Истиқболи ҳоҷиёни Тоҷикистон бо тақдими шириниҳо дар Маккаи мукаррама

  • Posted on: 25 August 2016
  • By: admin

Имрӯз, 24-уми августи соли 2016 ҳайати гурӯҳи кории мавсими “Ҳаҷ-2016” нахустин гурӯҳи зоирони тоҷикро, ки аз тариқи шаҳри Ҷидда ба Маккаи мукаррама сафар менамоянд, истиқбол намуд. Баъди ба шаҳри Маккаи мукаррама расидан ҳоҷиёни тоҷикро дар назди меҳмонхонаҳо намояндагони Вазорати ҳаҷи Арабистони Саудӣ ва ширкати хизматрасон самимона бо тақдими шириниҳо ва наътхонӣ пешвоз гирифтанд.  
Ҳоҷиёни тоҷик дар навбати худ бо хушнудӣ аз ин тадбири масарратбахш миннатдории худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми танзимкунандани сафари зоирон ба сарзамини муқаддас баён дошта, таъкид доштнд, ки маҳз дар натиҷаи истиқрори сулҳ ва тинҷиву осудагии Ватан ба онҳо муяссар гардидааст, то ба орзуи деринаи худ – зиёрати Хонаи Худо бирасанд.