ҚУВВАТИ ДИЛҲО

  • Posted on: 27 December 2018
  • By: admin

Паёми  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон  ба Маҷлиси  Олии кишварро бо тамоми ҳушу гӯш истимоъ фармуда, ба фардои ободу озоди кишвари азизамон Тоҷикистон  таҳти роҳбарии сарвари дурбину  адолатпарвар- Пешвои миллат итминони комил ҳосил кардам. Фикр мекунам, ки на фақат ба ман, балки ба тамоми мардуми Тоҷикистон Паёми имсолаи раҳбари давлатамон қуввати дилҳо гашт.                                                        

Масоили дар Паём ироагашта  самтҳои асосии гуногуни сиёсати дохилию хориҷӣ ва роҳҳои  таъмини пешрафти иқтисодиёту саноат, энергетика, амнияту мудофиа, фарҳанг, тандурустӣ, илму маъориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳиро  инъикос намуда, барои ҳамаи соҳаҳои марбута вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

Дар асоси таҳлилҳои Роҳбари давлат роҳҳои  пешрафти ояндаи Тоҷикистон, ки ҷавҳари он баланд бардоштани некуаҳволии халқ мебошад, як ба як нишон дода шуд.

Ҳадафи чоруми стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне саноаткунонии босуръати кишвар  зинаи навбатии пешрафти кишварамон ба ҳисоб рафта, ояндаи дурахшон ба ин ҷиҳат вобастагии ҳамаҷониба дорад.

Ҳамасола  боло бурдани маоши кормандони буҷет, нафақа ва стипендияҳо ба андозаи 10-15% , ки раҳбари давлат дар паём таъкид карданд ҳамасола боло рафтани сатҳи зиндагии аҳолиро таъмин менамояд.

Қадрдонии Пешвои миллат нисбати соҳибкорон ва солҳои 2019-2020  тамоми санҷишҳоро манъ кардан ва эълон гардидани 300 рӯзи дастгирии соҳибкорон боиси таъмини шароити бисёр фароҳами фаъолияти ин қишри ҷомеа мебошад, ки ба онҳо илҳоми наве мебахшад.

Эълон шудани солҳои 2019-2021  «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ  ва ҳунарҳои мардумӣ»  пешравӣ ва ободу зебо гаштани  деҳаҳои Тоҷикистонро  таъмин намуда, шароити зиндагии мардуми онҳоро боло мебарад.

Нуктаи муҳимме, ки Пешвои миллат дар Паёми худ таъкид карданд,  ғамхории самимӣ ва падаронаи эшон нисбати ятимон мебошад. Ҳар моҳ аз буҷети давлат 12 миллион сомонӣ барои онҳо пардохта мешавад.

Хулоса, Паёми имсола давоми мантиқии сиёсати хирадмандонаи раҳбари кишварамонро , ки тамоми ҳастии хешро барои халқу миллат фидо намудаанд, инъикос менамояд ва моро мебояд дар баробари шукри беандоза таҳти раҳбарии Пешвои муаззами миллат, барои пиёда сохтани ин вазифаҳо бояд ҷонфидоёна  кӯшиш ва ҳаракат намоем.

Ибодулло Калонзода,

имомхатиби масҷиди ҷомеи “Нури ислом”-и ш. Хуҷанд.