Ҳамаи ҳоҷиёни вилояти Суғд ба Маккаи мукаррама расиданд

29-уми август охирин гурӯҳи ҳоҷиён аз вилояти Суғд ба Маккаи мукаррама расиданд. Ин гурӯҳи зоиронро дар фурӯдгоҳи шаҳри Хуҷанд муовини Раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррухулло Олимов ва масъулони шуъбаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд гусел намуданд. Бояд гуфт, ки аввалин гурӯҳи ҳоҷиён аз вилояти Суғд 21-уми август аз тариқи ширкати ватании Тоҷик-эйр ба Мадинаи мунаввара сафар намуда буданд. Ҳоло ҳамаи ҳоҷиёне, ки дар Мадина қарор доштанд, ба Маккаи мукаррама сафарбар шудаанд, ва онҳо барои адои маносики ҳаҷ омодагӣ мегиранд. 
Сафари ҳоҷиёни Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ то 5-уми сентябр идома хоҳад кард. Фардо, 31-уми август ширкати арабии “Флай-нас” нахустин парвози худро аз самти Душанбе ба Ҷидда анҷом хоҳад дод.