Нахустин гурӯҳи кории мавсими "Ҳаҷ-2016" ба Макка ва Мадина расиданд

17-уми августи соли равон як гурӯҳи 14-нафараи корӣ бо роҳбарии сардори шуъбаи равобити байнавлмилалӣ ва ташкили ҳаҷи Кумита Абдуғаффор Юсуфов озими Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара шуданд. Ҳадафи сафари гурӯҳи мазкур, ки кормандони масъули Кумита, табибон, ошпазон ва чанде роҳбаладон ба он шомиланд, иҷрои корҳои омодагӣ вобаста ба истиқбол ва ҷобаҷогузории ҳоҷиёни Тоҷикистон мебошад. 
Айни замон меҳмонхонаҳои шаҳрҳои Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара барои қабули ҳоҷиён омода гардидаанд ва дар назар аст, ки шуруъ аз 21-уми август гурӯҳҳои нахустини ҳоҷиёни Тоҷикистон аз самтҳои Душанбе ва Хуҷанд ба Мадинаи мунаввара сафарбар гарданд. 
24-уми август бошад, сафарбарнамоии ҳоҷиёни Тоҷикистон ба Маккаи мукаррама оғоз меёбад.