Гузориши тасвирӣ аз сафари аввалини ҳоҷиёни тоҷик

Имрӯз 21-уми август нахустин гурӯҳи ҳоҷиёни тоҷик ба Мадинаи мунаввара расиданд. Дар фурӯдгоҳи шарҳи Мадина ҳоҷиёни Тоҷикистонро сардори шӯъбаи равобити байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷи Кумита Абдуғаффор Юсуфов, аъзои гурӯҳи корӣ ва намояндагони ширкати хизматрасони кишвари Арабистони Саудӣ истиқбол намуданд. Ҳоҷиёни тоҷик дар меҳмонхонаҳои атрофи ҳарам, ки то Масҷиди набавӣ ҳамагӣ то сад метр масофа доранд, ҷойгир карда шуданд.