ПАЁМЕ, КИ ФАРАҲ ОРАД БА ДИЛҲО...

  • Posted on: 28 December 2018
  • By: admin

Паёми њарсолаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маќоми олии ќонунбарори кишвар, яъне Маљлиси Олии Љумњурии Тољикистон  натанҳо барои масъулон ва кормандони ниҳодҳои давлатӣ, балки барои тамоми мардуми сарбаланди сарзамини офтобиямон муждаи неку фараҳбахш мебошад. Аз ин рӯ, ҳар фарди соҳибватану соҳибандеша бо умед рӯзи Паёмро интизорӣ мекашад, то таҳлили раванди иҷрои вазифаҳои қаблан тарҳрезишуда ва барномаи роҳнамо барои соли оянда ва солњои баъдиро аз забони Пешвои хирадманди миллат бишнавад.  

Дар охири соли 2018- соли воқеан ҳам барои мардуми тоҷик  ва давлати соҳибистиқлоламон аз ҳар ҷиҳат таърихӣ, соли пирӯзиҳо ва дастовардҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иҷлосияи якҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ” нишоту фараҳмандӣ ва умеду бовари хурду бузурги сарзаминамонро дучанду садчанд кард.

Зеро дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешрафтҳои назарраси иқтисодию иҷтимоӣ ва боло рафтани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳарчи бештар ҷилвагар гардид.

Аз ҷумла,  Пешвои миллат дар оғози Паёми пурмуҳтавои хеш таъкид карданд, ки ба кор андохтани агрегати якуми  нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”,  яъне иншооти тақдирсози аср ва ояндаи дурахшони  Тоҷикистон, ки ба шарофати он орзуи чандинсолаи мардуми шарифу заҳматқарини тоҷик амалӣ гардид, ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузург дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ – истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад.

Сарвари давлат бо ишора ба пешрафтҳои рӯзафзуни Ватани маҳбуб иброз доштанд, ки дар натиҷаи амалӣ намудани вазифаҳои дар Паёми соли гузашта баёншуда соли 2018 рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи 7,3 фоиз ҷамъбаст гардида, таваррум дар сатҳи 5,4 фоиз нигоҳ дошта шуд.

Ҳамчунин дар соли сипаришаванда  рушди  бахшҳои мухталифи иқтисодӣ, бахусус, бахшҳои истеҳсолӣ таъмин гардида, зиёда аз 150 ҳазор ҷойҳои кории нав таъсис дода шуданд ва дар се соли охир шумораи шахсоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, 25 дарсад коҳиш ёфт ва даромади пулии аҳолӣ 11 фоиз зиёд шуд.

Таъкид шуд, ки аз Паёми пешина то ин дам дар ҳама бахшҳои соҳаҳои хоҷагии халқ корҳои шоёне ба анҷом расонида шуда, рушди босуботи ҳамаи бахшҳои ҳаёти кишвар таъмин гардидааст.

Сарвари давлат  дар Паём кулли мардуми кишварро ба ободониву созандагӣ даъват намуда, бори дигар хотирнишон карданд, ки  

“Мо ҳар амали некеро, ки ба шукронаи истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ анҷом медиҳем, барои худамон, фарзандонамон, наслҳои ояндаамон, Ватани азизу маҳбубамон–Тоҷикистон мекунем, зеро ин Ватан ва ин давлат аз худи мост ва онро ба ҷойи мову шумо каси дигар обод намекунад”.

Ба ҳамагон маълум аст, ки Пешвои миллат аз рӯзҳои нахусти соҳибистиқлолӣ  ба рушди илму маориф ҳамчун заминаи асосии пешрафти кишвар  ва таъмини ояндаи дурахшони кишвар диққати ҷиддӣ медиҳанд.  Имсол низ як бахши Паём махсус ба ҳамин соҳа нигаронида шуда буд.   

Пешвои миллат таъкид карданд, ки Ҳукумати  мамлакат  пеш аз ҳама ба инкшофи зинаи таҳсилоти томактабӣ  диққати  ҷиддӣ зоҳир мекунад ва бо ин ҳадаф дар доираи барномаҳои давлатӣ ва бо иштироки аҳоли дар се соли оянда беш аз 1050 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ бунёд карда мешаванд, ки қисмати зиёди онҳо дар деҳот пешбинӣ гардидааст. 

Бояд гуфт, ки ин Паём чун Паёмҳои қаблии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳар як сокини кишварамонро ба он умедвор менамояд, ки кишвари мо  новобаста аз вазъи мураккаби сиёсию иқтисодии ҷаҳони муосир таваҷҷуҳи худро ба беҳбуд бахшидани зиндагии мардум сол ба сол зиёдтар намуда, кафолати ҳаёти осоишта ва сулҳу амниятро таҳким  мебахшад.

Аммо набояд фаромӯш кард, ки ин ҳама дастовардҳо маҳз ба туфайли амнияти комил ва ваҳдати сартосарии Тоҷикистони азиз ба даст омадаанд. Оре, маҳз таъмини сулҳу оромӣ ва дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумат ва Сарвари хирадманди давлат аст, ки мардум дар фазои осудаю офияти иҷтимоӣ зиндагӣ карда, ормонҳои хешро амалӣ мегардонанд. Ба қадри оромию офият расидан камоли хирадмандиву хушбахтӣ мебошад ва мояи асосии ҳама гуна рушду пешрафт.

Эътимоди комил дорем, ки мардуми сарабаланди тоҷик дар соли оянда низ барои таҳкими Ваҳдати миллӣ саъю талош карда,  тамоми кӯшишу ғайрати худро ба харҷ медиҳанд, то бо дилгармӣ вазифаҳои дар Паёми имсола муайянгардидаро бо ҳисси баланди ватандӯстиву ватанхоҳӣ иҷро намоянд ва дар пешрафти Тоҷикистони азизу маҳбубамон саҳм гузоранд.    

Муҳаммадрасул Муродалӣ,

сармутахассиси Кумита