю гуногунҷанбаи иддеа аз қудратҳои ҷаҳонӣ роҳ ёфт. Мутаассифона, дар ҷаҳони муосир ҳатто аз чунин равандҳои хатарзо иддае аз қудратҳо манфиатҳои худро доранд ва маҳз чунин манфиатхоҳиву бартариҷӯӣ боиси шиддат ёфтани буҳронҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва дар ин замина густариши ифротгароиву терроризм мешавад.

Ин аст, ки Пешвои миллат бо зикри омилҳои дар роҳи густариши экстремизму терроризм мусоидаткунанда, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба ниҳодҳои дахлдор дастур доданд, то муборизаро дар ин самт шиддат бахшанд.

Дар ҳошияи Паёми худ Пешвои миллат бори дигар диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба қазияи Афғонистони ба мо ҳамсоя ҷалб намуда, иброз намуданд, ки ҳоло буҳрони мавҷуда дар Афғонистонро танҳо бо роҳҳои низомӣ наметавон бартараф намуд.  

“Мо кӯшишҳои Ҳукумати Афғонистони дӯст ва ҷомеаи ҷаҳонро ҷиҳати роҳандозӣ намудани раванди музокироти сулҳ дар кишвар, ба эътидол овардани вазъи сиёсиву низомӣ ва таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии он ҳамаҷониба пуштибонӣ мекунем ва бори дигар изҳор медорем, ки қазияи Афғонистон танҳо роҳи ҳалли низомӣ надорад.”

Маълум аст, ки паёмади ҷангу низоъ, мухолифатҳои мусаллаҳона, қатлу куштори одамони бегуноҳ ба башарият танҳо бадбахтиву рӯзи сахт меорад. Аз лиҳоз, бо дарки ин нуктаи басо пурназокат Пешвои миллат таъкид доштанд, ки моро мебояд беш аз пеш зирак бошем, то бори дигар ба доми найранги бегонагон наафтем.

“Мо даҳшати ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузаштаро, ки душманони миллати тоҷик ба сари мо таҳмил карда буданд, ҳаргиз фаромӯш намекунем ва бо итминон изҳор медорем, ки мардуми мо дигар ба доми фиреби душманону бадхоҳони миллат, ки то ҳанӯз аз ҳадафҳои ғаразноки худ даст накашидаанд, гирифтор намешаванд”.

Пас, бо дарназардошти чунин таъкидҳои саривақтӣ ва дилсӯзонаи Пешвои муаззами миллат ҳар як шаҳрванди кишвари моро мебояд, хатари чунин гурӯҳҳоро ҳамчун хатаре барои Ватани худ, модари худ, оилаи худ, зану фарзанди худ, номуси худ бишносад ва ҳаргиз дар мубориза бо чунин раванди хатарзо ба саҳлангорӣ роҳ надиҳад.

Афшини Муқим,

котиби матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон