ИСЛОМ СУИИСТИФОДА МЕШАВАД!

  • Posted on: 25 January 2019
  • By: admin

Ваыте ки саьифаьои тарихи оғози соҳибистиқлолии ватанро варақ мезанам, баъзан афсӯсу надомат домангирам мекунад. Афсӯс аз он мехӯрам, ки давлат ва жомеаи мадании ваыт натавонист пеши роьи гурӯььои ба ном исломӣ, хурофоту таассуби мазьабиро бигирад ва кишварро аз вартаи жанги бародарк=ши нажот диҳад.

Чаро дидаву дониста, саркардагони наьзати мардумро ба коми марг кашиданд? Чаро мусибатро дар баробари хушбахтӣ интихоб намуданд? Чаро аз воыеият гурехтанд (ва имр=з ьам мегурезанд)? Чаро мардумро гур=ь - гур=ь ба майдоньо кашиданд (ва имр=зьо низ дар давлатьои Аврупо майдоньо оростаниянд)? Ва ьазор чарои дигар… Аз с=и дигар ин «чаро»-ьо посух талаб мекунанд, на посухьои оддӣ, сарсарӣ ва хом, балки посухьои жиддӣ, санжидашуда. Ьаыиыатан худьоьию бепарвогариьои наьзатц жанги шаьрвандиро тавлид ва кишвари тозаистиқлоламонро аз масири рушду тараықӣ боздошт. Махсусан, пешдовариьои наьзатӣ дар хусуси хоьиши мардум барои сохтани давлати динӣ дар баробари давлати дунявц, ки иштибоьӣ буданд, боиси мазьабзадагӣ дар жомеа гардид.

Бадбахтӣ ин аст, ки роьбарияти нави наьзат, ки дар хориж аз кишвар фирорӣ аст, то имр=з жоьталабӣ мекунад. Дар Аврупо ьангомафурӯшӣ мекунад. Роьбарият ва боыимандаьои наьзат дар ьориж аз кишвар бо либоси нав ва бо назари куьна ба таныиди щараздор ба давлату Модар - Ватан туьматьои нав ба нав мезананд. Аммо ҳоло ҳама ба ин ҳақиати таърих расидаанд, ки агар ТТЭ ЬНИ намебуд, на жанг буду на кашмакашӣ, на щам буду на мусибат, на зулм буду залолат, на фиреб буду найранг, на ищво буду парво хулас, на ноамнӣ буду на бесуботц.  

Мо хуб дар хотир дорем, ки солҳои навадум дар майдони «Шаҳидон» кадом шиорҳо буд ва кадом ояту ҳадис бо тафсиру таъвилҳои ҳайратовар ба мардум расонида мешуд. «Озодӣ», «истеъфо», «аз хоби гарон хез» - дар якҷоягӣ бо аҳкоми динӣ пешкаши одамон мешуд, ки дар натиҷа тоҷик 150 ҳазор фарзанди худро аз даст дод. Кадом гурӯҳ ё ҳизби исломӣ мувофиқи фармудаи шариат, сирф барои ризогии Худо беморхона, мактаб ё ақаллан масҷиде бино кардааст? Мутаассифона мо бештар аз онҳо иғвогарӣ ва тафриқаандозиро мушоҳида мекунем.

Ислом динест, ки мардумро ба сӯи иттифоқу ваҳдат даъват намуда, одамонро аз ихтилофу тафриқа, ифрот, тафрит ва иғвогарӣ бозмедорад. Бигзор мардум огоҳ бошанд, он корҳое, ки аз ҷониби ТЭТ ҲНИ, инчунин дар Ироқу Сурия, Либияву Яман ва дигар минтақаҳо аз номи ислом анҷом дода мешаванд, ба ислом заррае ҳам робита надоранд. Он суханҳое, ки аз ҷониби бадхоҳон нисбати вазъи дин дар Тоҷикистон садо медиҳанд, кӯшиши навине баҳри эҷоди тафриқа дар ватани азизамон аст. Душманони дину давлат ҳаёти осоиштаи мардуми тоҷикро дида наметавонанд, бинобар ин бо ҳар роҳу восита мехоҳанд дар байни мо иғво ангезанд. Моро ҳам фарзу ҳам суннат аст, ки ёру дӯстон, хешу ақрабо, тамоми ҳамватанонро аз макру ҳила ва найрангбозии гурӯҳҳои террористӣ, ҳизбу ҳарактҳои ба ном исломӣ, баъзе “эшону муллоҳо”-и дурӯя ва хоинони миллат огоҳ созем. Бигзор ҳамагон бидонанд, ки дини ислом василае байни Худову бандааш мебошад, на равише баҳри вайронии ҷомеа ва ба даст овардани дунёи фонӣ. Агар мо тавонем, ки ҳақиқатро ба ҳамагон расонем, ҷавонони тоҷик дигар ба Ироқу Сурия намераванд, занони ҷангиёни кушташуда мавриди истифодаи дигар террористон қарор намегиранд, фарзандони онҳо зери танку тӯп намемонанд. Дигар касе наметавонад мардуми моро бо шиорҳои динӣ фирефта, дар ҷомеаи навини тоҷикон тафриқа эҷод намояд. Сулҳи тоҷикон ба арзонӣ ба даст наомадааст, аз ин рӯ мо тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳем то ин сулҳ ҷовидон пойдор бошад!

Б. Исмоилов,

сархатиби н. Спитамен