Вазъи сиҳатии ҳоҷиёни тоҷик хуб аст

  • Posted on: 6 September 2016
  • By: redactor

Сардухтури мавсими Ҳаҷ-2016 Асад Нуров мегӯяд, ҳамарӯза ҳудуди 100-150 нафар ҳоҷиён ба нуқтаҳои тиббии мавсимӣ муроҷиат мекунанд. Ӯ мегӯяд, ҳоҷиён бештар аз бемориҳои фишорбаландӣ, дарди гулӯ, зуком ва амсоли он шикоят доранд. Сардухтур мегӯяд, аз сабаби истеъмоли зиёди оби хунук дар дохил ва хориҷ аз ҳарам зоирон бештар ба дарди гулӯ ва маҳкамшавии гулӯ гирифтор мешаванд, ки вобаста ба ин гурӯҳи табибони мавсим корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда истодаанд. 
Мавриди зикр аст, ки имсол ҳудуди бист табиб бо тавсияи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мавсими Ҳаҷ-2016 ба хизмати ҳоҷиён сафарбар гардидаанд. Дар меҳмонхонаҳо 6 нуқтаи тиббӣ ба таври шабонарӯзӣ фаъоляит менамонд ва ҳоҷиён низ аз кори гурӯҳи табибон қаноатманданд. 
Дар маҷмӯъ, то имрӯз ҳудуди 60 дарсади ҳоҷиёни Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ расидаанд ва вазъи сиҳатии онҳо хуб аст.