Аввалин гурӯҳи ҳоҷиёни Тоҷикистон ба Мадинаи мунаввара расиданд

  • Posted on: 21 August 2016
  • By: admin

Имрӯз 21-уми август нахустин гурӯҳи ҳоҷиёни тоҷик ба Мадинаи мунаввара расиданд. Дар фурӯдгоҳи шарҳи Мадина ҳоҷиёни Тоҷикистонро сардори шӯъбаи равобити байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷи Кумита Абдуғаффор Юсуфов, аъзои гурӯҳи корӣ ва намояндагони ширкати хизматрасони кишвари Арабистони Саудӣ истиқбол намуданд. Ҳоҷиёни тоҷик дар меҳмонхонаҳои атрофи ҳарам, ки то Масҷиди набавӣ ҳамагӣ то сад метр масофа доранд, ҷойгир карда шуданд. Дар назар аст, ки фардо 22-юми август ин гурӯҳи ҳоҷиёни мо аз мавзеъҳои таърихии Мадинаи мунаввара, аз ҷумла масҷиди “қубо”, масҷиди “қиблатайн”, кӯҳи Уҳуд ва амсоли он дидан намоянд. 
Баъди чанд рӯзи будубош дар Мадинаи мунаввара ҳоҷиён ба Маккаи мукаррама сафарбар мешаванд.