Муфтии мавсими Ҳаҷ-2016 – талошҳо барои ибодатҳои бехалали ҳоҷиён

  • Posted on: 8 September 2016
  • By: admin

Макка, 06-09-2016. – Муфтии мавсими Ҳаҷ-2016 Ҷамолиддин Хомӯшов мегӯяд, ҳамарӯза ҳоҷиёни тоҷик бо суолҳои шариатии зиёд вобаста ба маносики ҳаҷ ба бахши муфтии мавсим муроҷиат менамоянд. Хомӯшов мегӯяд, имрӯз, 6-уми сентябр бо 1600 нафар ҳоҷиёни шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва ноҳияи Рӯдакӣ доир ба маносики ҳаҷ мулоқот намудем. “Аввалан, вобаста ба ҳаҷ маълумоти пурра додем. Суолҳо низ буданд. Танҳо имрӯз ҳоҷиён бо ҳудуди сад суол муроҷиат намуданд”. 
Хомӯшов илова кард, ки бахши муфтии мавсими ҳама талошҳои худро ба харҷ хоҳад дод, то ҳоҷиён бидуни иштибҳоти шаръӣ маносики умра ва ҳаҷро ба анҷом расонанд. 
Гуфта шуд, ҳамарӯза чунин мулоқотҳо бо гурӯҳҳои дигар ҳоҷиёни тоҷик низ гузаронида мешавад.